Генетикаи бактерия. Тараққиёти бактерия

Нақша:
1.Тақсимшавии ҳуҷайраи бактерияҳо
2.Ирсият ва тағйирпазирии микроорганизмҳо
3.Мутатсия
4.Трансформатсия ва трансдуксия.
Дар бактерияҳо ғайр аз протссеси афзоиш дар натиҷаи тақсимшавӣ ҳуҷайраи бактерия протссеси расиш ва тараққиёти бактерия дида мешавад. Дар вақти тақсимшавӣ аз ҳуҷайраи модарӣ ҳуҷайраи духтарӣ ҳосил мешавад. Бисёрии бактерияҳо дар сикли инкишофи фазаҳоро муайянро аз сар мегузаронанд. Мисол бактерияҳои лўндакӣ дар ҷавонӣ шакли чўбчаро дошта дар оянда шакли шоханок (бактероидҳоро) мегирад.Сикли тараққиёти чўбчаҳои қоҳиро дида мебароем.Чўбчаи қоҳӣ дар ҷавонӣ қамчинаки бисёр дорад ва ҳамавақт ба маҳлули муҳити ғизогӣ ҳаракат мекунанд.
Баъд қамчинакашро мепартояд ва занҷири дарози ҳуҷайраро ҳосил мекунад .Баъди якчанд маротиба такрор кардан сикл чўбчаи қоҳӣ спора ҳосил мекунад.Бактерияи ресмоншакли обӣ кладотрикс чунин сикли тараққиётро дорад.Дар аввал шакли ҳуҷайраи начандон калони қамчинакдор. Баъд ба ягон чизи зериобӣ часпида, қамчинаки худро гум мекунад ва дар натиҷаи тақсимшавӣ ресмони дарозе ҳосил мекунад, ки он бо луоб пўшида шудааст. Ресмон аз як тараф варам мекунад. Охири ҳуҷайра (генидия) влагалиша- луобро партофта сикл сар мешавад.
Баъзе бактерияҳо протссеси ҷинсӣ доранд, ки онро конъюгатсия меноманд.
     Ирсияти ва тағйирпазирии микроорганизмҳо
Дар ҳозира вақт ирсият ва тағйирпазирии микроорганизмҳо аз дигар организмҳо нисбатан пурра омўхта шудааст. Дар бактерияҳо ирсият ва тағйирпазирӣ ба роли калони кислотаи нуклеинии ДНК вобаста аст. Роли ДНК дар ирсият ва ҳосилшавии рибосомаи информасионӣ ва синтези сафеда барои омўзиши қонуниятҳои ирсии умумибиологӣ дар организмҳо калон аст. Тағйирёбии чуқур ва ботамкин, ки характери ирсӣ дорад мутасия н\мон якбора ва кам ба вуҷуд меояд. Мисол дар популясияи микробҳои якҳуҷайра ба таври мутасионӣ аз 107 то 108 ҳуҷаӣра тағйир меёбад. Дар натиҷаи таъсири баъзе факторҳо (мутагенҳо) ба вуҷудоии мутасияро дида мешавад. Дар соли 1925 аввалин бор аз тарафи Г.А. Надсон ва Г.С. Филипов таъсири мутагении нурҳои рентгениро ба организмҳои  дроҷҷиро кушоданд. Дар соли 1928 ва соли 1932 Г.А Надсон ва Мейсел М.Н мутасияро дар дроҷҷҳо бе таъсири моддаи химиявӣ –хлороформ ва маҳлули пасти намаки сианӣ кушоданд. Дар ҳозира вақт бисёр моддаҳои химиявии мутасияро ба вуҷуд оранда маълум аст (колхисин, этиламин). Тағйирпазирӣ ғайр аз мутатсия дар натиҷаи трансформасия, трасдуксия ва протссеси ҷинсӣ (конюгатсия ) ба амал меояд. Дар ҳамаи ин ҳодисаҳо тағййрпазирӣ аз як ҳуҷайра ба дигараш мегузарад. Яке аз шаклҳои тағйирпазирӣ дессотсиатсия дар бактерияҳо мебошад.ДНК дар ядрои ҳуҷайра ҷойгир аст. Тағйирот дар хосиятҳои бактерияҳо мушоҳида карда мешавад.ДНК роли ирсиро бозида хромасомаҳо ҳосил карда, участка алоҳида генҳои ахбороти дорад ва ў фактории асосии хусусияти ирсии организмро муайян мекунад. Моддаҳои сафедагӣ асоси организмҳои зиндаро буда, аз аминокислотаҳо иборат мебошад. Дар организмҳо 20 аминокислотаҳо иборат мебошад аз сафедаҳо таркиб ёфтаанд. Кислотаҳои нуклеинии ДНК ва РНК аз 3  структураи элементҳо: азотӣ ангиштоба (қанд) кислотаи фосфорӣ иборат мебошад.
ДНК полимерии мураккаби массаи аз 4 то 10 млн дорад. ДНК аз 2 занҷири нуклеопртеиди иборат мебошад.Ба таркиби ДНК қанд дезоксирибоза дохил мешавад
С5 Н10 О4 – дезоксирибоза. Дар проссеси мубодилаи мода аминокислотаҳо ҳосил мешавад. Дар синтези сафеда дар растаниҳо 3 рибосамаҳо РНК-и  информатсионӣ , РНК-и рибосомалӣ , РНК- и ахборотӣ транспортӣ барои фаъолнокиашон ферментҳо лозим аст. Тағйирёбии фенотипи ирсӣ набуда, тағйрёбии модификасионӣ номида мешавад.
Трансформатсия— ин тағйирёбии хосияти ирсии бактерия
Трансдуксияи бактерия— ин бо ёрии фаг, доду гирифти аломатҳо аз як бактерия ба дигараш ба амал меояд. Мисол тобовари ба қанд, пенисилин , ҳосилшавии спораҳо .

Комёбиҳои тараққиёти генетика.
Антибиотикҳо ва биопрепаратҳо – терамисинҳо, биомисинҳо то 600 % зиёд карда шудаанд. Дар истеҳсолот аз штамҳои микроорганизм эритрамиза ва олеандомисинро истеҳсол карданд. Микроорганизмҳое, ки бо роҳи генетикӣ ҳосил кардашудаанд дар истеҳсоли ситаминҳо , препаратҳои гормоналӣ, ферментҳо ва дигар пайвастагиҳо роли калон мебозанд.
Микробиология ҳоло тараққиёти бактерияҳо ва омўхтани физиологияи тараққиёти бактерияҳоро барои тағйирёбии хосияти организмҳои бактериалӣ вазифа гузоштааст.

Саволхо барои такрор ва мустахкамкуни:
1.Дар бактерияҳо ғайр аз протссеси афзоиш дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайра кадом протссес дида мешавад?
А) расиш, тараққиёт
Б) фазаи анафаза
В) ишкишоф
Г) зиёдшавӣ
Д) камшавӣ

2.Бактерияҳо кадом фазаҳоро мегузаронанд?
А) бактерияҳои лўндакӣ дар ҷавонӣ шакли чўбчаро мегирад
Б) шакли лўндаро мегирад
В) ҳуҷайраи калони қамчинакдор
Г) ҳаракатнок
Д) беҳаракат
3.Ирсият ва тағйирпазирӣ ба чӣ вобаста аст?
А) ба роли кислотаҳои нуклеинӣ ДНК
Б) ба роли РНК
В) ба роли РНК- и транспорт
Г) ба роли РНК- и ахборотӣ
Д) синтези сафеда
4.Папулятсияи микробҳои як ҳуҷайра чӣ тавр тағйир меёбад?
А) мутасионӣ аз 107 то 108
Б) мутасионӣ аз 105 то 106
В) мутасионӣ аз 104 то 103
Г) мутасионӣ аз 102 то 103
Д) мутасионӣ аз 101 то 102
5.Тағйирпазирӣ дар натиҷаи кадом ҳодисаҳо ба амал меояд?
А) мутасия, тарнсформасия, тарнсдуксия
Б) хосиятҳо бактерияҳо
В) генҳои ахборотӣ
Г) аминокислотаҳо
Д) сафедаҳо
6.Дар организми бактерияҳо чанд то аминокислотаҳо дорад?
А) 20 аминокислота
Б) 18 аминокислота
В) 15 аминокислота
Г) 10 аминокислота
Д) 5 аминокислота
7.Кислотаҳои нуклеинии ДНК ва РНК аз чӣ иборат аст
А) 3 структураи элементҳо
Б) 2 структураи элементҳо
В) 4 структураи элементҳо
Г) 5 структураи элементҳо
8.Ба структураи элементҳо чиҳо дохил мешаванд?
А)  азотӣ, ангиштобагӣ, кислотаи фосфорӣ
Б) равған
В) липоиди
Г) валютин
Д) гемиселлюлоза
9.Кадом олим соли чанд таъсири мутагении нурҳои рентгениро ба организмро кушод?
А) соли 1925 Г.А Надсон
Б) соли 1928 М.Н Мейсел
В) соли 1972 Гулегел Н.А
Г) соли 1963 Фёдоров М.В
Д) соли 1966 Зеленская Г.Р
10 Микроорганизмҳое, ки бо роҳи генетикӣ ҳосил карда шудаанд кадомҳоанд?
А) витаминҳо , гормонҳо, ферментҳо
Б) тетрасиклин
В) антибиотикҳо
Г) биомасин
Д) олеандомисин

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *