Аҷдодони халқи тоҷик дар арафаи ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VI аввали асри VII) — Донишхона

Аҷдодони халқи тоҷик дар арафаи ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VI аввали асри VII)

Тахористон. Тахористон гуфта, аввалан, ҳудуди ҷурофие дар назар дошта мешавад, ки Бохтари пештараро фаро гирифтааст. Баъдан, ҳудуди сиёсиест, ки ҳамчун давлат бо ҳамсоягони худ рақобат дошт. Ба Тахористон табдил ёфтани Бохтар қавму қабила ё халқе, ки дар сарҳади шимолу шарқии Осиёи Миёна мезист — тахорҳо сабаб шудаанд. Тахорҳо зери таъсири йӯҷиҳо ватани (қисман Ҳафтрӯд, шимоли Фарона ва Синсцзяни арбӣ) худро тарк карда, дар байни асрҳои II-V ба воситаи Суд бо роҳи дарвозаи оҳанин — Бойсун ба Бохтар расида, дар ҳайати Кушониён давлати Кушониёни бузургро таъсис дода буданд. Онҳо дар хаёти сиёсии мамлакат роли калон бозидаанд. Сулолаи Кушониён ҳам аз тахорҳост.

Ҳангоме, ки Кушониён дар Бохтар суст шуданд, тахорҳо рӯз аз рӯз эътибор ва нуфуз пайдо карда, бо сулолаҳои ҳукм-рони маҳаллӣ омезиш ёфта, бо номи тахорҳо маълум мегарданд.

Сарчашмаҳои чинӣ аз ҷумлаи мулкҳои Тахористон — Тирмиз, Чаониён, Шумон, Қубодиён, Хатлон, Вахш, Ба-дахшон, Шунон, Архон ва Фархорро номбар кардаанд. Пойтахти Тахористон Балх буд. Таърихи сиёсии Тахористон мураттаб нест. Вале таърихи баъзе мулкҳои он то ба мо расидааст. Хатлонро аз мулкҳои пуриқтидори Тахористон медонанд.

Суд. Суд гуфта дар асрҳои VII-VIII минтақаҳои води-ҳои Зарафшон ва Кешро дар назар доранд. Суд ҳамчун номи ҷурофӣ ва халқият аз давраҳои хеле қадим маълум аст. Дар асрҳои VII ва VIII Судро сулолаи ҳокимони маҳал-лӣ идора мекарданд, яъне, ба маънои давлат ҳам фаҳмида мешуд. Алҳол таърихи сиёсии Суди асрҳои VII-VIII пурра маълум нест. Вале аз рӯи маъхазҳои то ба давраи мо расида, таърихи берабти онро чунин баён кардан мумкин аст. Дар ибтидои асри VII  дар як қисми Суд — дар суди Самарқанд, ки дар сарҷашмаҳои таърихӣ Кан номида мешуд, сулолае ҳукмрон будааст, ки баромадашро аз маҳаллиён ва баъзан йӯҷиҳо ҳам мехонанд ва аз ибтидои давраи милодӣ ҳукмрон будаанд. Манбаъҳои Хитоӣ Малики Канро Чжаоу ва қароргоҳи онро Алудӣ ва баромадашонро аз авлоди Унаш номбар мекунанд. Мулкҳои Суд Самарқанд — Моймур, Иштиҳон, Кушония, Насаф, Кеш ва Бухоро номбар шудаанд. Ин давлат аз иттиҳоди мулкҳо иборат буда, ҳар як мулк ҳокими худро дошт. Подшоҳони Суд унвони ихшидро доштанд.

Аввалин шоҳи суд Авварҳумон зикр шудааст, ки тахминан дар солҳои 50-60 асри VII ҳукмронӣ кардааст. Бахороро ҳам сулолаи маҳаллӣ идора мекард ва унвони ихшидро доштааст. Вале дар арафаи ҳуҷуми арабҳо Бухоро аз иттиҳоди Суд баромада, мустақил мешавад ва ҳокимони Бухоро худро бухорохудот меномидагӣ шуданд. Таърих инчунин аз вуҷуд доштани мустамликаҳои Суд ҳам бештар маълумот медиҳад. Ба қатори ин мустамликаҳо Ҳафтрӯд низ дохил буд. Ҳатто маълумотҳое ҳастанд, ки мустамликаҳои Суд дар Олтой ва Сибир ҳам буданд. Забони судӣ ва алифбои судӣ то соҳили уқёнуси Ором паҳн гардида будааст. Ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Му дар бораи вуҷуд доштани низоми муайяни давлатӣ хабар диҳанд ҳам, Суд давлати муттамаркази феодалӣ набуд. Он ҳам ба мисли Тахористон аз мулкҳои ниммустақил иборат буд. Дар ибтидои асри VIII давлати Суд бо Самарқанд ва мулкҳои атрофаш (Панҷакент ва Кеш) шоҳигариеро ба ёд меовард, ки онҳоро сулолаҳои маҳаллӣ идора мекардаанд. Ҳокими охирини шоҳигарии Суд — Тархуну ӯрак ва ҳокими Панҷакент Диваштич будаанд. Номҳои якчанд ихшидҳои қаблии суд: Шашпир, Вархуман ва Тугаспадак маълуманд. Вале солҳои ҳукмронии онҳо аниқ нашудааст.

 Мулкҳои алоҳидаи тоҷикнишин. Истаравшан. Истаравшан (Устурушан, Устуршан ва Истаравшан) гуфта дар асрҳои VII-VIII ҳудудҳои имрӯзаи болооби Зарафшон, ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, ончӣ ва қисми шарқии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сулуболо ва Исфонаи Қиризистонро дарбар мегирифт. Аз рӯи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, дар солҳои 610-630 Истаравшан соҳиби истиқлолият буда, дар солҳои 618-626 ба Хитой ҳайати сафорати худро мефиристад. Ҳарфиётҳое, ки дар Истаравшан ва Шаҳристон гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки истаравшаниҳо алифбои судиро истифода бурда, ба яке аз лаҳҷаҳои судӣ ҳарф мезадаанд. Аз таърихи сиёсии Истаравшан танҳо таърихи ибтидои асри VIII каму беш равшантар аст. Дар ибтидои ҳуҷуми арабҳо ҳокими Истаравшан унвони афшин дошта, номи афшин Ковус ба забон гирифта мешуд. Ин сулола ҳукмрони худро то соли 822 давом додааст. Дар бораи дараҷаи ваколатҳои ин сулола ахбороти кофӣ нест. Истаравшан тобеъи Суд буда, яке аз мулкҳои он ба шумор мерафт.

Фарона. Фарона, гуфта дар асри VIII бештар водии Фарона дар назар дошта мешуд. Дар тӯли чандин аср Фаронаро сулолаи маҳаллӣ идора мекар. Вале дар арафаи истилои арабҳо Фарона чандин даҳсола беҳоким буда, онро туркон идора мекарданд. Унвони ҳокими Фарона, ба мисли Самарқанд ихшид буд.

Дар солҳои 20 асри VIII Алутар ном ихшиди пуриқтидор онро идора мекард. Вале дар солҳои 40-ум шимоли Фарона ба туркҳо ва ҷанубиаш бошад, ба арабҳо итоат мекарданд ва ду ихшид доштанд. Пойтахти Фаронаро Косон ва Ахсикат мехонданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *