Брайн Трейси — Нобиғаи бизнес

Брайан Трейси (Brian Tracy) — соҳибкори муваффақ ва нависандаи канадагӣ. Ӯ намунаи хуби он аст, ки чӣ тавр шумо метавонед ҳаёти худро дар муддати чандин сола меҳнати зиёд ба кулли тағйир диҳед.

Брайан на танҳо якчанд ширкатҳои бомуваффақиятро офарид ва ба таври қобили мулоҳиза назорат кард, ӯ ҳамчунин муаллими бомаҳорат буда,  дар асоси таҷрибаи худ ба ҳазорҳо нафар роҳу услуби тиҷоратро меомӯзонад. Барои онҳое, ки натавонистанд семинарҳояшро дар бар гиранд, Брайан дар  чиҳил китоби худ ҳамаи маслиҳатҳо оид ба худшиносӣ, такмил ва ташаккули шахсияти муваффақ шарҳ дода шудааст.

ОВОНИ КӮДАКӢ

Брайан Трейси 27-уми ноябри соли 1944 дар Ванкувер, Канада таваллуд шудааст. Кӯдакии ӯ хело ҳам дарднок сипарӣ шудааст. Падари ӯ коргари корхонаи абрешим буд ва модараш дар мактаб таълим медод. Дар он солҳо музди меҳнати онҳо барои пурра таъмин кардани тамоми оилаҳо кофӣ набуд. Дар ҳолате, ки Трейси боз се бародари дигар дошт : Робин, Далмар ва Павлус буданд. Брайан иқрор шуда буд, ки танҳо чизе, ки ӯ дар бораи кӯдакиаш дар хотир дорад, эҳсоси доимии гуруснагӣ мебошад.

Мутаассифона, барои ба анҷом расонидани донишгоҳ, пул лозим буд, ки оилаашон надоштанд. Бинобар ин, Брайан қарор дод, ки мактабро тарк кунад ва аввалин маротиба дар ҳаёташ кор кунад. Дар аввал ӯ ҳамакора буд ва пас аз он ки фаҳмид, ки дар ин ҳолат пули хуб  кор намекунад, ӯ ба қарор омад, ки ба  киштӣ рафта корро онҷо оғоз намояд. Ҳашт соли ҳаёташро ӯ дар сафар гузаронид ва хилқати худро тамоман иваз намуд. То он даме, ки ӯ ба «Замини калон» баргашт, ӯ шахси комилан дигар шуд.

Корҳои душвор ба писарак сахт таъсир карданд ва дарси муҳимтаринро дар ҳаёташ нишон дод: «Барои ноил шудан ба натиҷаҳои бузург, шумо бояд кӯшиш кунед, ки мақсадҳоятонро ҳадди ақал наздик шавед ва муваффақ гардед». Дар синни 22-солагӣ Брайан қарори ҷиддӣ қабул намуда, худ ҳамчун як агенти фурӯш ба кор шурӯъ кард.

Таҷрибаи аввалро дар фурӯш Брайан дар як ширкати сармоягузории хурд, ки дар он ӯ ҳамчун намоянда кор мекард, гирифт. Дар аввал, фурӯш барор намегирифт, вале вай ба худ боварии зиёд дошт ва малакаҳои фурӯши худро рӯз то рӯз сайқал медод. Дар вақти холӣ, ӯ бисёр хонда, пулҳои худро барои дарсҳояш сарф мекард, ва як сол баъдтар меваҳои аввалини меҳнаташро чашид. Аз мағлубтарин шахс, ӯ дар ширкати худ ба беҳтарин фурӯшанда табдил ёфт.

Дар  25 солагӣ, ҷавонон бо дӯстони худ бисёр  хурсандӣ мекунанд ва хуш мегузаронанд вақташонро, аммо Брайан ҳама вақт барои рушди касбӣ ва мутахасиси касбӣ шуданаш меҳнат мекард. Соли 1969, ҷавонписар пас аз меҳнатҳои тӯлонӣ, ба курсии муовини президенти ширкат соҳиб шуд.

Бисёриҳо дар ин мансаби соҳибгаштаашон дигар пеш намерафтанд, аммо танҳо на Брайан Трейси. Ӯ ба ҳайрат меафтад: «Чаро баъзеҳо аз ҷиҳати моддӣ мустақиланд, дар ҳоле ки дигарон дар камбизоат зиндагӣ мекунанд?». Пас аз он ки сарфи назар аз 100 соат фикр кунад, Трейси ба хулоса омад, ки муваффақият вобаста ба чанд фикри хуби шумо метавонад ба воқеият табдил ёбад аст. Ба ибораи дигар, барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои хуб,инсон  ҳамеша бояд амал кунад ва дар ҷояш наистад.

Дар синни 30-солагӣ, Брайан донишгоҳро хатм намуда, дар яке ширкати тиҷоратии калон кору фаъолият мекард. Бо назардошти таҷрибаи хуб дар ин соҳа, Трейси барои боз ҳам беҳтар хубтар фаҳмидани кор аз ҳамкоронаш бештари чизҳоро мепурсид. Якчанд сол пас ӯ сардори идора шуд ва даромади солонаи онро ба 50 миллион доллар расонд.

Баъд аз он, Брайанро дар агентии рекламавӣ, бонк, ширкатҳои бузургтарин кишвар ба кор даъват мекарданд . Дар айни замон ӯ усули беҳамтои худшиносии худро рушд намуд: аввал ӯ аз ҳамаи одамоне, ки муваффақ шуданд, омӯхт ва сипас бештари вақти худро ба китобнависӣ сарф намуд.

Дар охир Брайан Трейси ширкати худро «Brian Tracy International»-ро таъсис дод. Он дар нашрияи адабиёт ва омўзиши беназир дар соҳаи психологияи бизнес табодули назар карда шуд. Брайан Трэйси яке аз нобиғаҳои беҳтарин дар соҳаи соҳибкорӣ мебошад. Ба ифтихори ӯ ҳатто донишкада — Коллеҷи Brian Tracy College Business and Entrepreneurship номгузорӣ шудааст.

Тарҷума аз забони русӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *