Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён. Инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ

Бунёди давлати ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. E дар натиxаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фаҳат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Мидиро ҳам соҳиб шуд.. Куруши II xангҳои зиёде кардааст. E аввал тамоми мулкҳои тобеи давлати Мидиро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлакати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард. Дар асоси хулосаи он далелу мадракҳои хеле кам, ки мо дар даст дорем, метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суд ва кадом як ҳисмати сакоиҳо, яҳинан сакоиҳои ҳавмавара, муяссар гардидааст. Шикасти ҳeшуни ҳахоманишӣ

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба ҳасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарҳии давлат, яъне Осиёи Миёна eро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят e дубора ба сeи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи аҳибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муҳтадири Осиёи Миёна худ дар сари ҳeшун ҳарор гирифта, ба набарди зидди онҳо мерафт. Геродот, Трог-Юстин ва дигар муаллифонро дар бораи ин xангҳои Куруш ва натиxаи онҳо ҳикоятҳои муфассале ҳаст. Ба тариҳи мисол аз ҳикояти Трог-Юстин мазмунан фиҳраи зеринро меоварем: Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарҳро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба xанги зидди скифҳо рафт. Он ваҳт ҳукмрони скифҳо Томирис буд. Вай бо вуxуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури ҳeшуни душманро аз дарёи Окс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман xанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта xон ба саломат бурдан амри маҳол хоҳад шуд. Куруш ҳeшуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар xое таваҳҳуф намуд. Рeзи дигар мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан eрдугоҳро тарк кард ва гeё аз саросемагӣ ба ҳадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Ваҳте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанeз xавони худро бо сеяк ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъҳиби душман фиристод. Xавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки ҳадам ба eрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромeш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхeрӣ масти лояъҳил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адe ба малубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воҳиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оxизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан xудо кард. Томирис ин ҳадар ҳeшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сeзон, балки дар интиҳоми xонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирeза кайфу сафо дорад, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гeё пас аз ин зарбаи сахт ба ҳувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифта, Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кeҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин xо ҳeшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. ҳатто ягон пайке ё xондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боҳӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии eро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеx гоҳ аз он сер намешудӣ» (Юстин, I, 8, 1-13). Дар соли 522 пеш аз милод ҳокимияти Эронро яке аз намояндаҳои сулолаи ҳахоманишӣ Дорои I ба даст даровард (e то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомониҳои хонадони подшоҳӣ ва муборизаҳои тоxутахтталабӣ, ки дар муҳити бeҳрони сиёсиву иxтимоӣ ба вуҳeъ меомад, ба парешонии давлати ҳахоманишӣ ва сар задани xунбишҳои истиҳлолиятхоҳонаи як ҳатор вилоятҳо оварда расонид. Дар навиштаxоти машҳури кeҳи Бесутун, ки Доро ба маҳсади xовидон гардонидани корҳои худ сабт кардааст, аз хусуси фурe нишондани чунин ошeбҳо ба таври муфассал наҳл карда мешавад. Дорои I дар соли савуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муҳобили сакоиҳои тиграхуд лашкар кашид (навиштаxоти Бесутун, V, 20-30). Дар муҳориба сакоиҳо шикаст хeрданд. Ҳисме аз онҳо асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакоиҳо Скунҳа ҳам буд. Дорои I барои сакоиҳо пешвои дигар таъин намуд[1]. Осиёи Миёна ба чор сатрапӣ таҳсим шуда буд. Ҳабилаҳои кeчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба ҳавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблаи 200 таланти[2] нуҳраи бобулӣ хироx медоданд. Хоразм, Суд ва Порт сатрапии ХVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии ХII ба шумор рафта, 360 талант андоз медод. Ниҳоят, сакоиҳо вилояти ХV-ро ташкил намуда, ба маблаи 250 талант хироx медоданд.

ҳанeз аз нимаи дувуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустаҳили худро таъсис менамоянд. Дар ин ваҳт сакоиҳо ҳам аз тобеияти ҳахоманишиҳо берун меоянд.

Давлати ҳахоманишӣ тазоҳури равшани давлати ҳарбии ашрофии уломдорӣ ба шумор мерафт, ки табаҳаҳои ҳукмрон ва соҳибимтиёзи он аз форсҳо ва ҳисман аз мидиҳо иборат буданд. Дар маҳалҳо, алалхусус дар вилоятҳои аз марказ дури давлати ҳахоманишӣ ҳокимияти маъмурони «худӣ», яъне осиёимиёнагӣ хеле ҳавӣ буд: инак, ҳахоманишиҳо ва ашрофи маҳаллӣ якxоя ба аҳолии сатрапиҳои Осиёи Миёна зулму ситам мекарданд.

[1] Струве В.В., 1968; Дандамаев М.А., 1963 6.

[2] Талант – rариб 30 кг нуrра.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *