Усули парвариши микроорганизмҳо

Нақша:
1.Намудҳои муҳити ғизоӣ
2.Муҳити сунъӣ
3.Муҳити ғизоии сахт
4.Култураи элективӣ
5.Методҳои стерилизатсия
Правариши тозаҳ ин парвариши одного- якнамуди бактерияҳо мебошад. Дар ҳосилшавии як намуди организми бактериялӣ бояд морфологияи ин намуд, афзоиш ва хусусияти физиолого-биохимиявиро омўхтан лозим аст.Барои ҳосилкунии култура- маҳсулоти тоза муҳити ғизоӣ истифода бурда мешавад.Ду намуди муҳити ғизоӣ фарқ карда мешавад:
1.Муҳити табиӣ
2.Муҳити сунъӣ
Ба мухити табиӣ шир- муҳит аз картошка дохил мешавад. Шир бисёр моддаҳои ғизоӣ-равғанҳо, сафедаҳо, ангиштобаҳо, витаминҳо доранд. Картошка муҳит барои парвариши бисёр бактерияҳо ҳисоб мешавад.
Ба муҳити сунъӣ –МПБ, МПҶ  сахарний агар МПА – мясопептиовой агар бактерияҳоро дар муҳити ғизоии сунъии сахт ва маҳлул парвариш мекунанд. Ба сифати муҳити ғизоии сахт моддаҳои коллоидии ҷелатин, агар-агар истифода бурда мешавад. Агар-агар полисахарид буда, аз оҳсабзҳои ҷигарранги баҳрӣ, ҷелатина- моддаи азотдор буда аз шох ва сулии ҳайвонҳо тайёр карда мешавад. Аз агар- агар 2% , ҷелатина 10% гирифта ба онҳо муҳити ғизоӣ ҳамроҳ карда шавад дар рўи он бактерияҳо месабзанд. Ба моддаи ғизоӣ булони гўшту пептон ва намак илова карда мешавад дохил мешаванд. Дар вақти тайёр кардани муҳит аз моддаи агр-агар ва  ҷелатин онро гарм мекунанд то ҳалшавӣ, филтр мекунанд ба пробиркаҳо мерезем ва стерлизатсия карда мешавад. Агар- агар дар t 0 –И 1000 С ҳал мешавад. Дар вақти дар косачаи Петрӣ кишт кардани бактерияҳо, ки дар он муҳити ғизоӣ мавҷуд аст коллонияи бактерияҳо ҳосил мешавад.
Маҳсулоти тоза  барои замбўғҳо ва обсабзҳо низ ҳосил мекунанд. Мисол ҳосил кардани маҳсули тоза  аз дроҷҷи дар истеҳсоли пиво, ҳосилкунии пиво.
Култураи элективӣ – маҳсулоти элективӣ маълум аст. Дар вақти кишти маҳсулоти элективӣ хусусияти биологӣ ва гурўҳҳои экологии микроорганизмҳо ба назар гирифта мешавад. Мисол сенная палочка- Bac- subtitis –чўбчаи коҳӣ. Ин чўбчаҳо дар коҳи хушк дар намуди спора дучор мешавад.Барои ин кор шира аз кох гирифта онро меҷўшонанд.Дар давоми 15 дақиқа камтар мел ҳамроҳ мекунанд, барои нейтрализатсияи кислотнокӣ ба колба дохил карда ба термостат мегузоранд. Баъди 2-3 рўз дар рўи маҳлул плёнкаи тозаи чўбчаи коҳӣ ҳосил мешавад. Дар коҳи хушк спораи баъзе бактерияҳо иштирок мекунанд танҳо чўбчаи кохӣ афзоиш мекунад. Дар натиҷаи ҷўшонидан бактерияҳо дар баъзе бактерияҳо спораҳо мемиранд. Шарбати кох барои расиш ва тараққиёти чўбчаи кохӣ аҳамияти калон дорад.
Маҳсулоти элективӣ- роҳи асосии ҷудокунии бактерия аз хок кадоме, ки микроорганизми бисёр мавҷуд аст. Ҳамин тавр аз намудҳои гуногун як намуд тараққӣ мекунад. Мисол аз хок, навоз пору.

Саволхо барои такрор ва мустахкамкуни:
1.Парвариши тоза чист?
А) парвариши як намуди организми бактерия мебошад
Б) парвариши ду намуди организми бактерия мебошад
В) парвариши се  намуди организми бактерия мебошад
Г) парвариши чор  намуди организми бактерия мебошад
Д) парвариши бисёр  намуди организми бактерия мебошад
2.Барои ҳосилшавии як намуди организми бактериалӣ бояд чиро омўхтан лозим аст?
А) бояд морфология, афзоиш ва хосияти биохимиявӣ физиологии намуд
Б) бояд морфологияи намуд
В) бояд афзоиши намуд
Г) хосияти биохимиявии намуд
3.Чанд намуди муҳити ғизоӣ фарқ карда мешавад?
А) ду намуди муҳити ғизоӣ
Б) се намуди муҳити ғизоӣ
В) чор намуди муҳити ғизоӣ
Г) намуди муҳити ғизоӣ сунъӣ
Д) бисёр намуди муҳити ғизоӣ
4.Б муҳити ғизоии табиӣ чиҳо дохил мешаванд?
А)муҳит аз шир, картошка
Б) муҳит аз агар-агар
В) муҳит аз ҷелатина
Г) муҳит аз моддаи пептон
Д) муҳит аз МПА- мясо пептоного агар
5.Ба муҳити ғизоии сунъӣ чиҳо дохил мешавад?
А) муҳити МПБ,МПҶ муҳити қанду агар
Б) муҳит аз гўшт
В) муҳит аз картошка
Г) муҳит аз шир
Д) муҳит аз лўбиё
6.Шир кадом моддаҳои ғизоиро дорад?
А) равған, витамин, сафеда, ангиштоба
Б) шир ферменти амилаза дорад
В) ферменти диастаза дорад
Г) ферменти дегидрогеназа дорад
Д) ферменти липаза
7.Моддаи агар-агар дар ҳарорати чанд ҳал мешавад?
А) 1000 С ҳал мешавад
Б) 900 С ҳал мешавад
В) 700 С ҳал мешавад
Г) 500 С ҳал мешавад
Д) 1100 С ҳал мешавад
8.Маҳсулоти элективӣ чист?
А) аз намудҳои гуногун як намуд тараққӣ мекунад
Б) аз намуди алоҳида ду намуд тараққӣ мекунад
В) аз намудҳои бисёр ҷудошавии бактерия
Г) аз як намуд ҳосилшавии намуди нави бактерия
Д) аз ду намуд ҳосилшавии бактерияҳо
9.Дар вақти кишти маҳсулоти элективӣ чӣ ба назар гмрмфта мешавад?
А) хусусияти биологӣ ва гурўҳҳои экологии микроорганизмҳо ба назар гирифта мешавд
Б) хусусияти физиологӣ
В) генетикаи ҳуҷайраҳои микрорганизмҳо
Г) хусусияти морфологӣ
Д) анатомияи микрорганизмҳо
10.Кадом растаниҳо ва бактерияҳо ҳаворо аз худ мекунанд?
А) растаниҳои лўбиёгӣ ва бактерияҳо
Б) растаниҳои асаловар ва бактерияҳо
В) растаниҳои ксерофитӣ ва бактерияҳо
Г) растаниҳои гидрофитӣ ва бактерияҳо
Д) растаниҳои гигрофитӣ ва бактерияҳо

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *