Ҷамъияти ибтидоӣ. Қавму қабилаҳои ҳудудҳои тоҷикнишин, Ориёиҳо ва Ориёно

Сохти ибтидоии ҷамоавӣ дар таърихи башарият аввалин форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ маҳсуб мегардад. Сохти ҷамоавии инсонӣ  аз пайдоиши инсони соҳибтафаккур, заҳматпешаву меҳнаткаш ибтидо мегирад. Таърихи башарият тақрибан 5 млн. сол пеш аз ин шурӯъ мешавад. Осиёи Марказӣ бошад, таърихи 2,6 млн. сола дорад. Анъаноти таърихнигории ҷаҳонӣ барои сону равштан дарк намудани  таърихи инсоният онро ба давраҳо тақсим меку-над. Мувофиқи ин меъёрҳо таърихи умумиинсонии давраи ибтидоӣ ба марҳалаҳои тӯдагӣ,  авлодӣ ва ҳамсоягӣ ҷудо мешавад. Ба таъбири дигар, таърихи башарият аз давраи тӯдагӣ ибтидо мегирад. Вале мантиқан як нуктаро  метавон баён кард, ки ҳаёти ҷамъиятию сиёсии  ҷамоаи ибтидоӣ аз зиндагию муносибатҳои тӯдагӣ, ёбоӣ, ваҳшигӣ ва рамагӣ сарчашма мегирифт. Асоси иқтисодии онро меҳнат ва истеъмоли якҷоя ташкил медод, ки ба тахассусу тақсими меҳнат ва тақсимот зарурат надошт. Касби асосии тӯдаҳои ибтидоӣ истеъмоли  неъматҳои табиат буд. Истеҳсол вуҷуд надошт. Ҳамин тариқ сохти ҷамоавии ибтидоӣ гуфта аввалин марҳилаи (форматсияи) ҷамъиятию иқтисодиро дар таърихи инсоният меноманд. Ин давра аз пайдоиши инсон то ба вуҷуд омадани синфҳои бо ҳамдигар зидро дар бар мегирад. Хусусияти хоси ин давраро муносибати якхела аъзоёни ҷамъият ба воситаҳои истеҳсолот, тарзи ягонаи ҳиссаи маҳсулоти ҷамъиятиро гирифтани онҳо, вуҷуд надоштани моликияти хусусӣ, синфҳо ва давлат, бартарин олоти меҳнати сангӣ ташкил медиҳанд. Сохти ҷамъияти ибтидоӣ дар таърихи башар таърихи қариб 5 милён сола ва дар Осиёи Миёна бошад қариб 1 милён соларо соҳиб аст. Аҳди қадимсанг .  Дар илми таърих аҳди қадими сангро палеолит /палеос- қадим, литос-санг/ меноманд ва идомати он 2,6 млн. сол қабл аз ҳазораи 9 то милод маҳсуб  мегардад. Олотҳои сангӣ бошанд, аз рӯи шакл, моҳият ва масолеҳашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ба давраҳои гуногуни инкишофи инсоният мансубанд. Давраи аввали қадимсанг аҳди пойинсанг ном дорад ва  аз 2,6 млн. сол то 100 ҳ. сол п.а.м. вуҷуд дошт ва аз ҳама қадимтар аст. Давраи дуюм аҳди қадимсанг миёнасанг ном дошт аз 100 ҳ. сол то 40 ҳ. сол ва давраи сеюми аҳди қадимсанг болосанг ном дошта аз 40 ҳ. сол  то 9 ҳ. солро дар бар мегирад. Асосан  ду намуди қароргоҳҳои аҳди қадимсанг санг маълуманд: саркушода ва маораҳо. Олими маъруфи  тоҷик В А. Ранов маораҳои табиии Ховалингро мушобеҳи аҳди поинсанг шумурда, онҳоро ба ҳамин давра мансуб медонад. Дар Осиёи Миёна ҳоло зиёда аз 10 мавзеи ёдгориҳои ин аҳд, аз ҷумла, Он Арчаи Қиризистон, Анави  Туркменистан, Кисловодский Қазоқистон ва амсоли инҳо маълуманд. Паҳншавии инсоният дар ҳудуди Тоҷикистон аз давраи неандерталҳо ибтидо мегирад. Олотҳои неандар-талҳо чопперу чоппинг буданд, ки таърихи 280 ҳазорсола доранду аз деҳоти Қарато, Лоҳутии Ёвон ва Хонакоҳи Ховалинг ёфт шудаанд.

Аҳди миёнасанг. Инкишофи ҷамъияти қайроқсанги Тоҷикистон.  Асри поинсангро, ки аз 100 ҳ. сол то 40 ҳ. сол пеш аз ин вуҷуд дошт, асри миёнасанг иваз мекунад. Маданияти ин давра аз рӯи бозёфтҳои Ӯротеппа, Қаробӯра /Ҷиликӯл/, Навкат ва Қайроқум омӯхта шудаанд. Асосан чопперу чоппингҳо дарёфт гардидаанд, ки ба мада-нияти Тешиктоши Ӯзбекистон  шабоҳат доранд. Ин олотҳои  меҳнатро маданияти мустё ҳам меноманд. Маданияти Мустёи Тоҷикистонро 40 ҳазор сол пеш аз ин муқаррар кардаанд ва илм ин ақидаро пазируфтааст. Ёдгориҳои аҳди миёнасанг. Таърихи ин давраи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон  назар ба давраи аҳди поин санг бештар ва беҳтар маълум аст. Ҷиҳати хоси ёдгориҳои ин давра олотҳои меҳнати навъи мустёрӣ ва ташаккули одами неандарталӣ мебошад.Ҷиҳати хоси инкишофи инсон дар ин давра шакли одамӣ имрузаро гирифтани неадерталҳост. Бозёфти Тешиктоши Ӯзбекистон машҳури олам гашт. Олотҳои маораи Тешик-тош ҳам олатҳои аҳди мустё мебошанд. Яъне чопперу чоп-пингҳои Тоҷикистонро ҳам неандерталҳо сохтаанд ва истифода кардаанд. Таҳқиқотҳо собит менамоянд, ки бозёфти Тешиктош турбати писарбачаи 7-10 сола маҳсуб гашта, махсус гӯронда шудааст. Мушобеҳи ҳамин аз Тоҷикистон низ олотҳои сангии зиёде ёфт шудаанд. Минҷумла, бештар аз Ӯротеппа, Ҳисор, Данара ва Ҷиликӯл. Олотҳои мазкур ба бозёфтҳои Тешиктошу Обираҳмат, ки дар ҷаҳон маълуманд, шабоҳат  доранд.

Асри  болосанг.  Асри миёнасангро ки аз 40 то 12 ҳазор сол пеш аз ин идома дошт, асри болосанг иваз месозад. Таърихи ин давра хеле сарсарӣ омӯхта шудааст. Мадракҳои каме, ки аз Хоҷаори Чоркӯҳи Исфара ва Самарқанд ёфт шуда-анд, аз хонасозиро  ёд  гирифтанди одамон дарак медиҳанд. Бузургтарин тайироти ин давра ташаккули нави имрӯзаи башар — ҳомосапес маҳсуб мегардад, ки ин ақидаро ҷои одами аз Самарқанд ёфташуда тасдиқ мекунад. Олотҳои чақмоқии аз Шунов ёфташуда ҳам ба давраи болосанг  мансубанд, ки синашон 35-30 ҳазор сол мебошанд: Ёдгориҳои аҳди болосанг.  Дар Осиёи Миёна ёдгориҳои моддии аҳди болосанг кам омӯхта ва кам кашф карда шудаанд. Эҳтимол, ҳаёти ҷамъиятии ин давраро номӯътадилии иқлим муайян мекард. Ба ҳар ҳол иқлими ҳазораҳои 35-20 пеш аз милод чандон мусоид набуд. Ёдгориҳои ин давра аз ҳудуди Тоҷикистон — аз мавзеи Хоҷаори деҳаи Чоркӯҳ ёфт шудаанд. Ҷиҳати хоси ин давра афзудани хелҳои олоти сангӣ ва ташаккули одами ҳозира мебошад.

Ёдгориҳои моддии давраи мезолит.Мезолит- асри миёна санг байни палеолит ва неолитро гӯянд. Ин давраи таърихӣ ҳазораҳои 11-8 пеш аз милодро дар бар мегирад. Ҷиҳати хоси ин давра ихтирои тиру камон ба вуҷуд омадани ашёҳои сафолин, зарфсозӣ киштукор ва чорводорӣ, дар қисматҳои Осиёи Миёна пайдо шудани бошишгоҳҳои шикориён, моҳидорону зироаткорони ибтидоӣ мебошад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои аҳди мезолит аз Ошхонаи Помир ёфт шудаанд. Бошишгоҳи Ошхона аз сатҳи баҳр дар баландии 3,4-4,5 ҳазор метр  воқеъ гардида, дар ҷаҳон баландтарин мавзеи зиндагии одамони ибтидоӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдгориҳои неолит. (асри навсанг/. Барои он асри нави санг меноманд, ки давраи охирини аҳди санг маҳсуб мегардад ва аз ҳамин марҳала гузариш ба асри оҳан сар мешаванд. Аҳди навсанг тақрибан 9-7 ҳазор сол пеш аз инро дар бар мегирад. Ҷиҳати хоси ин марҳала зарфсозӣ, ром кардани ҳайвонот; пайдоиши киштукори зироат, сайқали олоти меҳнат ва амсоли инҳо мебошанд. Дар Осиёи Миёна се намуди ёдгориҳои  неолит маълуманд: ановӣ, калтаманорӣ, ҳисорӣ.

Ановӣ — соф зироаткорӣ;

Калтаманорӣ — моҳидорӣ, шикорчигӣ;

Ҳисорӣ — омехта: зироаткорӣ, чорводорӣ, шикорчигӣ

Зимнан дар охири аҳди мис дар ҳудуди Тоҷикистон ва манотиқи ҳамҷавори он сохти авлодӣ ҷояшро тадриҷан ба муносибатҳои ҳамсоягӣ, деҳотӣ вогузор мекунад. Пайдоиши оила ва оилаҳо ҳис карда мешавад. Умумияти қавмие, ки бо номҳои Хоразмӣ, Бохтарӣ, Судӣ ва Сакоӣ ба вуҷуд омада буданд, асосашонро оилаҳо ташкил медоданд. Ҳаёти иқтисодии ин халқиятҳо ҳам асоси ягона дошт. Масалан, бохтариҳо асосан ба зироаткорӣ, судиҳо ба зироаткорию  чорводорӣ, хоразмиву  сакоиҳо ба зироаткорию чорводорӣ  ва шикор машул буданд. Судиҳо, бохтариҳо, мариёниҳо, хоразмиҳо, портҳо ва қабилаҳои мухталифи  сакоӣ ба қавмҳои эронӣ мансуб мебошанд. Аз рӯи бозёфтҳо забонҳои судӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, хутанӣ ва сакоӣ забонҳои шарқии эронӣ; портӣ ба забони арбии эронӣ дохил мешаванд.

Эътиқод, идеология, дин. Аз надонистани бисёр воқеоти ҷамъият инсоният маҷбур буд, ки таҳаюлоти хешро баҳри дарки табиату ҷамъият истифода намояд. Тамоми ҳодисотро ҳамчун қувваи беруна шарҳ медод,  ва ин қувва аз парастишу ситоиши бод, гармо, сармо, офтобу, моҳтоб, сайёрагон, кӯҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо, дарахтон, ҳайвоноту паррандагон то ба офаридагори ягона — Худоҳо рафта мерасид. Анъанаҳои осиёмиёнагии ҷамъият ташаккули ин равандро дар мисоли «Авасто» медонад: Митра /Меҳр/, Ардвасура, Анаҳито/. Ва баъдтар Худои ягона Ахура Маздо /Ахураи Доно/ парастиш карда мешуд. Зимнан дин ҳамчун як шакли ҳастии ҷамъиятӣ дар тамаддуни ҷамъият нақши худро бозидааст ва мебозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *