Синфи зулукҳо

1. Аломатҳои хоси зулукҳо.
2. Сохт ва физиологияи зулукҳо.
3.Узвҳои дарунии зулукҳо (системаҳои ҳозима, хунгард,
ихроҷ, xинсӣ. . .).
4. Экология ва аҳамияти зулукҳо.
5.Филогенияи типи ҳалқакирмҳо.
Зулукҳо авлоди хеле тағйирёфтаи олигохеттаҳо мебошанд. Дарранда ё аксар вақт эктомуфтхeр, аз хуни ҳайвонҳои калон ғизо мекунанд. ҳайвонҳои баҳрӣ, обҳои ширин, баъзан рeизаминӣ. 400 намуди зулукҳо тасвир карда шудааст. Зулукҳо қилчаҳо надоранд. Бадан бандҳои бисёре дорад (полимерӣ). Бандҳои зулукҳо ба ҳалқаи дуюмин xудо шудааст. Дар канори пеш ва оқиби тана узви маканда ҳаст. Сатҳи сарӣ ва аналӣ ноаён аст. Хусусияти хоси зулукҳо – селом редуксия шуда, ба системаи лакунарӣ табдил ёфтааст, кадоме ки  хун дорад. Танҳо дар зулукҳои қилчадор селом нигоҳ дошта шудаасту халос. Xои холигии байни узвҳо бо паренхима пур аст. Гермофрадит. Тараққиёт бе шаклдигаркунӣ мегузарад.
    Сохт ва физиология.  Бадан дарозрeя буда, аз қисми тахтапушту шикам пачақшуда мебошад, кадоме ки бо ин зулукҳо паҳнкирмҳоро хотиррасон мекунанд. Узви макандаи пеш дар тарафи поёнии сар xойгир шуда, даҳонро иҳота кардааст. Узви макандаи оқиб нисбатан нағз тараққӣ карда, дар болои он сeрохии маъқад xойгир аст. Параподияҳо, қилчаҳо, ҳассоса ва ғалсама надорад. Танҳо дар зерсинфи зулукҳои қадима отряди зулукҳои қилчадор дар 5 банди аввал қилчаҳо ҳаст. Xойгиршавии узвҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки танаи зулукҳо банднок, вале дар тана бандҳои ҳақиқӣ кам, нисбат ба ҳалқаҳои беруна. Ба як банди асосӣ 3 – 5 ҳалқаи  берунӣ рост меояд. Шумораи бандҳо доимӣ ва нисбат ба олигохеттаҳо кам (33 банд). Аз ин 4 то банди пеш як шуда, узви макандаи пешро, 7 – тоаш як шуда узви макандаи оқибро ҳосил кардааст.  Бадан бо кутакула пeшида шудааст. Эпителия аз ҳуҷайраҳои ғадудӣ бой мебошад. Дар асоси ҳуҷайраҳои эпителиалӣ ҳуҷайраҳои бисҳёри пигментӣ xойгир шудааст. Ин ҳуҷайраҳо ранги зулукро муайян мекунанд.
Дар зери эпителия мушакҳои ҳалқагӣ ва мушакҳои дарозрeя xойгир шудааст.
Системаи ҳозима нағз тараққӣ кардааст. Аз рeдаи пеш, миёна ва оқиб иборат. Даҳон дар қаъри узви маканда xойгир шуда, сатҳи даҳон ба ҳалқ кушода мешавад. Сохти рeдаи пеш дар зулукҳо аҳамияти систематикӣ дорад ва аз рeи сохти он ду отряди зулукҳо фарқ карда мешавад. Дар зулукҳои хартумдор ҳалқ хартумро ҳосил мекунад, ки дар вақти лозимӣ аз даҳон берун баромада, тeъмаро медорад. Дар зулукҳои xоғдор дар сатҳи даҳон се xоғи мушакӣ (валик) ҳаст (1-то тахтапушта, 2-то паҳлeгӣ). Дар канори озоди xоғ дандонаҳои хитинӣ ҳаст. Дар вақти ғизогирӣ зулук бо ин xоғҳо пeстро дарронда, баъд хуни онро мемакад.  Ба ҳалқ ғадуди оби даҳон xудокунӣ кушода мешавад. Дар зулуки тиббӣ ин ғадуд моддаи махсус — гирудин xудо мекунад. Гирудин ба шахшавии хун  монеъгӣ мерасонад. Бинобар он хун дар рeдаи зулук якчанд моҳ бетағйир меистад. Дар меъда ҷайбҳо ё халтаҳои зиёди паҳлугӣ мавҷуданд, бинобар он  ғунҷоиши он хеле зиёд аст. Аз ҳамин сабаб зулук дур-дур (баъд аз якчанд ҳафта) ғизо карда метавонад. ҳалқ ба сурхрeда, сурхрeда ба рeдаи миёна  ва он ба рeдаи оқиб  кушода мешавад.
Системаи асаб чун дигар ҳалқакирмҳо.
Узви нафаскашӣ – бо тамоми  сатҳи тана нафас мегирад. Танҳо дар баъзе намудҳои баҳрӣ ғалсамаи берунӣ дида мешавад.
Системаи хунгарди  ҳақиқӣ ба монанди олигохеттаҳо танҳо дар ду отряд: зулукҳои қилчадор ва зулукҳои хартумдор дида мешавад. Вале  аллакай дар зулукҳои хартумдор вазифаи системаи хунгард қисман ба селом мегузарад. Чӣ тавр? Дар зулукҳои дараxаи паст халтаҳои селоматикӣ ба монанди  олигохеттаҳо тараққӣ мекунад. Яъне қисми марказии  ҳайвони болиғ бо селом пурра мебошад, кадоме ки дар он рeда,  занxири асабии шикамӣ, рагҳои хунгарди тахтапушта ва шикамӣ xойгир аст. Дар зулукҳои хартумдор бошад, аз селом  танҳо чор найи дарозрeя (лакун) боқӣ мондаасту  халос – тахтапушта, шикамӣ  ва  ду  паҳлeгӣ, онҳо бо ҳам бо найҳои  кeндаланг пайваст мебошанд.
Дар зулукҳои xоғдор найҳои дар лакунҳои тахтапушта ва шикамӣ буда нест шуда, системаи лакунарӣ (яъне боқимондаи селом) xои системаи хунгардро ишғол мекунад. Моеи лакун  характери  хунро мегирад – бисёр вақт ранги сурх дорад, гемоглабини ҳалшуда инчунин, ҳуҷайраҳои амёбашакл дорад.
ҳамин тариқ, мо дар зулукҳо мисоли субститутсияро  мебинем, яъне ивазшавии як узв бо узви дигар, ки якхел аҳамияти физиологӣ дорад,  вале пайдоишаш дигар.
Системаи ихроҷ —  характери метанефридиалӣ дорад, вале хеле тағйир ёфтааст. Найҳои ихроҷ метамерӣ xойгир шудааст, ба ғайр аз бандҳои пешу оқиб. Мисол,  дар зулуки тиббӣ (аз 33 банд  иборат) ҳамагӣ 17 xуфт нефридия дида мешавад. Найҳо дар девораи  паҳлeгӣ бо сeрохии  ихроҷ  кушода мешавад. Фарқи нефридияи  зулукҳо он аст, ки  канори дохилии он руст мебошад.  Дар наздикии канори русти он қифи  мижгонакдор xойгир шудааст. Қиф маҳсули мубодиларо дошта, ба резервуар медиҳад, аз девраи он  экскретҳо ба  наи нефридия мегузарад.
Системаи xинсӣ. Зулукҳо – гермофрадит. Узвҳои xинсии нарина қариб ки дар ҳамаи зулукҳо якхел. Дар зулуки тиббӣ системаи xинсӣ аз  9  xуфт ҳалқаҳои тухмакдон, ки метамерӣ дар мобайни тана xойгир аст, иборат мебошад. Аз он найҳои тухмакбарор, баъд тухмакгузарон мебарояд. Тухмакгузарон  ба пеш рафта – рафта печутоб хeрда, изофаи тухмакдонро  ҳосил мекунад. Баъд ду тухмакгузарон бо ҳам як шуда,  як найи тухмакбарорро ҳосил мекунанд.
Системаи xинсии  модина аз як xуфт халтаи тухм иборат аст, ки дар дарунаш тухмҳо дорад. Аз халтаи тухм тухмгузарон баромада, баъд наслдони кeтоҳ  сар мешавад, наслдон ба қин мегузарад. Қин бо муҳити беруна бо сeрохии xинсии модина алоқаманд мебошад, ки дар қафои сeрохии xинсии нарина  xойгир аст.
ҳамин тариқ, системаи xинсии зулукҳо системаи xинсии олигохеттаҳоро хотиррасон мекунад. Дар ҳарду гурeҳ гонадаҳо дар халтаҳои селоматикӣ xойгир  аст. Тухм дар пилла гузошта мешавад, ки дар он тамоми тараққиёти xанин мегузарад. Фарқ он аст, ки  дар олигохеттаҳо бордоршавии беруна — дар пилла,  дар зулукҳо бошад, даруна  мебошад.  Пилла дар қаъри обанбор, дар обсабзҳо ё дар соҳил, дар хоки нам гузошта мешавад.
Аҳамияти зулукҳо. Аксар намудҳо бинобар ҳаёти муфтхeрӣ ё  ниммуфтхeрӣ, даррандагӣ гузаронидан хуни ҳайвоноти мeҳрадорро  макида  зарар меорад (моҳиҳо, сангпуштон, ширхeрҳо, ҳатто дар одам дар xангалҳои Сейлон дар  хушкӣ  зиндагӣ карда). Зулуки тиббиро дар бадали бисёр садсолаҳо  барои муолиxаи бисёр касалиҳо  (трамбоз, гипертония, ҳолати пеш аз инсулт ва ғайра) истифода мебаранд.
Синфи зулукҳо ба ду зерсинф тақсим мешаванд: зулукҳои қадима  (Aқchihtқғdinea) ва зулукҳои ҳақиқӣ (Eғhizғdinea)
Зерсинфи  1 – ум зулукҳои хеле оддӣ буда, дар бандҳои пеш қилҳо нигоҳ дошта шудааст. Дар онҳо селом ва системаи хунгард нигоҳ дошта шудааст. Як отрядро ташкил медиҳад. Отряди зулукҳои қилдор. Ду намуди ин отряд маълум аст: Акантобела  peledina  муфтхeри  моҳиҳои сиг буда, дар кeли Онега вомехeранд, инчунин дар Сибир  Акантобела Ливанова  паҳн шуда,  вай асосан дар соҳилҳои  Камчатка  ёфт шудааст.
Зерсинфи 11- ум ба ду отряд xудо мешавад: зулукҳои хартумдор  ва xоғдор. Намояндаи озодшинокунандаи зулукҳои хартумдор  Глоссифониа ва муфтхeраш Хасментариа (дар сангпуштон муфтхeрӣ мекунад). Намояндаи зулукҳои xоғдор зулуки тиббӣ (Нирудо медициналис).
Ба ғайр аз ин аз луоби даҳони зулук гирудин- доруи пурқимати  муолиxавӣ тайёр карда мешавад.
Дар нимаи асри XlX  аз  Европаи Шарқӣ ба ноҳияҳои Европаи Fарбӣ миллионҳо зулуки тиббӣ  экспорт карда мешуд. Ин яке аз манбаъҳои даромади Руссия буд. Мисол, танҳо дар соли 1850 ба Франсия 100млн. адад  зулук бурда шуда буд.
Филогенияи типи ҳалқакирмҳо
          Мувофиқи фикрҳои мавxуда ҳалқакирмҳо аз кирмҳои дараxаи пасти ба бандҳо xудо нашуда ба вуxуд омадааст. Аломатҳои такроран xойгиршавии баъзе узвҳо дар танаи  баъзе  турбелярияҳо ва немертинҳо дида мешавад, ё монандии трохофораи полихеттаҳо бо кирминаи мюллеровии турбеллярияҳои бисёршохронда ва ғайраҳо, барои ба ин фикр розӣ шудан шаҳодат медиҳад. Хусусияти  хоси ҳалқакирмҳо ин ковокии танаи дуюмин ва системаи хунгард мебошад. Оид  ба пайдоиши селом назарияҳои гуногун ҳаст:
1. Назарияи схизоселӣ   чунин  мешуморанд, ки селоми ҳалқакирмҳо шакли оддии такмилёфтаи схизосел мебошад. Вале ин назария ба чунин савол xавоб дода наметавонад, ки барои чӣ дар тараққиёти xанинӣ дар бисёр ҳайвонҳо селом аз ҳисоби девораи рeда ҳосил мешавад?
2. Назарияи миоселӣ – мувофиқи ин назария селом ҳамчун ковокӣ дар зачаткаҳои  мушакии ҳайвонот  ҳосил шуд, ки бо суюқӣ пур шудааст. Селом аввал  фақат барои  мушакҳои  атроф аҳамияти такягоҳӣ дошт.  Xиҳати мусбии ин назария дар он аст, ки  вазифаи такягоҳии селом эътироф карда мешавад. Вале ин назария дигар вазифаҳои селомро  нишон намедиҳад.
3. Назарияи  гоноселӣ – мувофиқи ин назария селом  аз ғадудҳои xинсии кирмҳои дараxаи паст ба вуxуд омадааст. Ковокии ҳар як халтаи селоматикӣ ба ковокии гонадаи турбеллярияҳо   ё  немертинҳо мувофиқат мекунад. Маҳсулоти селом бошад —  аз xараёнҳои ҷинсӣ ҳосил мешавад. Дар ҳақиқат ҳам селом доимо вазифаи xинсиро иxро мекунад. Вале агар мо ба ин фикр розӣ шавем, он гоҳ чунин шуморидан лозим, ки як қисм ҳуҷайраҳои xинсӣ ба ҳуҷайраҳои оддии соматикӣ табдил ёфтааст.
4. Мувофиқи назарияи энтероселӣ  селом  аз системаи гастроваскулярии  рeдаковокону шонагиҳо бу вуxуд омадааст,  ки  авлодони хеле қадимаи  ҳайвонҳои селоматикӣ мебошанд. Зеро ки  дар рeдаковокони дараxаи олӣ дар зери энтодермаи  каналҳои гастроваскулярӣ  гонадаҳо  тараққӣ мекунад. Ин назария вазифаи xинсии селомро хуб нишон медиҳад. Ин назария,  инчунин назарияи гоноселиро  низ эътироф мекунад.
Доир ба системаи хунгард бошад, ковокии рагҳо  дар раванди эволютсия ҳамчун фазои тарқишшакл ё  найшакл дар  моддаи асосии паренхима ба вуxуд омадааст. Девораи рагҳои хунгард дар натиxаи дар атрофи ин каналҳо зич шудани моддаи асосӣ, хун бошад бофтаи пайвасткунанда бо суюқшавии моддаи асосӣ мебошад.

 

ҳамин тариқ, ҳалқакирмҳо  — шохаи бузурги филогенетикӣ  мебошанд. Гурeҳи марказии ин шохаро  синфи полихеттаҳо  ташкил мекунад. Аз онҳо дар як тараф  дар натиxаи ба оби  ширин ва ҳаёти рeизаминӣ гузаштан  олигохеттаҳо  ва бо воситаи инҳо зулукҳо ба вуxуд омадааанд (зулукҳо – авлодони хеле тағйирёфтаи олигохеттаҳо мебошанд). Одатан, дар вақти ба оби ширин гузаштан дар тараққиёт метаморфоз гум шуда, тараққиёт рост мегузарад. Дар зулукҳо, дар натиxаи ба ҳаёти ниммуфтхeрӣ ё худ ба ҳаёти муфтхeрӣ гузаштан  дуюмин  маротиба  селомро  танг  карда  мебарорад  ва ба  конвергенсияи  як  қвтор  аломатҳо  бо  паҳнкирмҳо  меорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *