Фаъолнокии бактерияҳои лўндакӣ

Нақша:
1.Активияти бактериҳои лўндакӣ
2.Кори олим Ф.В. Турчин
3.Клостридий. Намуди бактерияи лўндакӣ
Намуди бактерияи лўндакӣ вирулентнокии зиёд шуда лўндакҳои бисёр ҳосил мекунанд, лекин азотро аз атмосфера ҳаво фиксасия карда наметавонад. Бактерияҳо лўндакчаҳои руштӣ доштаро леггемоглобинӣ , гемоглобини растаниҳои лўбиёгӣ мебошад. Дар растании дараҷаи олии клевер – юнучқа фаъолнокии бактерияҳо дида мешавад. Ба ин растаниҳо пайвастагиҳои азотии минералӣ надиҳем, онҳо ба ҳалокат мерасанд, гарчанде, ки решаашон лўндакҳои зиёд дошта бошанд. Тадқиқотчиён маълум намуданд, ки факторҳои генетикии худи растанӣ ба гумшавии бактерия оварда мерасонад. Бактерияҳои лўндакӣ дар хок бе растаниҳои лўндакӣ вуҷуд дошта метавонанд, лекин азоти атмосфераро фиксасия карда наметавонанд.
Таҷрибаҳо бо азоти N2 15 дар солҳои охир олимонро ба хулоса овард, ки бактерияҳои лўндакӣ танҳо худашон азоти ҳаворо аз худ карда натавониста онҳо танҳо бо иштироки растаниҳои лўбиёгӣ ва бактерияҳо аз худ карда метавонанд. Дар натиҷаи таҷрибаҳо маълум шуд, ки бактерияҳои лўндакӣ бофтаи бактероидҳои лўндакиро пайдо карда метавонанд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои Л.М. Доросинский , И.М Лазерева ва А.А Шамина бактерияҳои нофаъоли лўндакӣ бофтаҳои бактероидҳоро ҳосил карда натавонистанд лўндакҳои фаъол аз сафеда ва азоти  дар об ҳалшаванда бой мебошанд.
Таҷрибаҳои солҳои охир бо истифодабарии N2 15 нишон дод, ки азотро лўндакҳо фиксасия мекунанд. Олим Е.Н Мишустин ҳисоб карда, ки майдони растаниҳои лўбиёгӣ дошта ҳар сол 3,5 млн тонна азотро ҷамъ мекунанд. Соли 1961 ҳамаи саноати химиявӣ 0,8 млн тонна поруҳои азотро  кор карда  баромад. Бактерияҳои лўндакӣ на танҳо дар решаи растанӣ, балки бисёртар дар хок дида мешаванд. Онҳоро аз хок бо методҳои гуногуни Красилников ва Корняко соли 1940 ҷудо карда мешавад. Бактерияҳои лўндакӣ дар табиат дар дигар симбионтҳо вомехўранд.Дар решаи растании олха пуфаки – варами калон чўбчагӣ- лўндакӣ ҳосил мекунад. Дар лўндаки олха бактерия мавҷуд набуда актиномисетҳо мавҷуд аст. Олха азотро аз ҳисоби актиномисетҳо мегирад растаниҳои лўбиёгӣ аз бактерияҳо. Дар Ҳиндустон растании Павета- Pavetta бактерияҳо дар баргашон ҳосил мешаванд. Симбиол характери ирсӣ дорад,ва азотро фиксасия мекунад.Аҳолӣ ин растаниро ҳамчун ашёи сабз истифода мебаранд.Азотофиксаторҳои озод ҳаёт гузаранда яке аз он бактерияҳо клостридий мебошад.ў чўбчашакл 3-4 ммк дарозӣ дошта спораҳо медиҳад қамчинак дорад ҳама ҷои танаро фаро гирифтааст. Дар ҳавои оксигендор тараққӣ намекунад. Дар муҳити анаэробӣ тараққӣ мекунад. Клостридий дар туршшавии равғанӣ иштирок мекунад.
С6 Н12 О6 →СН2 СН2СН2СООН + 2СО 2  + 2Н2 +65к
глюкоза        кислотаи равғанӣ
Роли клостридий дар ҳосилшавии энергия калон аст. Дар шароити лабораторӣ клостридиум азоти атмосфераро ба миқдори кам аз худ мекунад.Клостридий бисёр бактерияи паҳншуда ҳисоб шуда дар хокҳои гуногун вомехўрад.Ин бактерия дар хокҳои турш мўътадил ва хокҳои сиёҳзамини ишқорӣ вомехўрад.

Саволхо барои такрор ва мустахкамкуни:
1.Дар кадом  растаниҳои дараҷаи олӣ фаъолнокии бактерияҳо дида мешавад?
А) юнучқа
Б) мош
В) биринҷ
Г) ҷав
Д) сулӣ
2.Ба растаниҳо чӣ додан лозим аст?
А) пайвастагиҳои азотии минералӣ
Б) пайвастагиҳои фосфорӣ
В) пайвастагиҳои натригӣ
Г) пайвастагиҳои хлоридӣ
Д) пайвастагиҳои бромидӣ
3.Лўндакҳои фаъол аз чӣ иборат аст?
А) сафеда ва азот
Б) равған
В) липоид
Г) гликоген
Д) гемиселлюлоза
4.Мувофиқи нишондоди олим Е.Н Мишустин растаниҳои лўбиёгӣ ҳар сол чанд тонна азотро ҷамъ мекунанд?
А) 3,5 млн тонна
Б) 3 млн тонна
В) 3,2 млн тонна
Г) 3,3 млн тонна
Д) 2,9 млн тонна
5.Бактерияҳои лўндакӣ дар куҷо дида мешаванд?
А) дар хок решаи растаниҳои лўндакӣ
Б) дар барги растаниҳои лўндакӣ
В) дар танаи растаниҳои лўндакӣ
Г) дар қум
Д) дар ҳаво
6.Дар Ҳиндустон бактерияҳо дар куҷо ҳосил мешаванд?
А) бактерияҳо дар баргашон ҳосил мешаванд
Б) бактерияҳо дар тана
В) бактерияҳо дар реша
Г) бактерияҳо дар муҳити нами қумнок
Д) бактерияҳо дар ҳаво
7.Симбиол чӣ хел характер дорад кадом вазифаро иҷро мекунад?
А) характери ирси азотро фиксасия мекунад
Б) характери ғайриирсӣ ва азотро фиксасия мекунад.
В) характери лўндакӣ дошта бромро фиксасия мекунад
Г) характери тушшавӣ дошта озонро фиксасия мекунад
Д) характери равғанӣ дошта фторро фиксасия мекунад
8. Бактерияҳои клостиридиум чӣ хел шакл дошта чӣ медиҳад?
А) чўбчашакл, спораҳо медиҳад
Б) ресмоншакл, зооспораҳо медиҳад
В) лўндашакл , тетраспораҳо медиҳад
Г) спиралшакл , конидоспораҳо медиҳад
Д) кокшакл, хломидоспораҳо медиҳад
9.Бактерияҳои лўндакро аз чӣ , кадом олим ҷудо кард?
А) аз хок олим Красилников ва Корняко ҷудо кард
Б) аз қум олим Гусев М.В ва Минеева Л.А ҷудо кард
В) аз гил олим Колешко О. И ҷудо кард
Г) аз санглох олим Фёдоров М.В ҷудо кард
Д) аз махсулоти хўрока олим Еҷов Г.И ҷудо кард
10.Антигенҳо чист?
А) моддаи калонмолекулаи хосияти сафеда дошта
Б) моддаи молекулаи хурд дошта хосияти равғанӣ дошта
В) моддаи молекула надошта хосияти ядрогӣ дошта
Г) моддаи молекулаи гигант дошта хосияти барқароршавӣ дошта
Д) моддаи молекулаи суюқ дошта хосияти  оксидшавӣ дошта

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *