Исёни Абӯмуслими Хуросонӣ ва шӯриши Муқаннаъ — Донишхона

Исёни Абӯмуслими Хуросонӣ ва шӯриши Муқаннаъ

Абӯмуслим аслан аз оилаи барзгар баромада, бар тибқи баъзе маълумот, дар аввалҳо улом будааст. Абӯмуслим дар наздикии бузургтарин шаҳри Хуросон – Марв қароргоҳи худро таъин намуда, ҳамчун «як шахси боэътимоди хонаводаи пайамбар» барои сафарбар кардани аҳли шиа ва дигар одамони норозӣ бо тамоми xиддият кор мебурд. Ин унвони боэътимодро ба Абӯмуслим Аббосиён дода буданд, зеро амалиёти таблиотии e ба манфиати онҳо равона шуда буд. Вақте ки замина ҳозир шуд, 9 июли соли 747 Абeмуслим байрақи сиёҳро, ки аз они Аббосиён буд, барафрошта, халқро ба муборизаи ошкоро даъват намуд.

Даъвати Абeмуслим дар байни ҳам арабҳо ва ҳам халқҳои мутеи хилофат муваффақияти калоне пайдо кард. Муаллифи арабизабон Абӯҳанифаи Диноварӣ чӣ навъ афзудани қувваҳои аскари Абӯмуслимро ба ин тариқа фасеҳ тасвир менамояд: «Мардуми ҳирот, Фушанx, Марворруд, Толиқон, Марв, Нисо, Абевард, Тeс, Нишопур, Сарахс, Балх, Чаониён, Тахористон, Хатлон, Кеш  ва Насаф бо аxала ба назди Абeмуслим ҳаракат мекарданд. ҳамаи онҳо ба аломати ҳамрайъӣ либоси худро ранги сиёҳ заданд, инчунин нимаи гурзҳои чeбиашонро сиёҳ карданд… Ин мардум савори аспу хар ва ё пиёда харҳои худро пеш давонида ва ба онҳо «Харро Марвон!» – гeён фарёд зада, яъне халифаи Марвон ибни Муҳаммадро тамасхуркунон ба хар нисбат дода, ба ин xониб меомаданд ва иддаи онҳо 100 000 нафар буд». Даста-даста арабҳои Яман, ки шeриши онҳо чанде пеш фурe нишонда шуда буд, дар таҳти байрақи Абeмуслим гирд меомаданд. ҳатто уломон, ки аз ин неҳзат ба сабук шудани ҳолати табоҳи худ умедвор буданд, ба қувваи ҳарбии e ҳамроҳ мешуданд.

Қоиммақоми Хуросон — Наср ибни Сайёр, ки тамоми бори вазнини муборизаи зидди Абeмуслим ба зиммаи e афтода буд, дар бобати муттаҳид кардани арабҳо ба муқобили ин неҳзат хеле кeшишҳои бефоида ба харx дод. Аъёну ашрофи тоифаҳои xудогонаи араб, ки пай дар пай барои ҳокимият мубориза мебурданд, дар ин вақт ба xаҳду талоши худ бештар вусъат дода буданд. Дар дохили қабилаҳои араб протсесси тақсимоти синфӣ босуръат ба амал омада, бисёрии арабҳо, алалхусус онҳое, ки аз табақаҳои фақир буданд, ба таҳти байрақи Абeмуслим қарор мегирифтанд.

Дар аввали соли 748 Наср ибни Сайёр маxбур шуд, ки пойтахти Хуросон шаҳри Марвро ба қиёмкунандагон гузошта, тарафи Нишопур ақиб нишинад. Лекин яке аз сарлашкарони Абeмуслим, ки таъқиб кардани Наср ибни Сайёрро eҳдадор шуда буд, дар наздикии Нишопур ба қувваи ҳарбии e зарбаи ҳалокатовар расонид ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто худи ҳамин муҳориба алабаи асосии шeришро таъмин намуда, тақдири хилофати Умавиҳоро ҳал кард. Агарчанде халифаи Марвон тамоми қувваи дар ихтиёраш бударо ба кор дароварда, шeришчиёнро шикаст дод ва Имом Иброҳими Аббосро дар пеши назари умум ба қатл расонид, лекин ин ҳам хилофати Умавиҳоро аз суқут наxот дода натавонист. Шeришчиён дар Ироқ ба қeшунҳои e якчанд зарбаи сахт дода, бузургтарин маркази хилофат — шаҳри Димишқро ишол намуданд.

Ба ҳамин тариқ, он лашкаре, ки Абeмуслим дар вилоятҳои шарқии хилофат асосан аз аҳолии Осиёи Миёна ва аз арабҳои мухолифи сиёсати Умавиҳо ташкил дода буд, дар соли 750 қувваҳои ҳарбии охирин намояндаи хонадони Умавияро торумор карда, хилофати ин силсиларо аз миён бардошт.

Ба сари ҳокимият Аббосиён омаданд. Лекин Аббосиён, чунон ки интизор мерафт, дар бораи оммаи асосии шeришчиён, ки бо ташаббус ва фаъолияти онҳо ба тахти хилофат соҳиб шуда буданд, чизе фикр накарданд. Ваъдаҳои ба халқ додаи онҳо иxро нагардид, Абeмуслим ҳам, ки қоиммақоми Хуросон таъйин шуда буд, дар ин бора хомeш монд.

Вақте ки судиён дар бораи вафо кардан ба аҳди худ, ҳатто ният надоштани Аббосиён ва Абeмуслимро яқинан донистанд, дар Бухоро бо сардории Шарик ибни Шайх шeриш намуданд. Абeмуслим ба муқобили шeришчиён қeшуни даҳҳазора фиристод. Аммо шeриш то дараxае пурқувват буд, ки фақат бо кeмаки бухорхудот Қутайба ибни Тушода, ки ба муқобили аҳолии заҳматкаши Бухоро лашкари бо нафароти қeшуни фиристодаи Абeмуслим баробар бударо равона сохт, фурe нишондани он имконпазир гардид.

Абeмуслим дар мубориза бар зидди императори Хитой, ки аз xангҳои дохили хилофат истифода намуда, хост ҳукмронии худро дар Осиёи Миёна барқарор кунад, низ ҳамчун ҳомии аюри хилофати Аббосиён фаъолият нишон дод. Дар соли 751 дар муҳорибаи шадиде, ки дар соҳили наҳри Талас, наздикии шаҳри кунунии Xамбул рух дод, қeшуни арабҳо бо сардории яке аз сарлашкарони Абeмуслим ба торумор намудани лашкари императори Хитой муваффақ гардид.

Бо вуxуди он ки Абeмуслим чи бо душманони хориxӣ ва чи бо xунбишҳои дохилии зидди Аббосиён мубориза бурда, онҳоро самимона тарафдорӣ мекард, Аббосиён ба вай он қадар бовар надоштанд ва хавф мебурданд, ки e рeзе ба тахти хилофат даъво хоҳад кард. Ин хавф ба дараxае расид, ки дар соли 755 халифа Абexаъфар ал-Мансур (754-775) Абeмуслимро ба ҳузури худ талабида, eро дар қасри худ аҳдшиканона қатл намуд.

 

   Шӯриши Сумбоди Муғ ва неҳзати Муқаннаъ

Халифаҳои аббосӣ анъанаҳои Сосониёнро давом дода, ба ҳашамат ва дабдабаи дарбори онҳо низ тақлид мекарданд. Аъён ва ашрофи маҳаллӣ ҳам дар ин бобат ба онҳо пайравӣ менамуданд. Ин буд, ки бинокорӣ хеле авx гирифта, бисёр қасрҳо, қалъаҳо ва . сохта шуданд.Ҳамаи хароxоти ин бинокориҳо ба зиммаи барзгарон буд. Аҳволи пешаварони шаҳр низ беҳтар аз ин набуд. Онҳо мавриди истисмори нимфеодалӣ қарор гирифта, дар натиxаи молиёти зиёд ва худсариҳои маъмурон тамоман муфлис гардида буданд. Молиёти xинсӣ, инчунин ба дeши туркҳои бодиянишин ҳам бори гароне шуда, онҳоро ба паршикастагӣ дучор мекарданд. Ҳамаи инҳо боиси афзудани эътироз ва итишоши халқ мегардид. Яке аз бузургтарин шeришҳо дар он замон — шeриши Сумбоди Му буд. Сумбод аз пайравони наздики Абeмуслим ҳисоб мешуд. Вай дар соли 755 бо шиори «барои хуни Абeмуслим бояд қасос гирем» сар бардошта, ба атрофи худ аз ҳар табақа тарафдорони бисёре xамъ карда тавонист. Инчунин гурeҳҳои зардуштиён ва хуррамиҳо (пайравони таълимоти Маздак) ба e ҳамроҳ шуданд. «Одамони сурхалам» яъне ононе, ки дар таҳти байрақи сурх гирд омада буданд, низ номи хуррамиҳоро доштанд. Шӯриш ноҳияҳои бузург, аз xумла Хуросон ва Табаристонро фаро гирифт. Аббосиён ин шeришро фақат бо машаққати зиёде хобониданд. Сумбод шикаст хeрда, дар Рай қатл гардид ва зану фарзандони e ба уломӣ фурeхта шуданд. Пас аз малубияти Сумбод пайравони e аз тариқати муслимия ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро давом медоданд. Онҳо ваъз мекарданд, ки Абeмуслим боз хоҳад омад, то «дар xаҳон одилона ҳукмронӣ кунад».

ҳанeз қeшуни арабҳо шeриши Сумбодро тамоман фурe нанишонда, дар гирду атрофи ҳирот шeриши дигар ба вуxуд омад, ки ба он «Устод Сис» ном шахсе роҳбарӣ менамуд. Ба ин шeриш ҳазорҳо кас иштирок карда буданд.

Беш аз пеш ба қашшоқӣ ва хонавайронӣ дучор гардидани аҳолии заҳматкаш ва рeидани ҳисси танаффури онон нисбат ба золимони худ дар аҳди халифа Маҳдӣ (775–785) xунбиши бузурги халқиро бар зидди Аббосиён ба вуxуд овард, ки дар солҳои 70-уми асри VIII тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд.

Дар сари ин шeриш Муқаннаъ меистод. Муқаннаъ аслан аз Марв буда, ба пешаварӣ машулият дошт. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳанд, ки e яке аз сарлашкарони Абeмуслим буд ва дар неҳзати зидди хилофати Умавиҳо иштирок дошт. E шахси соҳибмаърифате буд. Чунин фикр беасос нест, ки дар вай ояи маздакиён таъсири хеле калоне дошт ва e ин ояро табли мекард. Қоиммақоми арабҳо аз таблиоти Муқаннаъ воқиф гардида, eро дастгир намуд ва ҳамчун як марди xинояткори гузарои давлатӣ барои муҳокима ба маркази хилофат – шаҳри Бадод фиристод. Лекин Муқаннаъ аз зиндони Бадод фирор карда, худро ба Марв расонид. Дар ин xо тарафдорони худро xамъ намуда, дар соли 776 онҳоро барои даъват намудани аҳолӣ ба муборизаи зидди зулму асорати аxнабиён ба тамоми ноҳияҳои Осиёи Миёна равона кард. Ин тарибот махсусан дар Насаф ва Кеш, ки дар ин xоҳо бештар судиён иқомат мекарданд, муваффақияти калоне пайдо кард.

Маъмурони халифа боз аз паси дастгир кардани Муқаннаъ афтоданд. Онҳо дар соҳили дарёи Аму як дастаи пуршумори савораҳои мусаллаҳро гузоштанд, то рeзу шаб назорат карда, нагузоранд, ки Муқаннаъ аз Марв ба Суд равад. Ин, албатта, бесабаб набуд. Зеро дар Суд тарафдорони e рeз аз рeз зиёд мешуданд. ҳокимони маҳаллӣ ба хубӣ медонистанд, ки агар Муқаннаъ ба Мовароуннаҳр роҳ ёбад, вазъияти онҳо фавқулодда душвор хоҳад шуд. Бо вуxуди он ҳама мамониатҳо Муқаннаъ бо ҳамроҳии даҳҳо тарафдорони худ аз дарёи Аму гузашта, ба Суд паноҳ бурд.

Дар ин вақт, чи навъе ки Наршахӣ мегeяд: «андар Суд алаб деҳаҳо ба дини Муқаннаъ даромаданд ва аз деҳаҳои Бухоро бисёр кофир шуданд ва куфр ошкоро карданд ва ин фитна азим шуд ва бало бар мусулмонон сахт шуд».

Сабаби асосии мавриди эътирофи омма қарор гирифтани таълимоти Муқаннаъ дар ин буд, ки ин таълимот бартараф намудани нобаробарии молӣ ва мулкиро талаб карда, бар зидди ҳукмронии истилокорони араб нигаронида шуда буд.

Дере нагузашт, ки xунбиши Муқаннаъ ба як шeриши бузурги ошкоро мубаддал гардида, дар муддати кeтоҳе тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Ситоди (штаби) шeришчиён дар деҳаи Наршах, наздикии Бухоро, воқеъ шуда буд. ҳокими Бухоро ҳусайн ибни Муоз тамоми қувваи ҳарбии худро, ки асосан аз арабҳо иборат буд, xамъ карда, бо ҳамроҳии дастаҳои аъёну ашрофи Бухоро ба муқобили шeришчиён ҳаракат намуд. Дар моҳи апрели соли 776 дар назди девори деҳаи Наршах байни қeшуни арабҳо ва тарафдорони Муқаннаъ муҳорибаи шадиде ба миён омад. Шeришиён шикаст хeрда, 700 нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодихоҳӣ қурбон карданд. Лекин алабаи арабҳо вазъиятро ба таври асосӣ тайир дода натавонист. Ба зудӣ шeриш боз бо қувваи тоза сар зада, қиёмкунандагон мавзеъҳои атрофи Бухороро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд.

Халифа Маҳдӣ чун дид, ки шeриш торафт вусъат пайдо мекунад, барои пурқувват кардани муборизаи зидди неҳзати Муқаннаъ дар як сурати таъxилӣ аз Бадод ба Нишопур омад ва ба амири Хуросон фармон дод, ки барои кeмаки ҳокими Бухоро фавран қувваи иловагӣ фиристонад.

Агар дар марҳалаи аввал баъзе гурeҳҳои ашрофияи Суд аз неҳзати Муқаннаъ пуштибонӣ карда бошанд, пас дар марҳалаи дувум онҳо аз тарси вусъати xунбиши халқ комилан ба тарафи хилофат гузаштанд. Аммо табақаҳои васеи барзгари Суд торафт бештар ба сафи муборизон дохил мешуданд.«Сафедxомагон» (пайравони Муқаннаъ) соҳибони Мовароуннаҳр мегардиданд ва «бeстони амиралмeъминин» (Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо ин ном ёд мекарданд) ба як мамлакати аз хилофати араб мустақил табдил меёфт. Фақат дар соли оянда ба қeшунҳои халифа муяссар гардид, ки Самарқандро забт намоянд. Бо ҳамин марҳалаи севум ва охирини мубориза сар шуд. Дар ин вақт қувваҳои асосии шeришиён дар қалъаи кeҳии Санам, наздикии Кеш, xамъ омада буданд. Муоз ин қалъаро муҳосира намуд, вале ба зудӣ маxбур шуд, ки аз муҳосира даст кашад. Муаррихони араб тасдиқ мекунанд, ки сабаби аз муҳосира даст кашидани Муоз расидани фасли зимистон буд. Лекин сабаби асосии ин шояд ба зарбаи сахти дастаҳои Муқаннаъ дучор гардидани e бошад. Ба зудӣ пас аз ин воқеа аз мансаби қоиммақоми Хуросон дур карда шудани e ва аз тарафи халифа таъин гардидани шахси дигар ин фикрро собит менамояд.

Дар он солҳое, ки мардуми Мовароуннаҳр дар роҳи истиқлолияти худ мубориза мебурданд, хилофати араб аз пуриқтидортарин давлатҳои он замон ҳисоб мешуд. Муборизае, ки аҳолии ин сарзамин дар таҳти байрақи Муқаннаъ солҳои бисёр бо чунин як давлати муқтадир бурданд, дар бораи диловарӣ ва озодидeстии халқҳои Осиёи Миёна боз як мисоли дурахшон аст.

Чунон ки мудовимат ва муташаккилии ин мубориза нишон медиҳад, Муқаннаъ роҳбари хеле боистеъдоди ҳарбӣ ва сиёсӣ буд, ки халқро ба xанги зидди истилокорони аxнабӣ ва золимони маҳаллӣ ташвиқ ва рeҳбаланд мекард.

Дар хотима ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки шeришҳои халқии давраи хилофати Аббосиён аз шeришҳои замони ҳукмронии Умавиҳо фарқи калоне доштанд. Шeришҳои халқӣ дар давраи Умавиҳо асосан бар зидди ҳукмронии аxнабиён равона шуда, ба ин шeришҳо одатан аъён ва ашрофи маҳаллӣ сардорӣ мекард. Аммо дар давраи хилофати Аббосиён мо тамоман як вазъияти дигареро мушоҳида мекунем. Дар ин давра оммаи халқ на фақат ба муқобили Аббосиён, балки бар алайҳи ҳомиёни онҳо, яъне аъён ва ашрофи маҳаллӣ низ сар мебардоштанд.

Неҳзати Муқаннаъ неҳзати табақаҳои заҳматкаши аҳолӣ ва қабл аз ҳама, барзгарон буда, яке аз равияҳои асосии онро мубориза бар зидди асорати беш аз пеш қувватгирандаи феодалӣ ташкил мекард. Ин аст, ки шeриши Муқаннаъ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти бузургеро дарбар кардааст. ҳарчанд шeришҳои халқӣ шикаст мехeрданд, вале фаъолияти оммаи заҳматкашро инкишоф дода, рeҳи асоратнописандӣ ва озодидeстии халқҳои Осиёи Миёнаро тарбия намудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *