Давлати Сомониён (874-999)

Оли Сомон, Давлати Сомониён, ё худ Сомониён гуфта сулолаи ҳукмрони асрҳои IX-X Осиёи Марказӣ-аввалин давлати муттамаркази феодалии тоҷиконро мегӯянд. Баро-мади Сомониёнро таърихчиён балхӣ, чаонӣ, самарқандӣ ва ҳатто истаравшанӣ ҳам гуфтаанд. Вале бештари ман-баъҳо ин хонадонро аз деҳаи Сомони Балх хондаанд. Асосгузори ин сулола ҳоким (худот) Сомон буда, аз сокинони атрофи Балх аввалин шуда дини исломро пазируфт. Волии Хуросон — араб Асад ибни Абдуллоҳи Қурайш (725 — 727, 735 — 738) бо Сомонхудот дӯстӣ барқарор карда, ин дӯстӣ Сомонхудотро ба ислом овард. Асад пуштибони Сомонхудот шуд ва Сомон писари худро ба хотири ин дӯстӣ низ Асад ном гузошт. Асад ҳам ба хидмати Хилофат камар баст ва исломро аз дасти халифа Маъмун дар Марв қабул кард. Писарони Асад дар пахш намудани исёнҳои зиддиарабии ибтидои асри IX, аз ҷумла исёни Рофеъ ибни Лайс (806 — 813) ва муборизаи Маъмун бо бародараш Амин дар солҳои (810 — 813) фаъолона иштирок доштанд. Ин дастгирӣ буд, ки Маъмун (813-833) баъди ба Хилофат нишастанаш писарони Асадро ба волигии мулкҳои Мовароуннаҳру Ҳирот тавсия мена-мояд. Нӯҳ- ҳокими Самарқанд, Аҳмад-ҳокими Фарона, Яҳьё-ҳокими Чочу Истаравшан ва Илёс-ҳокими Ҳирот таъин шуданд. Ин бародарон то соли 864 асосан дар  хидмати Тоҳириён буданд. Агар Нӯҳ, Аҳмад ва Яҳьё  то андозае ниммустақил бошанд, Ильёс тамоман тобеъи Тоҳириён буд. Вале аз  ибтидо хонаводаи Сомониён баҳри ягонагию истиқлолият кӯшиш мекарданд. Ин мақсадро пеш аз ҳама Нӯҳ (819 — 841) дар назди худ гузошта буд. Аҳмад Насрро вориси худ таъин карда, Чоч, Истаравшан ва мулкҳои алоҳидаи Фаронаю Судро ба писараш Яъқуб, Яҳьё, Асад, Исҳоқ, Ҳамид, Исмоил, Абулашъос ва ҷиянҳояш (фарзандони бародаронаш Илёс, Яҳьё ва Нӯҳ) тақсим мекунад. Ин буд, ки баъзеи онҳо даъвои мустақилиятро пеш гирифтанд ва Наср ҳам сиёсати ба онҳо созишкориро пеш гирифт. Ҳатто ба баъзеҳо иҷозат дод, ки аз номи худ сикка бароранд, ба дигарҳо иҷозат дод, ки пардохтани андозро ба салоҳдиди худ бинанд. Вале ба ҳеҷ кадом иҷозати фаъолияти мустақилонаи сиёсиро надод. Аз ин ҷост, ки кӯшишҳои аз ин сиёсат рӯ тофтани бародарону амакзодаҳояшро бо зару зӯрӣ ва зорӣ пешгирӣ мекард. Наср ҳам то андозае ҳокими сиёсатмадор ва мутаҳидгаре баромад намудааст. Сомониён маҳз дар давраи Наср (864 — 892) сиёсати мустахкам намудани сарҳад ва ҳимояи онро аз ҳуҷуми кӯчиҳо ба дараҷаи фаъолияти ҳукуматӣ бар-доштанд. Ӯ ба Шавгар (яке аз мулкҳои Исфиҷоб) лашкар кашида, онро ҳамроҳ ва кӯчиҳоро ба биёбон танг кард. Дар ҳоле, ки ҳокимони Тоҳирии Хоразму Бухоро ба ҷангҳои дохилӣ банд буданду кӯчиҳо бе мамоният ҳудуди ин вилоятҳоро тороҷ мекарданд. Наср, баръакс, тавонист, ки аҳолии шимоли қаламрави  худро аз тороҷу орат эмин  гардонад. Маҳз ҳамин буд, ки обрӯ ва мавқеи сиёсӣ ва иқтисодии Оли Сомон хело афзуд. Бисьёр ноҳияҳои шимол ихтиёрӣ ба зери қаламрави Сомониён даромаданро пеш гирифтанд. Аз чумла, соли 874 аҳли Бухоро аз Наср илтиҷо карданд, ки мулки Бухороро ба зери итоати худ гирад. Соли 875 бошад, халифа Мӯътамид ба унвони Наср маншури идораи тамоми Мовароуннаҳрро фиристод. Яъне, Наср ҳам дар муттамарказ намудани сиёсати Оли Сомон яке аз шахсиятҳои бузург ба шумор мерафт. Вале ин сиёсат маҳз дар давраи фаъолияти бародари Наср — Исмоил анҷом ёфт.

б) Оли Сомон дар давраи Исмоили Сомонӣ(874-907).

Исмоил ибн Аҳмад, ибни Асад, бини   Сомон баҳори соли 849 дар Асхикати Фарона ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ ба бисьёр воқеаҳои сиёсӣ ва маданӣ рост омад. Ба Исмоил амакҳояш Нӯҳу Илёс ва чанд тани дигари сиёсию мазҳабӣ, аз ҷумла араб Нувайс ибни Гилон, тоҷикон Фаррухи Каҳ-ҳақӣ, Манучеҳри Саёҳ (рӯҳониёни ислому зардуштӣ) Исҳоқи Румӣ (файласуф) парасторӣ кардаанд. Исмоил то вафоти падараш дар илмҳои ҳарб (корду гурззанӣ, тирпарронӣ), илоҳиёт ва сиёсатмадорӣ таълим гирифта буд. Исмоил бо тақозои тақдиру замон ба Балху Бадахшон, ҳатто Рашту Самарқанд сафарҳо карда, ҳатто аз авзои ин мулкҳо бохабар буд. Ӯ дар бораи зиндагии шахсиятҳои бузург паёмбарон, халифаҳо, номбардорони кишвар маълумотҳо гирифта буд. Яъне, вай аз хурдӣ ҳамчун  шахсияти  сиёсӣ ва фарҳангӣ тарбият меёфт. Дар тарбияи ӯ бародараш Наср ҳам то соли 864 саҳмгузор буд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, Наср Исмоилро хуб медонист. Ин аст, ки аз соли 875  муносибати Насру Исмоил то соли 892 хеле тезу тунд мегардад. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар бораи мероси Исмоил идораи Истаравшанро ном мебаранд. Вале гумон меравад, ки Исмоил инчунин вориси Наср дар Самарқанд бошад. Соли 874 оози фаъолияти сиёсатмадорӣ ва фаъолияти ҳукуматдории Исмоил аст. Сабабгори ин, воқеаи соли 873 забт шудани Бухоро аз тарафи Ҳусайн ибни Тоҳир ат-Таӣ гардид. Ҳусайн шаҳрро забт ва тороҷ кард. Ин сабаби ошӯби халқии  зидди Ҳусейн гардид. Шӯришгарон Ҳусейнро аз Бухоро ронданд ва ба пешниҳоди амалдорони шаҳр аз Насри Сомонӣ илтимос карданд, ки Бухороро зери назорати худ гирад. Баъди ин воқеа ва сабабҳои маълуми дигаре соли 874 Наср бародараш Исмоилро бо қӯшуни зиёде ба Бухоро фиристод. Бухориён дар ибтидо Исмоилро қабул накарданд. Аз ин Исмоил ҳам рӯҳафтода нашуд. Ӯ пеш аз ҳама бо дархости табақаҳои гуногун ошно шуд. Ҳама кафолати осоиштагию оромиро мехостанд. Ин кафолатро танҳо ба туфайли дастгирии бевоситаи аҳолӣ таъмин кардан мумкин буд. Исмоил ба аҳолӣ муроҷиат карда, аз ҳисоби онҳо ихтиёриёни бунёдгари истеҳкомҳо ва аз ҳуҷуми кӯчманчиҳо ҳимоя кардани Бухороро ба миён гузошт. Дар муддати хеле кӯтоҳ оромию осудагии мардумро таъмин намуда, ба сохтмони девори шаҳр пардохт. Ба бошишгоҳҳои кӯчиҳо ҳуҷум оварда, асирони зиёде гирифта, дар сохтмони истеҳкомҳои атрофи Бухоро — Кампирдевор истифода бурд. Вай худро ҳамчун ҳимоятгари Бухоро нишон дода тавонист: «Манам девори Бухоро». Ин суханони Исмоил ҳамчун шиор истифода мешуданд. Аҳли Бухоро ва атрофи он Исмоилро ҳамчун ҳокими худ қабул кард. Вале муносибати Исмоил бо бародараш Наср хеле бад шуд. Сабаби ин бадшавӣ рақибони нотавону камбини дарбори Наср дар Самарқанд ва ҳатто дар Хилофати Бадод буданд. Соли  892  Наср вафот кард ва Исмоил ҳамчун вориси асосӣ соҳиби Самарқанду Бухоро гардид. Вале ба Самарқанд наомад. Бухоро дар асл пойтахти Сомониён гардид. Исмоил маншури идора кардани мулкҳои Оли Сомонро аз соли 893 аз Муътамид — халифаи Бадод нагирифта худро ҳам амири Бухоро ва ҳам амири умарои Сомониён меномад. Ӯдар маншур ҳамчун ҳокими Мовароуннаҳр номбар шуда буд. Вале бо мақсади мустаҳкам кардани ҳокимият ва сарҳади шимолиаш дар соли 893 бар зидди қарлуқҳо лашкар кашида, Тирозро ишол намуд, ба истиқлолияти Истаравшан хотима дод.Исмоил аз додани хироҷ ба Хилофат даст кашид, ки ин сабаби бар зидди ӯ бархостани Амрӯ гардид. Соли 898 халифа Мӯътамид дар ҳозири ҳоҷиёни Мовароуннаҳру Хуросон ва Фарона Исмоилро бидъат ва фаъолияти ӯро зидди  қӯшунҳои Хилофату ислом эълон кард. Ва фатво дод, ки Исмоил ҳуқуқи идора кардани Мовароуннаҳрро надорад ва ҳар касе ӯро аз тахт афтонад, кори хайр мекунад. Ба Амрӯи саффорӣ барои алаба аз болои Исмоил фотеҳа дода ӯро ба ҷанг ҳидоят кард. Соли 898 дар Ҳирот ва соли 900 дар Балх Амрӯ аз Исмоил шикаст хӯрд. Исмоил Амрӯро асир кард. Вале ҷавонмардӣ нишон дода, ӯро ба Бадод фиристод. Ин нишонаи он буд, ки Исмоил дигар ба Бадод итоат намекунад. Баъди кори Амрӯ Исмоил тамоми қаламрави Саффориёнро ба Бухоро ҳамроҳ намуд. Исмоили Сомонӣ дар байни солҳои 900 — 907 Исфиҷоб, Фарона, Хоразм, Бадахшон, азна ва Қандаҳорро ҳам ба аморати Бухоро ҳамроҳ кард. Давраи ҳукмронии Аҳмад ибни Исмоил аз соли 907 то соли 914 аст. Исмоил, ки худ марди низомӣ буд, писараш Аҳмадро ба тарбияи ҳарбиёни турк медиҳад. ӯ соли 914 ба фоидаи  писари 8 солааш Насри I истеъфо дод. Пеш аз истеъфои Аҳмад масъалаи сарпарастии Насри I  ҳам муҳокима шуда буд. Бо таклифи дарбор  идора кардани давлат  то ба синни балоат расидани амир, аввал ба ӯҳдаи вазири бузург ва сарҳоҷиб Абуабдуллоҳ Муҳаммади Ҷайҳонӣ ва баъд ба ӯҳдаи Абулфазли Балъамӣ гузошта шуд. Ҷиҳати дигари характерноки замони  салтанати Насри I авҷи баланди биносозӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Бухоро Самарқанд, Балх, Ҳирот, Марв ва дигар шаҳрҳо сохтмони биноҳои маъмурӣ ва динӣ, ба мисли масҷиду мадраса, ҳавзҳо, корвонсаройҳо авҷ гирифтанд. Мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Алоқаҳои савдоӣ ва байналхалқии Сомониён бо ҳамсоягони дуру наздик авҷ гирифт. Бо туфайли вазирии Абӯабдуллоҳи Балъамӣ илму ҳунар, адабиёт ва санъат дастгирӣ ёфта ба пешравиҳо ноил гардид. Соли 943 Насри I ба фоидаи писараш Нӯҳи I (943 — 954) истеъфо медиҳад. Ҷиҳати дигари характерноки замони  салтанати Насри I авҷи баланди биносозӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Бухоро Самарқанд, Балх, Ҳирот, Марв ва дигар шаҳрҳо сохтмони биноҳои маъмурӣ ва динӣ, ба мисли масҷиду мадраса, ҳавзҳо, корвонсаройҳо авҷ гирифтанд. Мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шуд. Алоқаҳои савдоӣ ва байналхалқии Сомониён бо ҳамсоягони дуру наздик авҷ гирифт. Бо туфайли вазирии Абӯабдуллоҳи Балъамӣ илму ҳунар, адабиёт ва санъат дастгирӣ ёфта ба пешравиҳо ноил гардид. Соли 943 Насри I ба фоидаи писараш Нӯҳи I (943 — 954) истеъфо медиҳад. . Соли 954 Нӯҳ аз олам даргузашт. Ба сари ҳокимият Абдумалик ибни Нӯҳ (954 — 961) омад. Сабаби асосии ба тахт нишастани Абдумалик гвардияи туркии Сомониён буд. Мансур ибни Нӯҳ (солҳои амораташ 961 — 976) соли 961 баъди исёни Бухоро ба сари ҳокимият омада, дар муддати кӯтоҳ ба кашмакашиҳои дарборӣ ва муқобилияти байниҳамдигарии Оли Сомон хотима дод. Мансур соли 976 ба фоидаи писараш Нӯҳи II (976 — 997) истеъфо дод. Соли 992 Бурохони Қарахонӣ аз Фарона ба Бухоро лашкар кашид. Тош, Абӯалии Симҷурӣ ва Фоиқ ба Нӯҳ ёрӣ надоданд. Қарохониён бе ҳеҷ як мамониат Бухороро забт карданд. Нӯҳ бошад ба Омул гурехт. Вале марги ногаҳони Бурохон вазъиятро тайир дод. Туркҳо аз руи одати худ (дар куҷое, ки сарлашкар ё шоҳашон вафот ё кушта мешуд, он ҷойро фавран тарк мекарданд. . 23 октябри соли 999 Насри Қарахонӣ Бухороро ишол карда, оилаи шоҳро маҳбус гардонида, ба Узганд бурд. Абдумалики II дар ҳабси Узганд вафот кард. Вале бародараш Абӯиброҳим Исмоил бо ёрии хизматгораш аз ҳабс гурехта, қӯшуни парешгаштаи Сомониёнро ҷамъ оварда, дар соли 1000 бо ёрии Арслон Балху Бухороро озод намуда, роҳи Самарқандро пеш гирифт.

Тартиботи аморати амирони Сомонӣ:

  1. Исмоил 874 — 907
  2. Аҳмад 907 — 914
  3. Наср 914 — 943
  4. Нӯҳи I 943 — 954
  5. Абдумалики I 954 — 960
  6. Насри III ҳамагӣ як рӯз
  7. Мансур I 960 — 976
  8. Нӯҳ II 976 — 997
  9. Мансури II 997 — 999
  10. Абдумалики II 999

 

                 Вазирони  Сомонӣ.

Абулфазли Балъамӣ — вазири Исмоил, Аҳмад,  Наср қатл шуд.

Абулҷаъфари- ал — Атабӣ — вазири  Нӯҳу I, Абдумалики I, Мансури  I.

Абӯалии Балъамӣ — вазири Мансур қатл шуд.

Абулҳасани Утбӣ — вазири Нӯҳи II  қатл шуд.

Абулҳасани  Мураббӣ — вазири  Нӯҳи  II

Абдулло бини Азиз — вазири Нӯҳи II ва Мансури II

Абунаср бинни Абузайд — вазири Мансури II.

Абулмузаффар бини Иброҳим — вазири Абдумалики II

Абулфазл бини Муҳаммад ал — Марвазӣ ал — Суламӣ  соли 996 қатл шуд. Пеш аз вазириаш қозии Бухоро будааст. Вазири Нӯҳи 2.

1.Девони вазир ё Хоҷаи бузург. Он калонтарин ва асоситарин девони Сомониён ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти асосии он танзиму роҳбарӣ кардан аз болои фаъолияти девонҳои дигар буд. Ҳама девонҳо ба ӯ итоат мекарданд ваҳисобот медоданд. Аз ин рӯ, сардори девон дар дарбор мавқеи балантаринро баъди амир дошт. Ба зиммаи девони вазир, ҳангоми сафар, шикору истироҳати амир, роҳбарии кулли дарбор гузошта шуда буд.

2.Девони муставфӣ ё хазинадор. — Девони муставфӣ содироту водироти хазинаро идора мекард. Онро баъзан девони молия ё соҳиби хироҷ ҳам меномиданд. Соҳиби ин девон баъди хоҷаи бузург шахси дуюм дар ҳукумати амир буд. Ба ин вазифа одатан шахсиятҳои шикастанафсро таъин мекарданд. Ин девон дар мулкҳои Сомониён намояндаи худро дошт. 3. Девони расоил (амид — ул — мулк). — Ин девон асосан ба корҳои алоқаҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ сару кор дошт. Сардори ин девон инчунин мушовирии амирро дар муносибати байналхалқии давлат ба ӯҳда дошт. Дар ихтиёри ӯ ҷосусон ва пайгирҳо ҳам буданд.

  1. Девони соҳиб — уш — шурта (артиш).- Девон вазифаи вазири мудофиаро адо мекард. Девонро сипоҳсолори давлат идора мекард. Сипоҳсолорро амир таъин мекард.Ба айр аз вазири мудофиа буданаш сипоҳсолор инчунин ҳо-кими мулки худмухтори Хуросон ҳам буд. Сипоҳсолор дар Нишопур мезист ва аз ҳамон ҷо ҳисобот медод. Сипоҳ-солорони Сомониён Ануштегин, Сабуктегин, Бектузин, Фоиқ, Абуалии Чаонӣ буданд. Дар ихтиёри девони соҳиб — уш — шурта посбонии амнияти кишвар ва соле як маротиба сафкашии қӯшунро барои амир ташкил кардан буд.
  2. Девони соҳиб — ул — барид (алоқа). Алоқаи давлатиро бо вилоятҳо таъмин мекард. Дар тамоми вилоятҳо шӯъба-ҳои худро дошт. Шӯъбаҳо ба ҳокимияти маҳаллӣ не, балки бевосита ба марказ итоат мекарданд. Вазифаи кормандони ин девон назорат аз болои маъмурон ҳам буд. Дар ихтиёри ин девон воситаҳои нақлиётӣ, кабутарҳои хатбарии зиёде мавҷуд буд.
  3. Девони мӯҳтасиб. Дар ихтиёри он нигоҳ доштан ва риоя кардани аҳкоми шариат (панҷ вақт намоз гузоридан, рӯзаи моҳи рамазон доштан), андозҳоро дар вақт — вақташ супоридан, тартиботи ҷамъиятиро риоя кардан ва назорат аз болои бозор (дуруст будани тарозуҳо, ченакҳо, сифати мол) буд.
  4. Девони мушриф. — Девон аз болои авзои сиёсии ҷамъият ва дарбор, ба корҳои ҷосусӣ, разведка (пайгирӣ) ва сирру асрори давлат, шахсони масъулу алоҳида назорат мекард. Бо фармони амир сӯиқасдҳо ташкил мекард. Дар зиммаи ин девон баъзан хазинаи давлат ҳам гузошта мешуд.
  5. Девони аз — зиё (молу амлоки амир).- Дар ихтиёри ин девон идораи молу мулки хонаводаи амирони Сомонӣ қарор дошт. Яъне ҷамъ овардани андоз аз корхонаҳо ва заминҳои давлатӣ буд.
  6. Девони қозӣ (суд). — Сардори ин девонро қозиқуззот, шайхулислом ҳам меномиданд. Қозиро амир умрбод таъин мекард. Қозӣ бояд шахси аз шариат хуб огоҳ ва дар зиндагӣ худоогоҳ, худотарс, поквиҷдон ва бетамаъ мебуд. Девони қозӣ дар тамоми вилояту шаҳрҳо шӯъбаҳои худро дошт. Қозиёни вилоятҳо, шаҳрҳо ва рустоҳоро амир бо пешниҳоди қозикалон таъин мекард. Ба девони қозӣ инчунин қозиас-карҳо, ки дар қисмҳои ҳарбӣ буданд, итоат мекарданд.
  7. Девони об ё  амири  об. Вуҷуд доштан ё надоштани ин девон маълум нест. Вале дар асри X Мақдисӣ «Девони дарё»-ро номбар кардааст. Азбаски хоҷагии қишлоқи Сомониён бо зироати обӣ асос ёфта буд, аз ин сабаб хоҷагии об ва муассисоти он аҳмияти калонро соҳиб буд. Чунки дар асрҳои X-XX амири об ва мироб мақоми хосае дошт.
  8. Девони вақф. Ин девон ба идораи молу мулки муассисаҳои вақфдор сару кор дошт. Дар давраи Сомониён вақфҳои мадрасаҳо, уламои дин ва шахсони алоҳида хело зиёд гардида буданд. Ва барои танзими фаъолияти ин муассисаҳо зарурияти таъсиси муассисаи махсус — девон ба вуҷуд меояд. Девони вақфро садри судур роҳбарӣ мекард.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *