Зертипи нармбаданҳои гeшмоҳидор

1. Хусусиятҳои хоси  нармбаданҳои гeшмоҳидор.
2.Синфи моноплакофораҳо. Сохт ва аломатҳои соддагии
онҳо.
3.Синфи нармбаданҳои шикампой. Сохт ва аҳамияти онҳо.

Намояндагони ин зертип гeшмоҳии оҳакии яклухт ё дупаллагӣ доранд. Халтаи дохилӣ нағз тараққӣ кардааст. Системаи асаб дар шакли гиреҳҳои бетартиб xойгир шуда. Шохаҳои асабии паҳлeгӣ дар зери рeдаи оқиб бо ҳам пайваст мешаванд. Дар қисми  сар чашм ва ҳассоса дорад. Узви мувозинат  ҳаст.  Ба панx синф тақсим мешавад:  моноплакофораҳо, нармбаданони шикампой, белпой, дупаллагӣ  ё лавҳағалсамагӣ  ва сарпой.
Синфи моноплакофораҳо
Ин нармбаданҳо  ҳанeз   аз такшониҳои  кембрий, селур ва девон маълум буданд. Гeшмоҳии онҳо қалпоқшакл, табақчашакл ё ба спирал-печида   буд. Онҳо бо намуди берунӣ ба нармбаданони шикампой монанд буданд. Бинобар он онҳоро то  солҳои 40 – ум ба синфи молюскони шикампой дохил карда мешуд ва танҳо соли 1940 онҳоро ба синфи алоҳида xудо карда шуд. Соли 1952  дар қисми шарқии уқёнуси Ором дар чуқурии 3590 м экспидитсияи баҳрии Дания дар киштии «Галатея» як намояндаи ҳозираи ин синф —  Neopilina galatheae — ро  ёфт.
Neopilina сари  на он қадар калон, танаи нисбатан дароз ва пои дискшакл дорад. Дар қисми пеши сар як xуфт ҳассоса  ва чини пeстӣ – велум xойгир шудааст. Чашм надорад. Тана бо гeшмоҳии конусшакл пeшида шудааст. Диаметри гeшмоҳӣ то 3см. Гeшмоҳии неопилина ба гeшмоҳии табақчаи баҳрӣ,  макушка  монанд мебошад. Гeшмоҳии конусшакл доштани моноплакофораҳо, аз афт, ҳодисаи дуюмин мебошад. Бинобар он чунин мешуморанд, ки намудҳои қадимаи онҳо гeшмоҳии  спиралӣ доштанд. ҳатто дар неопилина ҳам дар давраҳои аввали тараққиёт гeшмоҳӣ спиралӣ буда, дар давраи болиғӣ танҳо дар қуллаи гeшмоҳии  қалпоқчашакл нишонаҳои спиралӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар неопилина  як қатор аломатҳои соддагӣ дида мешавад:  нигоҳ дошта шудани селом дар қисми тахтапушта, метамерӣ xойгиршавии баъзе узвҳо: як xуфт дил, шаш xуфт гурда, панx xуфт ктенидий, ҳашт xуфт мушак ва системаи xинсӣ…
Системаи асаб ба хитонҳо монанд мебошад. ҳамин тариқ, неопилина бо баъзе хусусиятҳояш ба хитонҳо, бо баъзе хусусиятҳояш ба шикампойҳои дараxаи паст монанд мебошад.

Синфи нармбаданони шикампой

Аз ҳама  синфи калонтарини типи нармбаданҳо мебошад. Наздик                    105 ҳазор намуд дорад. Аввалин шикампойҳо ҳайвоноти баҳрӣ буданд. Вале аксарияти онҳо дар оби ширин  ва хушкӣ мутобиқ шудаанд. Намудҳои муфтхeр хеле кам. Ин синф ба се зерсинф тақсим мешавад: пешғалсамадорон, оқибғалсамадорон  ва нармбаданони шушдор. Андозаи тана аз ду — се мм то якчанд даҳҳо см.  Аз ҳама   намуди калонтарин Hemifғsғs pқoӣoscidifeқғs  бо гeшмоҳиаш  60см, қуяни баҳрӣ – 25 см, баъзе тeқумшулуқҳои  рeизаминии африкоӣ зиёда аз 25 см мешавад.
Сар аз тана намоён xудо шудааст, пой нағз тараққӣ кардааст. Гeшмоҳии яклухт дар баъзе намудҳо нисбатан редуксия шудааст. Хусусияти хоси ҳамаи молюскони шикампой – сохти ғайрисимметрикӣ мебошад, ки ба чашм намоён аст. Сабаби ин пеш ҳама – редуксия шудани узвҳои тарафи рост, дуюмин ба спирал печидани халтаи дохилӣ  ва гeшмоҳӣ мебошад.
Сохт ва физиология. Шакли бадан дарозрeя буда, дар тарафи тахтапушта барxаста мебошад. Дар қисми сар даҳон, як – ду xуфт ҳассоса ва як xуфт чашм дида мешавад. Пой дар шакли барxастагии мушакии шикамӣ, ки бо ёрии он ҳайвон дар рeи субстрат оҳиста мехазад. Вобаста ба тарзи  ҳаётгузаронӣ пой дар баъзе намудҳо шакл дигар кардааст. Хусусан дар он шикампоёне, ки ба ҳаёти шинокунӣ гузаштаанд, нағз намудор аст. Пои онҳо ба шиноварии вертикалии борик табдил ёфтааст. Дар аксар намудҳо дар болои пой  тана дар шакли халтаи ба спирал печида xойгир шудааст.  Дар тана чинҳои пeшиш, чини мантия ҳосил мешавад, дар зери он ковокии мантийгӣ xойгир шудааст. Мантия гeшмоҳиро ҳосил мекунад (ба спирал печида), як тарафи гeшмоҳӣ руст буда (қуллаи он), тарафи дигараш сeрохӣ — даҳана  дорад, ки бо воситаи он сар ва пой баромада меистад. Бо баробари расиш кардани ҳайвон диаметри гардишҳои гeшмоҳӣ низ васеъ мешавад. Гeшмоҳии спиралӣ чунон калон аст, ки дар шароити хавфнок ҳайвон пурра худро ба даруни он  мегирад.
Баъзе намудҳои молюскони шикампой гeшмоҳии қалпоқчашакл доранд. Ин аломати соддагӣ набуда, балки ҳодисаи дуюмин мебошад. Зеро ки кирминаи онҳо гeшмоҳии спиралӣ дорад, кадоме ки баъдтар шакли қалпоқчаро мегирад. Гeшмоҳии шикампойҳо аз ду қабат —  периостракум (қабати тунуки органикӣ) ва остракум(қабати фарфорӣ) иборат аст. Дар баъзе намудҳо қабати дохилӣ (гипоостракум) – қабати перламутр дида мешавад. Моддаи оҳакӣ аз об ва хeроке ки фурe мебарад,  гирифта мешавад.
Дар баъзе намудҳо гeшмоҳӣ редуксия шудааст. Мисол, дар балғамшулуқ, дар лучғалсаманокон, дар нармбаданҳои шинокунанда ва рeизаминӣ, дар намудҳои муфтхeр.
Узви ҳозима  монанди дигар нармбаданҳо. Хўроки нармбаданҳои шикампой растанӣ ё боқимондаи растаниҳо буда, баъзе намудҳо дарранда мебошанд. Дар намудҳои дарранда хартум мавҷуд аст, ки он дар сўрохии  махсуси қисми пеши бадан ҷойгир шудааст.
Узви нафаскашӣ дар аксар шикампойҳо ғалсама мебошад. Fалсама – ктенидий як xуфт. ҳар як ктенидий  ду қатор варақаҳо дорад. Дар асоси ктенидий узви ҳисси химиёвӣ – осфрадий ҳаст.  Дар аввал ктенидий як xуфт, вале дар аксар шикампойҳо ктенидии рост редуксия шудааст (аз сабаби тараққӣ накардани узвҳои тарафи рости тана). Мисол, оқибғалсамадорон як ктенидий доранд.
Дар шушдорҳои рeизаминӣ ғалсама бо шуш иваз шудааст. Баъзе молюскони шушдоре, ки  ба ҳаёти обӣ баргаштаанд (ба оби ширин) низ бо шуш нафас мегиранд. Мисол, туқумшулуқи  ҳавзгард, катушка  ва ғайраҳо дар вақтҳои муайян  ба рeи об баромада   аз ҳавои атмосферӣ  нафас мегиранд.
Системаи хунгард. Дар намудҳои соддаи зерсинфи  пешғалсамадорон дил сохти симметрикӣ дорад. Яъне аз як меъдача ва ду даҳлез иборат буда, дар хатти мобайнии тана xойгир шудааст. Вале дар натиxаи редуксия шудани ғалсамаи рост симметрияи дил ҳам вайрон мешавад. Дар ҳамаи дигар намудҳо танҳо  даҳлези чап нигоҳ дошта шудааст. Xойгиршавии даҳлези чап ба xойгиршавии ғалсама ё шуш вобаста аст. Дар пешғалсамадорон ва шушдорҳо он дар пеши меъдача, дар оқибғалсамадорон дар оқиби он xойгир шудааст. Дил одатан  дар  болои рeдаи оқиб xойгир шудааст  ва доимо  бо халтаи наздидилӣ (перикардия), ки  боқимондаи селом мебошад,  пeшида шудааст. Хун беранг. Баъзан дар хун моддаи ба гемоглабин монанд дида мешавад.
Системаи асаб  аз шикампойҳои дараxаи паст то дараxаи олӣ тараққиётро аз сар мегузаронад. Дар натиxаи консентратсияи ҳуҷайраҳои асаб гиреҳҳои асабии бисёри бетартиб xойгиршуда ҳосил мешавад.
Дар шикампойҳои дараxаи паст гиреҳҳои асабӣ ё нест,  ё  суст  намудор аст.
Дар молюскони шикампойи дараxаи олӣ панx xуфт, дар оқибғалсаманокон бошад, ҳатто ҳафт xуфт гиреҳи асабӣ дида мешавад: серебралӣ (чашм, статосист, ҳалқ, ҳассосаи  сариро иннерватсия мекунад), педалӣ (пойро иннерватсия мекунад), серебралӣ (мантияро), париеталӣ (ктенидий ва осфрадийро), виссералӣ (узвҳои дохилиро) иннерватсия мекунад.
Узви ихроҷ як  xуфт гурда, кадоме ки аз он  танҳо як гурдаи чап нигоҳ дошта шудааст. Як нeгаш бо перикардия алоқаманд мебошад, бо нeги дигараш ба ковокии мантийгӣ кушода мешавад. Як xуфт гурда танҳо дар шикампойҳои дараxаи паст дида мешавад.
Системаи xинсӣ. Пешғалсамадорон xудоxинса. Шушдорон ва оқибғалсамадорон – гермофрадит. Fадуди xинсӣ доимо якто. Дар намудҳои гермофрадит – ғадуди гермофрадитӣ ҳаст. Мисол, дар тeқумшулуқи ток аз ғадуди гермофрадитӣ як xараёни умумӣ мебарояд, баъд он ба ду наи мустақил тақсим мешавад: тухмгузарон ва тухмакгузарони борик.  Бордоршавӣ дутарафа, яъне яке дигареро бордор мекунад.
Тараққиёт. Касрашавии тухми бордоршуда спиралӣ. Дар шикампойҳои дараxаи паст аз тухм трохофора мебарояд, ки  ба трохофораи ҳалқакирмҳо монанд мебошад. Фақат бо он фарқ мекунад, ки нишонаҳои мезодерма банднок намебошад. Баъд трохофора ба бодбонак ё велигер табдил меёбад. Дар велигер нишонаҳои пой ва гeшмоҳӣ дида мешавад. Велигер дар аввал таносуби дутарафа дорад. Сeрохии маъқад дар оқиби тана бо сeрохии даҳон дар як сатҳ xойгир шудааст. Дар ҳамин давра печидашавии  кирминагӣ ба амал меояд,  дар як вақти кeтоҳ халтаи дохилӣ ва гeшмоҳӣ акси ақрабаки соат ба 1800  давр мезананд. Ин раванд вобаста ба тез расиш кардани тарафи чапи халтаи дохилӣ, ки дар ҳамин вақт тарафи рост қариб ки тамоман расиш намекунад. Нобаробар расиш кардани тарафҳои росту чап ба редуксия  ё тамоман нест шудани узвҳои тарафи рост меорад. ҳамин тариқ, молюскони шикампой сохти ғайрисимметрикиро мегирад. Ба спирал печидани гeшмоҳӣ ва халтаи дохилӣ дертар ба амал меояд.
Дар аксар шикампойҳои оби ширин  ва рeизаминӣ  тараққиёт рост. Аз тухм кирминаи майда мебарояд.
                                  Аҳамияти  молюскони шикампой
Аҳамияти амалии шикампойҳо нисбат ба дигар синфи молюскон на он қадар зиёд аст. Баъзе намудҳои онро  инсон ҳамчун ғизо истифода мебарад. Ба монанди тeқумшулуқи ток (дар мамлакатҳои Европа), карнайчӣ (аз пешғалсамадорон), улиткаи баҳрӣ, табақчаи баҳрӣ ва ғайра. Аз перламутри гeшмоҳии баъзе пешғалсамадорон тугма, асбобҳои зебу зиннатӣ тайёр мекунанд.
Гeшмоҳии шикампойҳои  баҳрии гуногун, хусусан каури то аввали асри ХХ дар баъзе халқҳо ҳамчун тангаи пулӣ истифода бурда  мешуд (дар ҳиндустон, Африкаи Fарбӣ).
Баъзе намудҳо дар хоxагии қишлоқ зарари калон меорад (тeқумшулуқи ток, балғамшулуқ, зебрина…).
Баъзе намудҳо ҳамчун хexаини мобайнии трематодаҳо зарари калон меорад (масалан, тeқумшулуқи хурди ҳавзгард).
Рапана – молюскаи Шарқидурӣ, дарранда буда, ба молюскони дигар зарар меорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *