Ташкил ёфтани давлати Кушониёни Бузург

Кушониён гуфта сулола ва давлатеро мегӯянд, ки дар охири асрҳои II то милод ва асрҳои IV милодӣ дар ҳудудҳои имрӯзаи ҷумҳуриҳои Покистон, Афонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистони ҷанубӣ, қисман Туркманистон, Қиризистон ва Ҳиндустони шимолӣ вуҷуд  дошт. Кушониҳо номи худро аз номи яке аз қабилаҳои йуҷиҳои бо маҳаллиён омезишёфта ва ё ноҳияи Кушон дар атрофи болооби Ому гирифтааст. Асосгузори ин сулола Герай ва поягузори давлати Кушон — Кадфиз буданд. Шоҳони машҳури Кушон: Васудев, Канишкаи 1, 2, Кудзула Кадфиз (178-238) Вима Кадфиз (238-278), Канишкаи 3 (278-301), Васишка (301-360), Хувишкаи 1 (306-319 (338) ва Васудева (342-376) ба шумор мерафтанд.

Воқеаҳои машҳури он замон: аз байн рафтани давлати Юнону Бохтар; ҳуҷуми кӯчиҳо йӯҷиҳо ва забти Осиёи Миёна аз тарафи онҳо; ҷанг бо Хитой дар замони Канишкаи 2; паҳн гардидани дини буддоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон; пурзӯр гардидани роҳи бузурги абрешим; ҷорӣ гардидани алифбои нави кушонӣ; паҳн гардидани санъати Гандҳара; ҷангҳои байни Шопури 1 сосонӣ ва кушониён ва айра ҳисоб меёфтанд. Таърихи давлати Кушониҳо аз ҳама бештар дар адабиёти Хитоӣ бо номи Гуашуан маълуманд. Гуашуан яке аз 5 қабилаи йӯҷиҳое, ки аз шимолу шарқ ба воситаи Синсизян ба Фаронаю Суд ва минбаъд ба Ҳиндустону Покистон сокин шуда, ба шумор мераванд. Аввалин сарсулолаи Гуашуан Герай — ҳокими Кабул будааст. Вале давраи аввали ҳукмронии Кушониҳо ниҳоят торик мемонад. Аз охири асри II милодӣ яке аз намояндаи ин сулола Кудзула Кадфиз (178-238) дар атрофи Балх давлатеро ташкил медиҳад, ки он дар шарқу  арб ва шимолу ҷануб ҷангҳои забткорона бурда, ҳудудҳои зиёдеро асб намуда, империяи бузургеро ташкил намуд. Шоҳи машҳури кушонӣ Канишкаи 1 (278-301) ба шумор мерафт. Дар давраи ҳукмронии ӯ империяи Кушониён ба империяи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Маҳз дар давраи Канишка ҳудудҳои Покистону Ҳиндустон, Афонистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистону қисман Туркманистони имрӯза зери назорати Кушониён қарор гирифта буд. Канишка якчанд пойтахт ё қароргоҳ дошт. Пешовар (Покистон), Баром (Афонистон) ва Кушония (Косон дар водии Фарона) ва ҳатто Аҷинатеппаи Тоҷикистон дар наздикии Қӯронтеппа.

Кушон дар сиёсати байналхалқии асрҳои II-IV милодӣ фаъолона иштирок дошт ва ҳамеша ба яке аз тарафҳои даргир ҳамроҳ буд. Масалан, дар давраи ҳукмронии императори Хитой Уди кушониҳо ба хитоиҳо имконият доданд, ки Қошарро ишол кунанд. Ин воқеа дар давраи амалиётҳои сарлашкари Хитой Бан Чао рӯй додааст. Кушониҳо ҷониби Хитойро гирифтанд. Яке аз манбаъҳои таърихӣ хабар медиҳад, ки кушониёни баъдина тарафдори Кангюй будаанд. Кушониён ҳатто ба дарбори императори Хитой Уди сафорат фиристода, мақсади хешу табор шуданро ҳам баён кардаанд. Яке аз шоҳони кушонӣ — Канишка мехост, ки духтари императорро ба худаш ё писараш хостгорӣ намояд. Вале ин сафорат дар роҳ боздошта шуда, ба пойтахт нарасид. Сабаби нокомӣ Бан Чао гардида буд. Ба мақсади озод кардани сафорат Кушониён қушуни 70 ҳазор нафараи худро ба Синсизян фиристоданд, вале он ба муҳосираи иқтисодӣ афтида, бенатиҷа баргашт. Кушониён танҳо пас аз вафоти Бан Чао (соли 102 милодӣ) қувваҳои мухолифини Хитойро тарафдорӣ намуданд. Масалан, дар давраи императории Ан (114-116) бо дастгирии кушониён Чен Пен, аз авлоди ҳокимони Қошар, ки барои ақидаи истиқлолиятхоҳаш  ба Қошария ронда шуда буд, дар дарбори кушониён паноҳ ёфта, баъдтар, пас аз вафоти ҳокими Қошар, бо ёрии Кушониён ба тахти шоҳии Қошар нишаст.

Муносибати Кушон бо Сосониҳо ҳам он қадар хуб набуд. Манбаъҳои таърихӣ дар бораи ҷанги байни ин давлатҳо дар давраи Шопури 1 (241-272) маълумот додаанд. Ҳатто дар катибаи «Қаъбаи Зардушт», ки Шопур навиштааст, Кушонро тобеи Шопур ном бурда шудааст. Дар ҳаёти сиёсии Осиёи Миёна воқеаи аз ҳама калонтарин, пеш аз ҳама паҳн гардидани дини буддоӣ ба шумор мерафт, ки он ба давраи дуюми болоравии Кушониён рост меояд. Дар асри 1 (соли 144) паҳнкунандаи асосии он Канишкаи 1 ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин Канишка дар соли 100 ташаббускори даъват кардани анҷумани аввалини калисои буддоӣ будааст.

Сохтори маъмурӣ. Сохтори маъмурии Кушониҳо бештар ба анъанаҳои давлатдории Юнону Бохтар ва дар баъзе ҳолатҳо ба Ҳиндустон такя дошт. Аниқ аст, ки ҳудуди қаламрави Кушониён ба мулкҳои  хурду калон, ниммустақили тобеъ ҷудо мешуданд. Ҳамаи давлатҳои ҳамон давраро ин ҳолат хос буд. Вале аз набудани маълумотҳои муътамад аз ин тақсимот бо пуррагӣ маълумот дода наметавонем. Ҳаминро медонем, ки Бохтар, Мариён, Суд, Арахосия, Кушония, Кушоншаҳр ҳамчун воҳидҳои маъмурӣ номбар шудаанд ва вуҷуд доштаанд. Ҳокимони ин мулкҳоро шоҳ (ябу) таъин мекард. Ҷузъиёту кулли ин масъала ба мо маълум нест.

Сохтори давлатии Кушониҳо. Дар бораи тайир, такмил ва қабули ягон қонуннома дар давраи Кушониҳо  дақиқан гуфтан душвор аст. Вале мавҷудияти амали онҳоро ҳам инкор кардан мумкин нест. Фақат ҳаминро гуфта метавонем, ки сохтор, идора ва анъанаҳои давлатдории Кушониҳо аз бисёр ҷиҳат ба Юнону Бохтар асос ёфта буданд. Сохтори давлатии Кушониҳо бо анъанаҳои Ҳиндӣ, Юнону Бохтарӣ ва Юнонӣ омезиш ёфта буд. Давлат давлати уломдорӣ буда, сардони онро шоҳ, шоҳи бузург, шоҳаншоҳ, шоҳи кабир ва ябу ҳам меномиданд. Ҳокимони вилоятҳои алоҳида чӣ унвонҳои худӣ ва чӣ кушонӣ доштанд.

Дин. Дар давраи Кушониҳо дар Бохтар динҳои маъмул асосан зардуштӣ ва баъд буддоӣ (бештар) ва насронӣ (камтар) ҷорӣ буда, дини мониявӣ ҳам таъсири зиёд дошт. Дар Суд ҳам вуҷуд доштани ҳамаи динҳои номбаршуда ҳис карда мешуд. Вале дини асосӣ зардуштия буда, бо равияи махсуси худ, ки аз зардуштияи Бохтар фарқ мекард, паҳн гардид.

Маданияти моддии Бохтар дар ҳарфиётҳои солҳои гуногуне, ки дар Тоҷикистону Афонистон ва Ӯзбекистон гузаронида шудаанд, бо номи маданиятҳои Зартеппа, Айртом, Дилварзинтеппа, Тӯпхона, Душанбе (Бохтари шимолӣ), Сурхкӯтал, Баром (Бохтари ҷанубӣ) ё Бохтару Тахористонӣ машҳур мебошанд.

Маданияти давраи Кушониҳо. Дар бораи маданияти давраи Кушониҳо ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки ин давлат ҳудуди калонро дарбар гирифта, дар он халқҳои гуногунзабону гуногунмазҳаб ва гуногунтамаддун зиндагӣ мекарданд. Дар ҳудуди чунин давлат ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати ягонаи давлатии маданият вуҷуд дошта наметавонист. Аз ин сабаб, минтақаҳои алоҳидаи Кушониҳо бештар аз рӯи анъанаҳои тамаддун хуб инкишоф меёфт. Вале дар яке аз соҳаҳои маданият — дин сиёсати давлатии Кушониҳоро ҳис кардан мумкин аст, ки он дар фаъолияти динии Канишка низ зуҳур меёфт.

Маълумот аст, ки Канишка дини буддоияро қабул карда, ба интишори он дар қисмати шимолии давлат роли калон бозид. Вай беш аз1000 муассисаи дини бунёд намуда, тақрибан дар соли 100 милодӣ собори (анҷумани) сеюми калисои буддоиро даъват намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *