Типи лӯндакирмҳо ё якумин ковокидорҳо

Типи  лӯндакирмҳо  ё якумин ковокидорҳо 
Нақша: 
1. Хусусиятҳои  хоси  лӯндакирмҳо.
2. Синфи шикаммиxгонҳо.
3. Синфи лӯндакирмҳои ҳақиқӣ. Характеристикаи умумӣ.
4. Намояндагони асосии  нематодаҳо.  Нематодаҳо  муфтхўри
одам ва  ҳайвонот.
5. Филогенияи типи лӯндакирмҳо.
Зиёда аз 100 ҳазор намуди лўндакирмҳо маълум аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон 435 намуди онҳо  ба рўйхат гирифта шудааст. Танҳо дар паррандагон 160  намуди муфтхўри онҳо муайян карда шудааст. Лўндакирмҳо дар бофтаҳо ва узвҳои гуногуни ҳайвоноти ширхўр ва паррандагон, инчунин растаниҳои гуногуни хоҷагии кишоварзӣ муфтхўрӣ карда, касалиҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Байни онҳо намудҳои озодҳаётгузаронанда низ ҳастанд, ки онҳо дар баҳру уқёнусҳо, обҳои ширин ва хок зиндагӣ мекунанд.
Аломатҳои  хоси  лӯндакирмҳо:
1. Тана ба ҳисса ҳо xудо нашудааст.
2. Дар лўндакирмҳо баръакси паҳнкирмҳо ковокии якумини  бадан —
схизосел дида мешавад, яъне байни  узвҳои дарунӣ тарқиш (xои холӣ)
дида мешавад. Схизосел дар натиҷаи вайроншавии паренхима, ки
фосилаи байни девори бадан ва узвҳои дохили онро пур мекунад,
пайдо шудааст.Схизосел ба ковокии якуми ҷанин – бластосел монанд
аст. Пайдоиши схизосел дар эволютсияи ҳайвоноти бесутунмўҳра як
ҳодисаи пешравӣ ба шумор меравад. Вазифаи асосии он нақлиётӣ
мебошад. Ҳаракати моддаҳои ғизогӣ ва маҳсули мубодилаи модда, дар
ковокии бадан нисбат ба паренхима тезтар ба амал меояд. Дар
ковокии бадан гомеостази муҳити дохилии организм нигоҳ дошта
мешавад.
3. Системаи хунгард ва нафаскашӣ нест.
4. Системаи  ихроҷ – протонефридия ё шаклдигаркардаи ғадудҳои
махсуси гиподерма мебошад.
5. Системаи мушаки лўндакирмҳо  танҳо аз мушакҳои дарозрeя иборат
буда, мушакҳои ҳалқашакл  дида намешавад.
6. Дар системаи ҳозима  ба ғайр аз рўдаи пешу миёна рeдаи оқиб ва
сeрохии маъқад  низ дида мешавад.
7. Дар лўндакирмҳо таркиби ҳуҷайраҳои бадан доимӣ аст, аз ҳамин
сабаб, онҳо қобилияти аз нав эҳёшавӣ надоранд.
8. Аксарияти лӯндакирмҳо xудоҷинса буда,  аппарати xинсӣ нисбатан
содда  мебошад.
Типи лӯндакирмҳо  ба якчанд синфҳо тақсим мешавад, ки  муҳимтарини онҳо зеринҳо мебошад:
1.Синфи шикаммиҷгонҳо – Gastқotқicha
2. Синфи лӯндакирмҳои ҳақиқӣ ё  нематодаҳо — Nematoda
3. Синфи киноринхиҳо — Kinoқhyncha
4. Синфи мўйшаклҳо (волосатикҳо) — Nematomoқpha
5. Синфи коловраткаҳо — Қotifeқa
6. Синфи приапулидҳо- Pқiapғlida

 

Аз рўи тадқиқоти В.В.Малахов (1989) ин синфҳоро ба якчанд тип муттаҳид кардан мумкин аст.

Синфи шикаммиxгонҳо
Шикаммиxгонҳо гурeҳи наонқадар калон (наздик 160 намуд), ҳайвонҳои хеле майда (1-1,5мм). Омeхтани ин гурeҳи ҳайвонҳо  аҳамияти калон дорад. Зеро онҳо бо як  қатор аломатҳо (мавxудияти ковокии якeмини тана, баъзе намудҳо  xудоxинса ва мавxудияти рeдаи оқиб ва сeрохии маъқад)  ба лӯндакирмҳо монанд, бо баъзе аломатҳо бошад ба турбеллярияҳо монанд (дар тарафи  шикамӣ мавxуд будани миxгонакҳо – барои ҳаракат  кардан, системаи  xудокунии протонефридиалӣ, монандии  аппарати xинсӣ, вале дар байни  инҳо намудҳои  xудоxинса низ ҳаст). ҳам дар баҳрҳо ва ҳам дар обҳои  ширин дучор мешаванд. Омeхтани шикаммиxгонҳо барои муайян кардани филогенияи  лӯндакирмҳо аҳамияти калон дорад. Онҳо алоқамандии лӯндакирмҳоро   бо турбеллярияҳо нишон медиҳанд.

Синфи лӯндакирмҳои ҳақиқӣ ё нематодаҳо
Нематодаҳо  яке аз синфҳои калонтарини  кирмҳо буда, зиёда аз  10 ҳазор намуди  онҳо тасвир карда шудааст (дар асл мувофиқи баъзе маълумотҳо то 500 ҳазор намуд).  Нематодаҳои  озод ҳаётгузаронанда дар тамоми рeи  замин паҳн шудаанд. Онҳо дар қаъри баҳрҳо, дар обҳои ширин  ва шeр,  дар хокҳои гуногун дучор мешаванд. Нематодаҳои озод ҳаётгузаронанда хеле майда то 1мм мешаванд, баъзе намудҳои  муфтхeр  низ  баъзан майда мешаванд, вале  аксарияташон то 20 – 40 см, баъзеашон  ҳатто  то  2 – 8 м  мешаванд. Онҳо муфтхeри паҳншудаи одам, ҳайвонҳои гуногун ва растаниҳо мебошанд. Ба муфтхўри одам дохил мешаванд:  аскарида, остриса, власоглав, трихина, ришта ва ғайраҳо.
         Сохти беруна. Бадан  дугшакл  ё ресмоншакл буда, дар ду канораш борик шудааст. дар буриши кeндалангӣ лeнда мебошад. Ба бандҳо xудо нашудааст, бо кутикула пeшида шуда, миxгонҳо надорад.
Халтаи  пeсту мушакӣ иборат аз кутикула, гиподерма  ва як қабат мушакҳои дарозрeя. Кутикула вазифаи муҳофизатиро иxро мекунад, инчунин дар танаи нематода ҳолати тургорро медорад. Дар зери кутикула гиподерма xойгир шудааст. Дар аксар нематодаҳо он иборат аз ҳуҷайраҳои  калони  эпидермалӣ. Дар сатҳи  дохилӣ гиподерма xои ғафсшударо дар шакли чор найча (навардча) ҳосил мекунад. Дар ду найчаи паҳлeгии  гиподерта найҳои xудокунӣ, дар найчаҳои тахтапушт ва шикамӣ бошад, торҳои асосии асаб мегузарад.
Бинобар дар лӯндакирмҳо мавxуд будани  танҳо мушакҳои дарозрeя ҳаракати онҳо  нисбат ба паҳнкирмҳо якхела мебошад. Онҳо фақат  танаи  худро бо ёрии мушакҳо қат карда метавонанд. Рост кардани тана на бо ёрии  мушакҳо,  балки дар натиxаи  фишори суюқии сатҳӣ ва қаишии кутикула ба амал меояд.
Ковокии бадан. Баъд аз халтаи пeсту мушакӣ  ковокии тана сар мешавад, ки дар он узвҳои дохилӣ (узви ҳозима ва системаи xинсӣ) xойгир шудааст. Ин ковокии якумини тана (схизосел) номида мешавад.
Ковокии якумини  тана  қисми нигоҳдошташудаи бластосел (бластулаи xанинӣ) мебошад. Схизосел бо суюқии  сатҳӣ пур  мебошад. Дар аксар намудҳои муфтхўр суюқии сатҳӣ кислотаҳои органикӣ (равғанӣ, валериановӣ  ва ғайраҳо) дорад, ки дар натиxаи таxзияи гликоген ҳосил шудааст.
Системаи  хунгард ва нафаскашӣ ба монанди паҳнкирмҳо нест.
Нафасгирии нематодаҳои дар рeда муфтхўрӣ кунанда ба нафасгирии дигар муфтхўрҳои рeда (мисол тасмакирмҳо) монанд, яъне дар инҳо бисёртар нафасгирии  анаэробӣ дида мешавад. Дар ин вақт энергияи  зарурӣ бо роҳи  таxзияшавии  гликоген бо таъсири  ферментҳо, ки дар натиxа ба ғайр аз кислотаҳои органикӣ ҳосил мешавад, гирифта мешавад. Дар вақти таxзияшавии  гликоген ба ғайр аз дигар моддаҳо  02 низ ҳосил мешавад, ки  муфтхўр аз ҳисоби он нафас мегирад. ҳосилшавии ин моддаҳо, ки муфтхўр аз танаи  худ берун мекунад, барои организми хexаин заҳрнок мебошад.
Системаи ҳозима. Даҳон дар қисми  пеши тана xойгир шуда,  6 – то лаб дорад (дар аскарида 3), ки дар онҳо пистонакҳои ҳискунанда xойгир шудааст. даҳон ба ҳалқ кушода мешавад, баъзан онро нодуруст сурхрeда меноманд. Баъд аз ҳалқ рeдаи миёна сар мешавад. Ғизоҳазмкунӣ дар нематодаҳо (аз паҳнкирмҳо  фарқ мекунад) пурра дохили ҳуҷайрагӣ буда, дар сатҳи рeдаи миёна мегузарад. Баъд рeдаи оқиб сар мешавад, ки он кeтоҳ мебошад.
Тарзи ғизогирии нематодаҳо гуногун. Аксар  нематодаҳои  озод ҳаётгузаронанда аз бактерияҳо ғизо мекунанд, баъзеашон дарранда. Намудҳои  муфтхўр баъзеашон аз маҳсулоти рӯда ғизо мекунанд (аскарида), баъзеашон ҳуҷайраи девораи рeдаро вайрон карда, ғизо мекунанд.
Системаи ихроҷ. Узви ихроҷи  нематодаҳо ғадудҳои пeстӣ мебошад, кадоме ки онҳо вазифаи  осморегулятсияро низ иxро мекунад. Дар аксар намудҳо протонефридия нест. Узви ихроҷ дар гиподерма xойгир шудааст. Дар аскарида  дар ғалтакҳои паҳлeии гиподерма ду найчаҳои ихроҷ мегузарад, ки оқибаш  руст мешавад. Ин найчаҳо ба пеши тана  омада ба тарафи шикамӣ қат мешавад ва бо найчаи  тоқаи кeтоҳ омехта шуда,  ба сeрохии ихроҷ кушода мешавад. Ба ғайр аз он вазифаи xудокуниро  ҳуҷайраҳои фагоситозӣ низ иxро мекунанд. Ин ҳуҷайраҳо   ситорашакл  буда,  дар ковокии бадан xойгир шудаанд (2, 3, 6 — то).
Системаи асаб ва узвҳои ҳис. Дар нематодаҳо системаи асаб дар гиподерма xойгир шудааст. Вай  иборат аз ҳалқаи  наздиҳалқӣ  (қисми пеши сурхрeдаро иҳота кардааст) ва торҳои асабии аз он бароянда. Аз ҳалқаи асабӣ ба пеш 6 – то асаб мебарояд, ба оқиб бошад якчанд торҳои  дарозрeя  (дар аскарида 6). Аз  инҳо торҳои шикамӣ нағз тараққӣ кардааст, ки дар ғалтаки шикамии  гиподерма xойгир шудааст.
Узвҳои ҳис дар нематодаҳо суст тараққӣ кардааст. ҳамчун узви ломиса пистонакҳо, папиллаҳо ва қилчаҳо хизмат мекунанд, ки асосан дар қисми  пеши тана xойгир шудаанд. Дар қисми  пеши тана – узви  ҳисси кимиёвӣ — амфидҳо xойгир шудааст. Узви биноӣ фақат дар баъзе  намудҳои озод ҳаётгузаронанда дида мешавад.
Дар натиxаи омeхтани сохти гистологии узвҳои гуногуни нематодаҳо маълум гардид,  ки ҳамаи узвҳои онҳо аз миқдори ками  ҳуҷайраҳои хеле калон ҳосил шудааст. Мисол, як  ё ду ҳуҷайраҳои калон ғадуди ихроҷро  ҳосил мекунад. Чор ҳуҷайраи фагоситарии калон узви ихроҷро пурра мекунад. Ё ин ки дар аскарида системаи  асаби  марказӣ ҳамагӣ аз 162  ҳуҷайра иборат аст ҳосилшавии ҳуҷайраи нав  дар нематодаҳо хеле  барвақт қатъ мешавад ва оянда дар тамоми ҳаёташ миқдори ҳуҷайраҳо як хел мемонанд.  Ин яке аз хусусиятҳои  муҳими нематодҳо мебошад (ин ба коловраткаҳо низ  хос). Аз ҳамин сабаб дар нематодаҳо  афзоиши ғайриxинсӣ ва эҳёкунии  (регенератсия) қисмҳои  гумшудаи  тана дида  намешавад.
Системаи xинсӣ. Нематодаҳо xудоxинса. Намудҳои хунсо  хеле кам. Дар инҳо диморфизми xинсӣ нағз намудор аст.  Xинси нарина хурд ва оқиби тана  каме  қатшуда мебошад. Xинси модина нисбатан калон ва оқибаш рост. Дар аскаридаи  модина  сeрохии xинсӣ дар тарафи шикамӣ дар қисми  пеши тана кушода мешавад. Дар наринаҳо  бошад дар назди сӯрохии  маъқад кушода мешавад. Узвҳои xинсӣ  нисбатан содда мебошад.
Узви ҷинсии модина дар аскарида xуфт мебошад. Он иборат аз як ҷуфт тухмдон (наи борики ресмоншакл), тухмгузарон ва насдлдон (наи нисбатан ғафси мушакӣ). Дар  наслдон бордоршавии тухм ва давраҳои  аввали тараққиёти xанин мегузарад. Наслдон бо наи тоқаи кeтоҳ — қин (влагалища) алоқаманд буда, бо воситаи он тухмгузорӣ ба амал меояд.
Узви  xинсии нарина одатан тоқа, вале баъзан xуфт мешавад. Он иборат аз тухмакдон, тухмакгузарон ва наи тухмакбарор, ки  бо сeрохии  xинсӣ ба рeдаи оқиб кушода мешавад. Қисми оқиби рeда ба клоака табдил ёфтааст, кадоме ки дар он узви муштарак xойгир шудааст.
Нутфаи нематодаҳо амёбашакл буда, ҳамчун амёбаҳои хурд  ҳаракат мекунад.
Тухми  нематодаҳо,  масалан аскарида бо xилди ғафс пeшида шуда,  муддати дароз дар  муҳити беруна нобуд намешавад. Дар трихина тараққиёти xанинӣ пурра дар наслдон мегузарад.  Бинобар он онҳо зиндазо, кирминаи пурра шаклёфта, таваллуд мекунанд. Дар бораи намояндагони асосии  синфи нематодаҳо мо дар  поён  сухан  меронем.
Нематодаҳои муфтхўрро ба якчанд гурўҳи экологӣ ҷудо мекунанд: 1). Геогелминтҳо. Намояндагони  ин гурўҳ як қисми даври ҳаёти худро  дар муҳити берун аз организм мегузаронанд; 2). Биогелминтҳо. Намояндагони ин гурўҳ инкишофи худро пурра дар организми хўҷаин мегузаронанд. Онҳо тамоман ба муҳити беруна намебароянд.
                      Нематодаҳо —  муфтхeри одам ва ҳайвонот
Намуди муҳимтарини аҳамияти патогенӣ дошта – аскаридаи одам – Ascaқis lғmӣқicoides мебошад. Заҳролудшавӣ дар натиxаи  сабзавоту меваҳоро нашуста хeрдан, оби наxeшидаро нeшидан ба амал меояд. Ғайр аз он тухми аскарида бо воситаи пашшаҳо, нонхўракҳо паҳн карда мешавад. Барои тараққиёти тухми аскарида  муҳити оксигендор лозим  аст. Бинобар он тухм дар рeдаи  инсон тараққӣ намекунад. Барои тараққиёти  оянда  тухм бояд ба  замини нам (боғ, майдон…) фаромаданаш лозим. Тараққиёти тухм дар ҳарорати 240 с — 10-15 рeз, дар  150 с — 40- 45 рeз  давом мекунад. Тухми аскарида  хеле тобовар мебошад (то 5 — 6 сол). Тухме, ки  кирминаи шаклёфта дорад, бо воситаи  хeроки ифлос ба наи ҳозимаи одам фаромада, дар рeда  аз тухм кирмина  мебарояд. Кирмина  девораи рeдаро парма карда ба хун мегузарад, баъд бо xараёни хун ҳаракат карда, кирмина ба рагҳои xигар,  бо воситаи xигар ба дил, аз он бо воситаи  артерияи  шуш то капиллярҳои шуш меояд. Кирминаҳо баъд бо воситаи  алвиолаҳои шуш ба бронхея, аз он ба трахея ва ковокии  даҳон меоянд. Мигратсияи кирминаҳо 7 -15 рeз давом мекунад. Ба воситаи оби даҳон кирмина аз нав фурe бурда шуда,  ба рeда меояд. Танҳо ҳамин гуна  кирминаи мигратсиякарда  дар рeда монда, ба болиғ табдил меёбад, зеро ки барои кирмина  02 – и озод зарур аст. Ин гуна  мигратсияи кирмина ба дигар нематодаҳои муфтхўр  низ хос аст.
Мигратсияи  кирминаҳо ва дохилшавии онҳо ба  алвиолаҳои шуш зарари калон меорад. Ин ба  касалии варами шуш (пневмания) оварда мерасонад. Баъзан кирминаи аскарида аз капиллярҳои шуш ба  гардиши  калони хун гузашта, аз он ба майна, чашм ва дигар узвҳо омада, ба болиғ табдил меёбад.
Аҳамияти патогении аскарида хеле бисёр. Ин хусусан дар байни бачагони  хурдсол  васеъ паҳн шудааст. Дар  вақти аскаридоз вайронии  ҳозима, дарди рeда, дарди сар, суст шудани қобилияти корӣ ва ғайраҳо мушоҳида карда мешавад.
Баъдан дар   рeда миқдори  зиёди аскарида xамъ шуда роҳи хeрокро мегирад. Дар вақти аскаридоз одам аз моддаҳои заҳрноке, ки  муфтхўр xудо мекунад, заҳролуд мешавад. Ин барои  бачаҳо хеле хавфнок мебошад. Кори системаи  асабро  вайрон мекунад.
Мубориза ба муқобили ин касалӣ: риоя кардан ба тозагӣ, охлоти одамро ба майдонҳо напартофтан… Касалии аскаридозро ба воситаи доруҳои зиддигелминтӣ муолиҷа мекунанд. Ба ғайр аз ин, ба муқобили аскаридоз муолиҷаи оксигениро низ истифода мебаранд. Масалан, ба рўдаи инсон бо роҳи сунъӣ оксиген равон мекунанд, ки ин боиси фавти аскаридаҳо мегардад, зеро ки онҳо дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд.
Аз рeи паҳншавии касалии аскаридоз  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба 13 минтақа тақсим карда  мешуд, ки Тоxикистон ва Кавказ ба минтақаи 9 – ум дохил мешавад.
Мўқиллаи (власоглав) одам ё хлыстовик – Tқichocephalғs  tқichiғқғsдар кeррeда  ва  баъзан дар рўдаи ғафси инсон муфтхўрӣ карда, сабаби вайроншавии ҳазми хўрок, камхунӣ ва баъзан апендисит мешавад.  Ранги кирм сафедча, силиқ , нарина — 30 – 40 мм, модина то 50 мм. Хусусияти характернокаш он аст, ки қисми пеши тана мўйшакли дароз шуда,  ба воситаи он муфтхўр   ба пардаи луҳобии рeда  чуқур дохил мешавад. Номи кирм аз ҳамин ҷо гирифта  шудааст. Тухми  мўқилла  танҳо дар муҳити беруна (дар об ё замини нам) тараққӣ мекунад. Тараққиёти  тухм  дар ҳарорати 28 – 300С – 28 рeз, 200С – 57 рeз давом карда, аз он кирмина ҳосил мешавад, ки он қобилияти сироят кардан пайдо мекунад.  Сироятёбӣ дар вақти оби наxeшонидаро нeшидан, меваҳоро нашуста хeрдан ба  амал меояд.
Кирминаи  мўқилла  дар хун мигратсия  накарда, аз рeда ба кўррeда меояд ва пас аз як моҳ болиғ мегардад. Дар кeррeда зиндагӣ карда, дар он варам, инчунин барxастагии кирмшаклро  ба вуxуд меорад.  Касалии трихосефалез ҳам монанди аскаридоз ба системаи асаби одами бемор таъсир мекунад. Нест кардани мўқилла аз организм хеле душвор аст, зеро ки ба воситаи пеши бадан гуё девори рўдаро «дўхта» зиндагӣ мекунад. Барои нест кардани мўқилла доруи пурқувват – «осарсол» истифода бурда мешавад.
Трихинаи спиралӣ –дар каломуш, хук, баъзан дар одам муфтхўрӣ мекунад. Модина 3- 4мм, нарина 1,6 мм. Трихина ба гурўҳи биогелминтҳо дохил мешавад, чунки ҳаёташ пурра дар организми хўҷаин мегузарад.
Инкишофи  трихина  бе ивазшавии хexаин, вале бо xойивазкунии xои муфтхўр  (трихинаи рeдагӣ  ва  мушакӣ) дар ҳамон як хexаин ба амал меояд.  Каломуш, хук, одам дар натиxаи гeшти  заҳролудшударо,  ки дар таркибаш  капсула бо кирминаи трихина дорад, хeрдан заҳролуд мешавад. Дар меъда  аз капсула кирмина баромада, ба рeдаи борик мегузарад ва дар он xо  ба ворсинкаҳои пардаи луҳобӣ дохил шуда, бо тезӣ (баъд аз 2- 3 рeз) болиғ мешавад. Трихинаи болиғ дар одам  ҳамагӣ 1 – 2 ҳафта зиндагӣ мекунад. Модинаи трихина 3-4 мм, нарина 1,5 мм мебошад. Онҳо ба бофтаи рўда даромада, ба афзоиш сар мекунанд. Дар ин вақт наринаҳо модинаҳоро бордор карда нобуд  мешаванд.  Модинаҳо бошад кирминаҳои бисёре (ҳар як модина зиёда аз 1500 кирмина) таваллуд мекунад. Кирминаҳо  хеле майда – 0,1мм. Онҳо ба xараёни хун гузашта ба тамоми тана  паҳн мешаванд. Аз рагҳои хун  кирмина ба  мушакҳои  гуногун: диафрагма, гартан, гардан, чашм, пой ва ғайраҳо дохил мешавад. Дар он xо онҳо   0,5мм калон шуда, баъд аз ду ҳафта ба спирал печида, бо капсулаи оҳакӣ  пeшида мешавад, ки шакли лимонро дорад. Дар ҳамин ҳолат кирминаи  трихина дар мушаки хexаин  то мурданаш мемонад. Барои инсон аз ҳама хавфнок, зинаи дар мушакҳо мавҷуд  будани трихина мебошад. Агар дар мушакҳо ин муфтхўрҳо бошанд, мушакҳо дард мекунанд ва агар дар чашм ҷой гиранд, одам кўр мешавад.  Ҳангоми  ҳамин гуна  гeштро  дигар ҳайвонҳо (каломуш, хук) хeрдан, дар меъдаи онҳо кирмина аз капсула баромада, тараққиёти худро давом медиҳад. Дар натиxаи  муфтхўрӣ кардани  трихина одам ба касалии трихиноз дучор мешавад.
Пешгирии ин касалӣ аз назар гузаронидани  гeшти хук, нағз пухта хeрдани он мебошад.
Киxxаи кeдакон  (остритса) – Enteқoӣiғs  veқmicғlaқis   бисёртар дар бачагон дир қисми поёнии рeдаи  борик, кeррeда ва изофаи кирмшакл (аппендисит)  муфтхўрӣ мекунад. Кирми сафеди майда (5 – 10 мм), ба миқдори зиёд дучор мешавад. Баъд аз бордоршавӣ  модина дар назди сeрохии маъқад баромада, тухм мегузорад. Дар ин вақт хориш ба амал меояд. Ба ҳисоби миёна  як модина  то 11 ҳазор тухм мегузорад. Тухмҳои майда бо осонӣ васеъ паҳн мешавад. Вай  дар либос, парта, пол ва ғайраҳо мемонад.
Бинобар он роҳи асосии  пешгирӣ кардани касалии энтеробиоз ин риоя кардани  гигиенаи шахсӣ ва  тозагӣ  мебошад.
Каxсари рeдаи 12- ангушта  ё анкилостома — Ancilostoma dyodennela-  кирми майда (модина — 10 -18мм), ранги сурхча дорад. Сўрохии даҳон калон буда, ба тарафи шикам равон шудааст. Аз ҳамин сабаб, номи муфтхўр каҷсар мебошад. Анкилостома  муфтхўри рeдаи борики инсон мебошад. Эпителияи рeдаро мехeрад ва хунро  мемакад. Тухм  бо наxосати бемор баромада,  дар хоки нам тараққӣ мекунад ва дар стадияи  кирминагӣ ба одам мегузарад. Онҳо аввал ба хун, аз он xо ба шуш ва бо роҳҳои нафасгирӣ то гулe мерасанд. Пас аз ин онҳоро  одам ба воситаи  луоби даҳон фурe бурда, дар охир  онҳо дар рeдаи борик сукунат мегиранд. Дар xойҳои нам байни аҳолии  қишлоқ, дар шахтаҳо, нақбҳо,  заводҳои хиштпазӣ паҳн шудааст. дар ИДМ дар Закавказҳе, Осиёи Миёна ва Шарқи Дур  дучор мешавад. Дар вақти касалии анкилостомоз камхунӣ, сарчархзанӣ, камқувватӣ, варамҳо мушоҳида карда  мешавад.
Ришта – Dқacғncғlғs medinensia дар давраи  болигӣ дар одам  муфтхўрӣ мекунад. Аз дигар нематодаҳо бо он фарқ мекунад, ки даври   тараққиёти он бо ивазшавии  хexаинҳо мегузарад.
Дар одам модина то 100см дарозӣ дорад.  Фарди  нарина  нисбатан хурд – 2 см. Дар одам  ёфт  нашудааст. Бисёр вақт  дар пeсти пой xои шахшуда пайдо мешавад, баъд  ин  xо сeрох шуда, дар он  лeндаи кирм намуддор мегардад. Дар ҳамин ҳолат  ришта кирминаҳои   бисёре таваллуд мекунад. Дар вақти ин одам  пояшро шустан ба об кирминаҳои бисёр мефарояд. Ин кирминаҳоро сиклоп фурe мебарад. Дар танаи  сиклоп кирмина расиш карда то 1мм  мешавад. Дар вақти обро наxeшонда хeрдан одам сиклопи дар танааш кирминаи ришта доштаро фурe  мебарад. Баъд кирмина миграсия карда  аз меъда  то клетчаткаи зери  пeсти  пой меояд. Ришта дар тропика ва субтропика, Эрон, ҳиндустон, Африкаи тропикӣ паҳн шудааст. Пештар ришта дар Осиёи Миёна  низ васеъ паҳн шуда буд, вале дар натиxаи ба муқобили он  мубориза бурдан (сохтани қубурҳои обгузар, дар обанборҳо пойро  нашустан, оби наxeшидаро нанўшидан ва ғ.) ришта дар Осиёи Миёна ҳанeз дар солҳои 30 – ум  тамоман нест карда шудааст.
Нематодаҳо – муфтхeри растаниҳо.  Нематодаҳо ғайр аз одам ва ҳайвонҳо ба  растаниҳо низ зарари калон   меоранд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 150 намуди нематодаҳои  муфтхўр  муайян карда шудааст, ки қариб 50 намуди онҳо муфтхўри растаниҳо мебошанд. Мисол, нематодаи лаблабу,  нематодаи гандум,  нематодаи пиёз  ва  ғайраҳо. Ба касалиҳои нематодӣ ҳамаи навъҳои пахта  сироят меёбанд. Нематодҳо инчунин ба растаниҳои лимў, ангур, зироатҳои сабзавотӣ, шаҳтути заминӣ ва гулу растаниҳои ороишӣ низ зарар меоранд. Инҳо кирмҳои  майда буда, бе ивазкунии хexаин тараққӣ мекунанд. Онҳо дар бофтаҳои растаниҳо муфтхўрӣ карда, якчанд насл  медиҳанд. Баъзан дар растаниҳо галлаҳо (барxастагиҳо) ҳосил мекунанд. Нематодаҳо дар решаи растаниҳо касалиҳои вирусиро низ паҳн мекунанд.
Филогенияи типи лӯндакирмҳо
То вақтҳои охир пайдоиши лӯндакирмҳо аниқ ҳал карда нашуда буд ва фикри  олимон доир ба ин масъала гуногун буд. Фақат дар вақтҳои охир дар натиxаи  боз ҳам чуқуртар  омeхтани ин ҳайвонҳо муайян карда шуд, ки ҳамаи лӯндакирмҳо аз xиҳати филогенетикӣ бо кирмҳои миxгонӣ  алоқаманд мебошанд.
Дар ҳақиқат ҳам  баъзе аломатҳои турбеллярияҳо дар лӯндакирмҳо дида мешавад. Мисол, дар коловраткаҳои дараxаи паст ва шикаммиxгонҳо дар баъзе қисмҳои  бадан  миxгонҳо нигоҳ дошта шудааст. Дар онҳо узви xудокунӣ —  протопефридияҳо мебошад. Системаи асаби нематодаҳо ва шикаммиxгонҳо ба сохти системаи  асаби кирмҳои  миxгонӣ  монанд мебошад. ҳалқи лӯндакирмҳои  дараxаи паст ба ҳалқи турбеллярияҳои рострeда монанд мебошад Сохти системаи xинсӣ (агар xудоxинсагии онҳоро ба назар нагирем) – и бисёр намудҳои  лӯндакирмҳо ба турбеллярияҳо монанд. ҳамин тариқ, кирмҳои миxгониро авлоди лӯндакирмҳо шуморидан мумкин  аст (ба ин асосҳои бисёр  ҳаст).
Фарқи асосии лӯндакирмҳо аз турбеллярияҳо мавxуд будани  ковокии танаи якумин ва рeдаи оқибу сeрохии маъқад мебошад. Вале   ин натиxаи  эволютсия  буда, барои қабул кардани назарияи пайдоиши лӯндакирмҳо монеъгӣ намерасонад. Дар баъзе турбеллярияҳои  рострeда дар паренхима xойҳои холигии  (лакунҳо) калон ҳаст, ки дар он  инфузорияҳои  муфтхўр озодона шино мекунанд. Васеъшавӣ ва якxояшавии  лакунҳо ба ҳосилшавии  ковокии танаи якумин оварданаш мумкин  аст.
Вале дар сохти синфҳои алоҳидаи лӯндакирмҳо нисбат ба турбеллярияҳо фарқи куллӣ дида мешавад. Мисол, танаи  лӯндакирмҳо бо кутикулаи  мустаҳкам пeшида шуда, миxгонҳо  надорад. Дар нематодаҳо ва коловраткаҳо таркиби ҳуҷайраҳо доимӣ мебошад. Дар нематодаҳо дар системаи асаб ҳалқаи назди ҳалқӣ ҳосил  мешавад, ба xои  протонефридияҳо найчаҳои ихроҷи пайдоиши пeстӣ дошта ҳосил мешавад.
Вале  ҳамаи  ин фарқиятҳо ба узвҳо ва бофтаҳои  алоҳида тааллуқ дошта, ба сохти умумии  лӯндакирмҳо дахл надорад.
Шeъбаи зоология, ки  кирмҳои паразитиро меомeзад, гелминтология номида мешавад
Олимони советӣ дар омeхтани кирмҳои  муфтхўр ба муваффақиятҳои хеле калон соҳиб гардидаанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шeравӣ омeхтани кирмҳои  муфтхўр  ва коркарди мубориза ба муқобили онҳо аз рeи нақша ба роҳ монда шудааст. Дар мамлакат нуқтаҳои гелминтологӣ, диспансерҳо, поликлиникаҳо, истгоҳҳои санитарӣ – эпидимиологӣ ташкил карда шудааст.
 Саволҳо  барои  такрор  ва  мустаҳкамкунӣ
1. Аломатҳои хоси лӯндакирмҳоро  баён кунед.
2. Синфҳои типи лӯндакирмҳо ва намояндагони онҳоро номбар кунед .
3. Аломатҳои хоси синфи  шикаммиxгонҳоро  номбар кунед.
4. Намудҳои муфтхeри нематодаҳоро дар одам номбар кунед.
5. Сохти аскаридаи одамро фаҳмонед.
6. Бластосел чист ?
7. Фарқи системаи ҳозимаи  лӯндакирмҳо аз паҳнкирмҳо дар чист ?
8. Нафасгирии нематодаҳои дар рeда муфтхўрӣ кунанда чӣ тавр мегузарад ?
9. Фарқи узви ихроxи  лӯндакирмҳо аз паҳнкирмҳо дар чист ?
10. Барои чӣ дар нематодаҳо афзоиши  ғайриxинсӣ  ва эҳёкунии қисмҳои гумшудаи бадан дида намешавад ?
11. Кадом намуди нематодаҳоро дар Тоxикистон медонед ?
12. Афзоиш ва тараққиёти аскаридаи одамро  фаҳмонед.
13. Сабабҳои паҳншавии касалии аскаридоз ва роҳҳои пешгирии онро фаҳмонед.
14. Афзоиш ва тараққиёти трихинаи спиралӣ чӣ тавр мегузарад ?
15. Афзоиш ва тараққиёти киxxаи кeдакон ва риштаро баён кунед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *