Синфи кирмҳои камқилча ё камарбанддорҳо

1. Хусусиятҳои хоси зертипи камарбанддорҳо.
2. Синфи  кирмҳои  камқилча. Хусусиятҳои характернок.
3. Тараққиёти кирмҳои камқилча.
4. Экология ва аҳамияти кирмҳои камқилча.
.
Дар инҳо низ аломатҳои асосии ҳалқакирмҳо дида мешавад, вале инҳо палпҳо, параподияҳо ва ғалсамаҳо надоранд. Дар инҳо қилчаҳои параподияҳо нигоҳ дошта шудааст, гарчанде ба миқдори кам бошад ҳам. Содда шудани сохти бадан ба он вобаста аст, олигохетаҳо шакли зиндагии кобандагиро мегузаронанд. Дар фардҳои болиғ камарбанди ғадуддор мавҷуд аст. Гермофрадит. Системаи xинсӣ дар бандҳои қисми пеши тана xойгир шудааст. Дар обҳои ширин ё дар хокҳои нам дучор мешавад. Миқдори ками онҳо дар баҳрҳо дучор мешаванд. Зиёда аз  8000 намуди олигохеттаҳо тасвир карда шудааст. Дар ИДМ  300 намуд, дар Тоҷикистон даҳҳо намуд  маълум аст.
Сохт ва физиология.  Бадан дарозрeяи силиндршакл. Андозаи  бадан аз 5 — 10 мм (энхитреидҳо) то 3 м (кирми лойхўрак дар Австралия- эндемик) мешавад. Дар қисми пеши  бадан сатҳи сари (простомиум) ҳаракатнок xойгир шуда, чашм, антенна ва палпҳо надорад. Қисми оқиби тана — пигидий. Шумораи бандҳо аз  5-6  то 600-то. Дар ҳар як банд, ба ғайр аз банди якумин, чор бандчагӣ қилчаҳо xойгир шудааст (шумораи қилчаҳо гуногун).
Эпителияи пeстӣ аз ҳуҷайраҳои ғадудии луобxудокунӣ бой мебошад. Хусусан ин гуна ҳуҷайраҳо дар қисми камарбанд зиёд мебошад. Камарбанд дар давраи болиғӣ дида мешавад. Дар бандҳои 31 – 37 –ум.
Системаи ҳозима иборат аз ҳалқ, сурхрeда, меъдаи мушакӣ, рeдаи миёнаю оқиб. Дар кирми борон ба сурхрeда се xуфт ғадуди махсуси оҳакӣ кушода мешавад. Ин ғадудҳо бо рагҳои хунгард алоқаманд буда, барои xудо кардани моддаи оҳакӣ, ки дар хун xамъ мешавад, хизмат мекунад. Моддаи оҳакии изофагӣ аз ғадуд ба сурхрeда меояд ва барои нейтрализатсияи кислотаҳои гуминовӣ, ки дар таркиби баргҳои пeсида ҳаст, хизмат мекунад (кирми борон аз моддаи органикии пeсида ғизо мекунад). Девораи рeдаи миёна дар тарафи тахтапушта печутобхeрии новашаклро ҳосил мекунад (тифлозол). Тифлозол сатҳи xаббиши рeдаро васеъ мекунад.
Системаи хунгард ба полихеттаҳо монанд мебошад. Дар хуни олигохетаҳо пигменти нафаскашӣ – гемоглобин мавҷуд аст ва он баръакси ҳайвоноти сутунмўҳрадор на дар эритроситҳо, балки дар плазмаи хун ҳалшуда мебошад. Бинобар ғалсамаҳо надоранд, нафаскашӣ бо тамоми сатҳи  бадан  ба амал меояд (дар пeст капиллярҳои зиёде ҳаст).
Узви ихроҷ аз метанефридияҳои метамерӣ xойгиршуда иборат аст.
Системаи асаб  монанди дигар ҳалқакирмҳо иборат аз як xуфт гиреҳи асабии болоҳалқӣ, як xуфт гиреҳи наздиҳалқӣ ва занxири асабии шикамӣ.
Узвҳои ҳис  нисбат ба полихеттаҳо дар олигахеттаҳо суст тараққӣ кардааст. Чашм нест. Вале кирми борон гарчанде чашм надорад, равшаниро ҳис мекунад. Дар инҳо дар пeст ҳуҷайраҳои махсуси равшанҳискунанда дида мешавад.
Системаи xинсӣ. Чӣ хеле ки қайд кардем, олигохеттаҳо гермофрадит ва гонадаҳо дар миқдорӣ ками бандҳо xойгир шудаанд. Мисол, дар кирми борон дар бандҳои 10 ва 11-ум ду xуфт тухмакдондида мешавад, ки онҳо дар капсулаҳои тухмакдон xойгир шудааст. Тухмакдонҳо бо халтаҳои махсус пeшида шудааст. Ба халтаҳои тухмакдон аз капсулаҳои тухмакдон ҳуҷайраҳои xинсӣ меояд (баъди он ки онҳо аз тухмакдонҳо xудо мешаванд). Вақте ки дар халта ҳуҷайраҳои xинсии нарина пухта мерасад, онҳо аз сари нав ба капсулаи тухмакдон меоянд. Барои ин xараёнҳои махсус ҳаст. Дар ҳар як капсула якxуфтӣ қиф ҳаст, ки аз ҳар яки он ба оқиб найи бароранда мебарояд. ҳардуи  ин най бо ҳам як шуда, тухмакгузаронро ҳосил мекунад. Тухмакгузарон ба банди 15-ум кушода мешавад.
Системаи xинсии модина аз як xуфт тухумдони хеле майда (дар банди 13-ум) ва як xуфт тухмгузарони кeтоҳ, ки дар банди 14-ум кушода  мешавад. Пардаи  оқиби (диссепимент) банди занона халтаи  тухмдонро ҳосил мекунад (ба халтаи  тухмакдон монанд).
Fайр аз он дар бандҳои  9 – ум ва 10 – ум тухмакқабулкунак ҳаст, ки ин ҳам  ба системаи xинсии  занона тааллуқ дорад.
Бордоршавии  кирми борон дутарафа мебошад, яъне дар натиxаи  нутфаи як кирм ба тухмакқабулкунаки дигар кирм гузаштан  мегузарад, яъне онҳо худро худ бордор намекунанд.
Ба ғайр аз  афзоиши xинсӣ дар олигохеттаҳо афзоиши ғайриxинсӣ низ дида мешавад, кадоме ки  бо роҳи архитомия мегузарад. Олигохеттаҳо қобилияти аз нав барқарор кардани  қисми гумшудаи танаро доранд, яъне агар қисми пеш ё оқиби тана  канда шавад он аз нав барқарор карда мешавад, ки инро регенератсия (эҳё кардан) меноманд. ҳангоми архитомия  тақсимшавӣ бо роҳи  эҳёшавӣ мегузарад. Дигар роҳи афзоиши ғайриxинсӣ  дар олигохеттаҳо – паратомия мебошад (Stylaқia  lacғstқis).
Тараққиёт  дар олигохеттаҳо бе метаморфоз  мегузарад, яъне дар инҳо кирминаи трохофорагӣ дида намешавад. Тараққиёти тухм дар дохили пиллаи тухмӣ мегузарад (кирм дар қисми миёнбанд луҳоб xудо мекунад, ки аз он пиллачаи тухмӣ ҳосил мешавад) ва аз дохили ин пилла кирмчаи пурра шаклёфта мебарояд. Дар олигохеттаҳои дараxаи паст дар якто пилла якчанд xанин тараққӣ мекунад. Тухм аз моддаи зардӣ бой буда, касрашавӣ спиралӣ мегузарад.
Дар олигохеттаҳои дараxаи олӣ пилла суюқии сафедадори ғизогӣ дорад, тухм бошад зардии кам дорад, бинобар он  тараққӣ карда xанине медиҳад, ки қобилияти сафедаро фурe бурдан дорад ва онро аз ин сабаб «кирминаи пeшида» меноманд. Пеш аз аз тухм баромадан xанин шакл дигар карда ба кирми xавон табдил меёбад.
Экология. Олигохеттаҳо дар оби ширин, дар хок ҳаёт мегузаронанд, миқдори хеле ками онҳо дар баҳрҳо ҳаёт мегузаронанд.
Намудҳое, ки  дар оби ширин дучор мешаванд, дар таги об хазида ҳаёт мегузаронанд ё дар хоначаҳои дар лой сохтаашон нишаста ҳаёт мегузаронанд. Намудҳои рeи заминӣ ҳаёти xeландагӣ гузаронида, аз хонаҳояшон танҳо шабона ё дар вақти борон боридан мебароянду халос. Зеро ки пeсти онҳо хеле тунук буда, хеле тез хушк мешаванд.
Аҳамияти амалӣ. Кирми борон дар хоxагии қишлоқ аҳамияти хеле калон дорад. ҳанeз Ч.Дарвин аҳамияти онро дар ҳосилхез кардани хок нишон дода буд. Онҳо дар қабатҳои хок ҳаракат карда, хокро нарм мекунанд, расиши решаи растаниҳоро беҳтар мекунанд, намигӣ ва вентилятсияи хокро беҳтар мекунанд. Ин кирмҳо миқдори зиёди хокро фурe бурда, онро аз сeрохии оқиб берун мекунанд ва бо ҳамин хокро нарм мекунанд. Муайян карда шудааст, ки кирмҳое, ки дар як га замин зиндагӣ мекунанд, дар як сол 10 – 30 тонна хокро аз танаи худ мегузаронанд. Ба ғайр аз он онҳо баргҳои пeсида ё боқимондаҳои растаниро ба нораҳои худ оварда,  тез вайроншавии онҳоро таъмин мекунанд.
Олигохеттаҳои обҳои ширин хeроки асосии моҳиҳои қаъриобӣ мебошанд. Дар баъзе обанборҳо 50 – 60 фоиз биомассаи бентосро олигохеттаҳо ташкил мекунанд. Энхитреидҳо дар обҳои ширин ва хок зиндагӣ мекунанд, қариб 400 намуд доранд. Зичии ҷойгиршавии онҳо дар 1 м2 –ии хок то ба 150-200 ҳазор фард мерасад. Онҳоро бо осонӣ дар хок парвориш карда, ба сифати хўрок барои моҳиҳои аквариум ва дар заводҳои моҳипарварӣ барои хўроки моҳиҳои шикорӣ истифода мебаранд. Энхитреидҳо моддаҳои органикиро хўрда, ба монанди кирми лойхўрак дар раванди хокҳосилшавӣ иштирок мекунанд.
Дар вақтҳои охир «горшечная червҳ» ҳамчун ғизои моҳиҳо зиёд карда шуда истодааст. Баъзе намуди кирмҳои камқилча  ҳамчун хexаини мобайнии гелҳминтҳо ба паҳншавии кирмҳои муфтхeр сабаб мешаванд. Мисол: кирми борон.
                       Сохти берунӣ ва дарунии кирми борон
А – кирми борон аз тарафи  шикамӣ
1 – сeрохии xинсии модина, 2 – сeрохии xинсии нарина, 3 – нова байни сeрохии xинсии  нарина ва камарбанд,  4 – камарбанд, 5 – қисми пеши танаи кирми борон аз тарафи  шикамӣ
1 – даҳон, 2 – перистомиум,   3 – қилчаҳои паҳлeгӣ, 4 – қилчаҳои шикамӣ,                5 – сeрохии xинсии модина, 6 – сeрохииxинсии нарина, 7 – сeрохии метанефридияҳо; бо ҳарфҳои римӣ бандҳои тана нишон дода шудааст.
В – қилчаи кирми борон, Г – қисми пеши танаи  чоккардашуда
1 — гиреҳи болоиҳалқӣ, 2 — ҳалқ, 3 – сурхрeда, 4 — рагҳои хунгарди ҳалқагӣ
(«дил»), 5 – тухмакқабулкунак, 6 — ҳубобҳои тухмӣ, 7 – xиғилдон, 8 – меъдаи мушакӣ, 9 – раги хунгарди тахтапушта, 10 – рeдаи миёна, 11 — рагҳои тахтапуштаи рeда, 12 — диссепиментҳо, 13 – раги хунгарди шикамӣ, 14 — метапефридияҳо, 15 – занxири асабии шикамӣ.
Бурриши кeндалангии танаи кирми борон

1 – кутикула
2 – эпидермис.
3 – қабати мушакҳои ҳалқагӣ.
4 – қабати мушакҳои  дарозрeя.
5 – эпителияи селомӣ.
6 – метанефридияҳо.
7 – қилча.
8 – мезиптерий.
9 – раги хунгарди шикамӣ.
10 – раги хунгарди невралӣ.
.
11– занxири асабии шикамӣ.
12 – девораи рeдаи миёна.
13 –  ковокии рeда.
14 – печутобхeрии  рагҳои рeда.
15 – тифлозол.
16 – раги тифлозол.
17 – раги хунгарди тахтапушта.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *