Типи нармбаданҳо

1. Хусусиятҳои хоси типи нармбаданҳо.
2. Зертипи паҳлeасабон. Аломатҳои соддагии онҳо.
3. Синфи зиреҳдорон ё хитонҳо.
4. Синфи шикамxeйдорҳо ё безиреҳон.
Нармбаданҳо асосан ҳайвонҳои обӣ буда, намудҳои ками онҳо ҳайвонҳои рeизаминӣ мебошанд. Онҳо ҳам чун бандпойҳо аз  ҳалқакирмҳо пайдо шудаанд.  Mollғsca  аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш нарм аст.
                                                     Аломатҳои хоси нармбаданҳо:
1. ҳайвонҳои билатералӣ. Вале баъзе намудҳо сохти ғайрисимметрикӣ дорад (шикампойҳо).
2. Танаи онҳо ба бандҳо xудо нашудааст. Фақат дар баъзе намудҳои  дараxаи паст (хитонҳо) аломатҳои  метамерӣ xойгиршавии узвҳо дида мешавад.
3. Дар инҳо боқимондаи селом дар шакли халтаи  наздидилӣ  ва ковокии гонада нигоҳ дошта шудааст. Xойҳои холигии байни узвҳо бо бофтаҳои  пайвасткунанда пур мебошад.
4. Тана аз се қисм иборат аст —  сар, тана  ва пой. Пой – дар шакли барxастагии тоқаи мушакӣ, ки дар тарафи шикамӣ xойгир шудааст.
5. Асоси танаро чини калони  пeстӣ – мантия иҳота кардааст. Байни мантия ва тана ковокии  мантийгӣ ҳаст, ки дар он ғалсама, баъзе узвҳои ҳис xойгир шудааст. Ба ковокии мантийгӣ сeрохии оқиб, гурда  ва аппарати xинсӣ кушода мешавад.
6. Дар тарафи тахтапушта гeшмоҳӣ дида мешавад (яклухт, дупаллагӣ, аз якчанд лавҳа иборат). Гeшмоҳиро мантия  ҳосил мекунад.
7. Дар ҳалқи аксар  нармбаданҳо  узви махсус — теркаҳо ё радулаҳо — турбтарош ё забонча дида мешавад. Вазифааш майда кардани ғизо мебошад.
8. Ба нармбаданҳо мавxудияти дил хос  аст.  Дил иборат аз ду даҳлез ва як меъдача. Системаи хунгард кушод, яъне хун аз системаи рагҳо баромада, дар синусҳо ва лагунҳо  (xойҳои холимонда) низ ҳаракат мекунад.
9. Узви нафаскашӣ як ҷуфт ғалсамаҳо мебошад, ки онҳоро  ктенидияҳо  меноманд.  Дар намудҳои хушкигард  ба ҷои ғалсама  узви  махсуси нафаскашӣ – шуш пайдо шудааст. Ктенидияҳо дар ковокии мантия дар назди сўрохии маъқад ҷойгир шудааст, ки пайдоиши пўстӣ дорад.
10.Узви ихроҷ  гурда буда, сўрохии ихроҷ дар ковокии мантия ба берун кушода мешавад.
11.Системаи асаб  дар намудҳои дараxаи паст аз ҳалқаи наздиҳалқӣ  ва чор тори асаби дарозрeя иборат, масалан дар хитонҳо ва безиреҳон. Дар намудҳои дараxаи олӣ дар торҳои асаб якчанд гиреҳҳои асабӣ ҳосил мешавад (дар натиxаи консентратсияи ҳуҷайраҳои асаб), яъне системаи асаб аз гиреҳҳои асабии бетартиб  xойгиршуда иборат аст.
12. Тараққиёти нармбаданҳо  ба  тараққиёти полихеттаҳо монанд мебошад. Дар намудҳои дараxаи паст кирмина — трохофора, дар дигар намудҳо – шаклдигаркардаи кирминаи  трохофорагӣ – бодбонак  ё велигер  мебарояд. Кирминаи онҳо барои он номи бодбонакро гирифтааст, ки қисми пеши он ба монанди парда васеъ шуда, он ба пар ё велум монандӣ дорад ва бо мўякчаҳо пўшида шуда, вазифаи шиновариро иҷро мекунад.
Нармбаданҳо  наздик  130000 намуд дошта,  ба ду зертип тақсим мешавад: зертипи паҳлeасабон  ва зертипи нармбаданҳои  гeшмоҳидор. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 206 намуди нармбаданҳо маълум карда шудааст, ки ба ду синф – нармбаданҳои шикампой ва дупалла тааллуқ доранд. Дар байни нармбаданҳои хушкигарди Тоҷикистон 10 намуд ба зироатҳои гуногуни кишоварзӣ зарар мерасонанд, ба монанди лесакҳо ё балғамшуллукҳо.  Аз 206 намуди нармбаданҳои Тоҷикистон 6 намудаш ба «Китоби Сурх»-и дохил карда шудааст.

Зертипи паҳлeасабон

         Нармбаданҳои дараxаи паст,  бисёр вақт гeшмоҳии  ҳаштлавҳагӣ дида мешавад. Халтаи дохилӣ нест. Системаи асаб аз ду xуфт тори асаби дарозрeя иборат, ки шохаҳои паҳлeгӣ (плевровиссералӣ) ба якдигар аз қафои сeрохии аналӣ  мегузарад. Чашм ва ҳассоса нест.  Статосист нест. Кирмина трахофор ном дорад.
Ин зертип ба ду синф тақсим мешавад:
1. Синфи зиреҳдорон (Polyplacophoқa) ё  хитонҳо (Loқicata)
Ин синф  наздик ҳазор намудро дар бар мегирад. Синфи калонтарини паҳлeасабон. Хитонҳо байни сангҳои зери об хазида  ё ба онҳо  бо ёрии кафи пой часпида ҳаёт мегузаронанд.
         Сохт ва физиология. Шакли тана дарозрeяи овалӣ  буда, аз қисми тахтапушту шикам  каме   пачақшуда  мебошад. Андозаи тана аз якчанд мм  то 33 см (Cқyptochiton  дар баҳрҳои Шарқи Дур). Бадан аз қисми сар, тана ва пой иборат. Сар ба тарафи шикамӣ нигаронида шуда,  узвҳои ҳис надорад.
Бадан аз тарафи  тахтапушта  бо гeшмоҳӣ пeшида шудааст. ҳашт лавҳаи гeшмоҳӣ паси ҳам дар як қатор xойгир шуда,  бо ҳам ҳаракатнок пайваст шудаанд (қанори  оқиби як лавҳа ба қанори пеши дигар лавҳа xойгир шудааст – сангпуштакшакл) қабати берунии гeшмоҳӣ аз моддаи шохин, қабати дохилӣ  аз моддаи оҳакӣ иборат. Дар канори тахтапушта пулакчаҳои оҳакӣ ва сeзанҳо тараққӣ кардааст.
Системаи ҳозима. Даҳон дар тарафи поёнии сар xойгир шудааст. Дар қаъри ҳалқ забон,  дар  сатҳи забон дандонҳои шохин – радула ё терка xойгир шудааст (дандонаҳои нав аз ҳисоби ҳуҷайраҳои эпителиалӣ ҳосил мешавад — одонтобластҳо). Ба  ҳалқ як xуфт ғадуди обидаҳонxудокунӣ кушода мешавад.
ҳалқ ба сурхрeда, сурхрeда ба меъда, меъда ба рeдаи миёна (аз тана якчанд баробар дарозтар)  ва он ба рeдаи оқиби кeтоҳ кушода мешавад. Рeдаи оқиб дар қисми оқиби  тана ба ковокии мантийгӣ кушода мешавад.
Ба меъда xараёни xигар  кушода мешавад. Ҳазмкунии хўрок асосан, дар меъда ва ҷигар ба амал меояд. Дар ҳазмкунии хўроки онҳо ҳодисаи фагоситоз мушоҳида карда мешавад.
Хитонҳо аз ҳайвоноти якҳуҷайра, обсабзҳо ва ҳатто исфанҷиҳо  ғизо мекунанд.
Системаи асаб  характери соддагӣ дорад. Он иборат аз ҳалқаи наздиҳалқӣ, як xуфт тори асаби педиалӣ  ва як xуфт тори  асаби плевровиссералӣ. ҳалқаи наздиҳалқӣ қисми сарро,  асабҳои педиалӣ пойро, плевровиссералӣ   қисми боқимондаи танаро  иннерватсия  мекунад.
Узвҳои ҳис  суст тараққӣ кардааст. Дар хитонҳо  дар тарафи  тахтапушта  узвҳои ҳисси майда — эстетҳо дида мешавад. Канори дохилии эстетҳо бо  торҳои асабӣ алоқаманд мебошанд. Мегалэстетҳо — ҳаxман калон, аз якчанд ҳуҷайраҳо иборат. Микрэстетҳо – аз як ҳуҷайраи ҳискунанда иборат.  Дар баъзе хитонҳо як қисми эстетҳо шакл дигар карда, ба чашмҳои махсус табдил ёфтааст. Дар инҳо чашми ҳақиқӣ, узви мувозинат,  ҳассосаҳои сарӣ нест.
Узви нафаскашӣ – ғалсама. Миқдори он  аз 4  то 80 xуфт. Fалсамаҳо  якқаторӣ  дар ду тараф дар xeяки мантийгӣ  xойгир шудааст.
Системаи хунгард. Дил дар қисми оқиби тана  xойгир шуда, аз як меъдача ва ду даҳлез иборат аст. Меъдача дар оқибаш руст буда,  дар канори пеш ба раги асосӣ  — аорта мегузарад. Системаи хунгард дар хитонҳо кушод буда, сохти дил нисбат ба бандпойҳо мураккабтар мебошад. Дил бо халтаи наздидилӣ – перикардия иҳота карда шудааст.
Узви ихроҷ   ду гурда буда, онҳо аз селомодуктаҳо иборат ва шакли аломати V-ро доранд. Гурда аз як тараф ба халтаи назди дил ва аз тарафи дигар ба ковокии мантия ба берун кушода мешавад.
Системаи xинсӣ. Хитонҳо xудоxинса  буда, бордоршавӣ дар об мегузарад, узви махсуси бордоркунӣ надоранд. Fадудҳои xинсӣ xуфт, вале дар аксарияташон тоқа – тухмдон ва тухмакдон. Онҳо xараёнҳои махсус доранд, ки ба xeякҳои мантийгӣ  кушода мешаванд.
Тараққиёт.  Тараққиёти тухм дар об мегузарад. Аз тухм кирминаи  трохофорагӣ тараққӣ мекунад. Аз трохофораи ҳалқакирмҳо  бо он фарқ мекунад, ки  дар инҳо зачаткаи  пой, зачаткаи гeшмоҳӣ, як xуфт чашм дида мешавад. Баъд аз якчанд вақт кирмина ба қаъри об нишаста, ба хитон табдил меёбад.
2. Синфи шикамxeйдорҳо ё безиреҳон  (Solenogastқes  ё  Aplacophoқa)
Наздик 150 намуд дорад. Нармбаданҳои хеле соддаи баҳрӣ, кирмшакл, дар чуқуриҳои гуногун  (то 4000 м), дар лойқа ё дар тeдаи полипҳои гидроидӣ дучор мешаванд. Онҳо зиреҳ ва пой надоранд. Ба xои пой дар тарафи шикамӣ ҷўяк  дида  шуда,  он бо  миxгонакҳо пeшида шудааст. Ин рудименти  пой мебошад.  Сохти системаи асаб онҳоро ба хитонҳо наздик мекунад. Fалсама нест ё ҳамагӣ як xуфт дар қисми оқиби тана xойгир шудааст. Радула рудиментӣ,   ё нест.
Соддагии  безиреҳонро  бисёр олимон натиxаи мустақилшавии онҳо мешуморанд. Монандии онҳо ба хитонҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар ду авлоди умумӣ дошта, аз он шикамxeйдорон хеле барвақт xудо шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *