Давлати Ҳайтолиён. Ҳуҷуми қабилаҳои турк ва оғози парокандагии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ

Аввалин санае, ки бо номи ҳайтолиҳо мансуб аст, ин солҳои 420-450 буда дар онҳо ҷангҳои Баҳроми Гӯр (420-437) ва Яздигурди 2 (438-457) зикр гардидаанд. Пайдоиши этимологияи ҳайтолиҳо то ҳол аниқ нест. Вале гуфта метавонем, ки онҳо ҳам аҳолии таҳҷоӣ буда, як шохаи  Кушониёни хурдро ташкил медоданд. Онҳо аҳолии ориёинажод ва эронзабони шимолу Шарқии Осиёи Васатӣ буда, дар асри IV ба ҷануб ҳаракат карданд. Хайтолиҳо ду воситаи воридшавиро ба маркази Осиёи Васатӣ истифода бурданд: яке осоишта ва дигаре зӯрӣ. Зимнан ба водии Фарона ва қисман Чочу Илок бо роҳи осоишта ворид шудани хайтолиён  бештар ба ҳақиқат наздик аст. Зеро сабаби асосии ин воридшавӣ аз ҷониби туркҳо танг карда шудани ҳайтолиён ба шумор мерафт. Чунки дар ҳамон замон таҳдиди туркҳо то сарҳади Эрон маълум буд ва баъзан ҳайтолиҳои кӯчии сарҳади Осиёи Васатиро низ турк номидаанд. Аз миёнаи асри IV сар карда, ҳайтолиҳои ба Осиёи Васатӣ муҳоҷиршуда, иттиҳоди сиёсию ҳарбиро ташкил дода, ба забт намудани Суд ооз бахшиданд. Дар ибтидои асри V онҳо мулкҳои шимолии хиёниҳо ва давлатчаҳои сосонию кушонӣ ё кушонию сосонии атрофи шимолии Омӯро дар арб то Марв ва дар Шарқ то Балх ба даст медароранд. Аввалин шоҳони ҳайтолиҳо Афтоилту ва Меҳрипур ба забон гирифта шудаанд.

Дар нимаи аввали асри V аввалин ҷанги хайтолиён бо сосониҳо бо мақсади ба даст даровардани мулкҳои ҳазваи Омӯ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он замон шоҳаншоҳи Эрон Баҳроми Гӯр (420-437) буд. Баҳроми Гӯр шикаст хӯрда, дар байни сосониёну ҳайтолиён сарҳад муқаррар гашт. Бурҷҳои нисбатан хурди сохтшуда роли сарҳадро иҷро мекарданд. Ҳайтолиҳо муддате мулкҳои хиёниҳоро соҳиб шуданд. Соли 450 ҷанги дуюми ҳайтолиҳо бо сосониҳо ба вуқӯъ пайваст, ки ташаббускори он Яздигурди 2 (438-457) буд. Яздигурд ҳайтолиҳоро шикаст дода, чандин шахрҳои онҳоро ишол карда, бо анимати зиёде баргашт. Соли 453-454 Яздигурди 2 аз нав ба мулки ҳайтолиҳо лашкар кашид, вале ин дафъа қатъӣ шикаст хӯрд. Ҳайтолиҳо чандин мулкҳои Эронро орат карданд. Пас аз чанд муддат ҳайтолиён ба иқтидори бузург ноил гардида, Тахористонро пурра ба худ тобеъ намуданд. Ҳатто соли 456 сафорати онҳоро императори Хитой қабул карда буд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Хусрави Парвиз (459-484) дар Эрон тамоили муқобилият зидди ҳайтолиҳо пурзӯр гардид. Ин тамоилро Византия (Рум) ҳам дастгирӣ мекард. Аз ин хотир, Парвиз шартномаи вайрон накардани сарҳадро иҷро накард ва бо ҳайтолиён ҷанг сар кард. Дар соли 460 шоҳи ҳайтолиҳо Вхшнувар (Вахшунвар) ба тахт нишаста буд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Парвиз қӯшуни сершуморе ҷамъ оварда, ба ҷанги зидди ҳайтолиҳо бархост ва ба назди бурҷҳои сархадӣ омада ҳар як бурҷро бо 50 фил ва 300 сарбоз баста, ба андаруни ҳудуди ҳайтолиҳо дохил шуданд. Ва қӯшунҳо аз қафои бурҷ ба дохили мулки ҳайтолиён мерафтанд.

Вай бо ин усул гӯиё шартномаро вайрон накардааст. Вале Вахшунвар қӯшуни зарурӣ ҷамъ оварда, сосониҳоро аз мулкҳои худ пеш намуд. Қисми зиёди қӯшуни сосониҳо ба чоҳҳои пур аз об кардаи ҳайтолиҳо афтода, ҳалок ва асир шуданд. Аз ҷумла худи Парвиз ҳам асир мегардад. Умуман, Хусрави Парвиз се маротиба бо ҳайтолиён меҷангад. Вай бори аввал асир гардида, бар ивази товони калони пулӣ худро озод кард. Бори дуюм бошад, Парвиз худро ба ивази андози солонаи Эрон ва ба гарав мондани писараш Қубод аз асирӣ халос намуд. Пас аз ҷанг вай бо мадади Рум андозро пардохта, писарашро низ озод кард. Баъди ин Парвиз ба ҷанг тайёрӣ дид. Соли 470 ҷаги охирини Парвиз ооз ёфт. Вахшунвар қӯшуни Эронро шикаст медиҳад ва Парвиз дар ин ҷанг халок гардид. Пас аз Парвиз ба тахт Қубод нишаст. Ибтидои ҳукмронии Қубод бо пурзӯршавии ҳаракати маздакиҳо рост омад ва рӯхониёни дарборӣ (зардуштиён) бародари Парвиз Балошро ба тахт шинонданд. Қубод маҳбус гардонда шуд. Вале ӯ аз маҳбас гурехта, дар дарбори ҳайтолиён паноҳ бурд.

Дар солҳои 467-480 ҳайтолиҳо Туркистону Қошарро ҳам ба худ тобеъ намуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, Вахшунвар ва ё Акшунвар то солҳои 30-юми асри VI ҳукмронӣ кардааст. Дар давраи ҳукмронии ӯ, ҳайтолиён ба ду қисм: шимолӣ ва ҷанубӣ, ё ҳайтолиёни зери назорати ҳимояи Ҳоқонати Туркҳои гарбӣ ва ҳайтолиёни зери назорати сосониён ҷудо шудаанд. Маркази ҳайтолиёни шимолӣ Бухоро ва ҳайтолиёни ҷануби Балх буд. Ҳайтолиёни ҷанубӣ бештар Тахористон ва мулкҳои он — Чаониён, Хуталон, Бадахшон, Шунонро дарбар мегирифт. Вале ҷурофияи сиёсии ҳайтолиёни шимолӣ ба айр аз номбар шудани Бухоро ва атрофи он маълум нест. Аз солҳои 50-уми асри VI сар карда, ҳайтолиён ба ҳуҷуми туркҳои бодиянишин дучор гардиданд. Акнун маҷбур шуданд, ки бо ду рақиби пурзӯри худ мубориза баранд. Маҳз дар ҳамин солҳо байни туркҳо ва сосониён шартномаи ҳарбӣ бар зидди ҳайтолиён баста шуд. Онҳо дар солҳои 560-567 давлати ҳайтолиёнро аз байн бурданд. Хусрави 1 Анушервон (531-579) ҳайтолиёни ҷанубиро — Вахшунварро дар Тахористон шикаст дода, то Хутталон таъқиб мекунад ва дар он ҷо шоҳ Вахшунварро дастгир карда, ба қатл мерасонад. Туркҳо бошанд, қӯшунҳои ҳайтолиёни шимолиро дар атрофи Бухоро шикаст медиҳанд. Сардори қӯшунҳои ҳайтолиён Вараз ва яке аз сарлашкарашон отифар буд. Лашкари отифар аз ҳисоби қӯшунҳои мулкҳои Чаониён, Хутталон, Шунон ва Вашгирд ташкил ёфта буд. Задухӯрд ҳашт рӯз давом ёфт ҳайтолиён шикаст хӯрданд.

Хулоса, ҳайтолиён кӯшида буданд, ки як давлати муттамаркази феодалиро ташкил намоянд, ки дар ташкили он унсурҳои маҳаллӣ бартарии зиёде дошта бошад. Аз ин рӯ, на ҳамаи вилоятҳои зердасти онҳо дар як сатҳи сиёсию иқтисодӣ ва маънавӣ меистоданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *