Синфи нармбаданҳои лавҳағалсамадор ё дупаллагиҳо

1. Сохт ва физиология.
2.Системаҳои ҳозима, асаб, нафаскашӣ, хунгард, ихроҷ
ва ғайра.
3.Системаи xинсӣ. Тараққиёт.
4. Экологияи нармбаданҳои дупалла.
5. Аҳамияти нармбаданҳои дупалла.
6. Таснифоти синфи нармбаданҳои дупалла .
Ин синфи нармбаданон чор ном дорад: дутабақагeшмоҳидор (К.Линней, 1758), нармбаданони бесар (Линк, 1807), лавҳағалсамадорон (Бленвил), табарпоён (Голдфус, 1880). Нармбаданҳои баҳрӣ ва обҳои ширин. Наздик 20 ҳазор намуди онҳо тасвир карда шудааст. Аломати хоси ин синф — гeшмоҳӣ  аз ду палла иборат буда, дар тарафи тахтапушт бо ҳам як шудааст. Дигар аломати хос – қисми сар, ҳалқ бо радуллаҳо ва ғадуди обидаҳонxудокунӣ редуксия шудааст.  Як xуфт ктенидия дорад, кадоме  ки  дар аксар намудҳо ба ду xуфт ғалсамаи лавҳашакли калон табдил ёфтааст.
Баъзе намуди моллюскони  дупалла  хеле калон мебошад. Масалан, тридакнаи гигантӣ (дар уқёнуси ҳинд ва Ором) то 250кг вазн дорад, гeшмоҳии он бошад то 1,35 метр мешавад.
Сохт ва физиология.  Бадан дарозрeя, таносуби дутарафа дорад. Бинобар редуксия шудани сар бадан аз ду қисм  иборат: тана ва пой.  Дар аксар намудҳо пой аз ду тараф  пачақ шуда, шакли теғаро гирифтааст. Ин шакли пой барои хазидан  ва барои ба қум ё лойқа ғeта задан хизмат мекунад. Дар  намудҳое, ки  ҳаёти беҳаракат мегузаронанд (мидия, устритса) пой дар шакли рудиментӣ мебошад.
Тана бо  мантия пeшида шудааст. Байни мантия ва тана ковокии мантийгӣ ҳаст, ки дар он  пой ва ғалсамаҳо, осфрадий,  сeрохии даҳон, сeрохии xудокунӣ, сeрохии маъқад, сeрохии xараёнҳои ғадудҳои xинсӣ xойгир шудааст.
Дар сатҳи мантийгӣ об  доимо сиркулятсия шуда меистад, кадоме ки ғалсамаро мешeяд ва бо ҳамин нафаскашӣ таъмин карда мешавад. Бо об ҳайвончаҳои майда ва қисмҳои растаниҳои пeсида меояд, ки моллюска аз онҳо ғизо мекунад. Бо об аз ковокии мантийгӣ экскрементҳо  ва маҳсулоте, ки гурда xудо кардааст берун карда мешавад.
Дар баъзе молюскони дупалла  (масалан, бедандонак, перловитса) дар ду xо канори мантия бо ҳам  намерасад, дар натиxа ду сифон ҳосил шудааст. Сифони поёнӣ (ғалсамагӣ) — бо ин об ба ковокии тана  дохил мешавад: сифони болоӣ (клоакагӣ) — бо ин об берун мешавад.
Эпителияи берунии чинҳои мантийгӣ ҳар ду паллаи гeшмоҳиро ҳосил мекунад. ҳарду паллаи гeшмоҳӣ танаро аз ду паҳлe мепeшад. Дар аксар молюскони дупалла ҳарду паллаи гeшмоҳӣ баробар тараққӣ мекунад. Дар баъзе намудҳо андозаи паллаҳо фарқ мекунад (калону хурд). Масалан,  дар устритса паллаи чапи гeшмоҳӣ калонтар мебошад, зеро ки он бо паллаи чап ба таги об часпидааст.
Паллаҳои гeшмоҳӣ дар тарафи тахтапуштаи тана бо ҳам бо воситаи лигамент ва қулф пайваст шудааст. Лигамент аз моддаи эластикӣ иборат буда, ду паллаи гeшмоҳиро чун тасмаи кeндаланги кeтоҳ  пайваст мекунад. Қулф гуфта, бо воситаи изофаҳои дандоншакли канори тахтапушт пайваст шудани  паллаҳои гeшмоҳиро меноманд.
Барои пeшида шудани  паллаҳои  гeшмоҳӣ  бандчаҳои мушакӣ (1 ё 2 ) хизмат мекунад. Гeшмоҳии молюскаи дупалла аз се қабат иборат: периостракум — берунӣ (аз моддаи органикӣ иборат), остракум (мобайнӣ ё фарфорӣ (аз моддаи оҳакӣ иборат) ва  гипоостракум — дохилӣ (перламутр). Байни гeшмоҳӣ ва мантия дар баъзе намуди дупаллагиҳо марворид ҳосил мешавад. Чӣ хел?  Агар қуммайда ё ягон xисмчаҳои бегона мобайни гeшмоҳӣ ва эпителияи мантия фаромада монад, он бо қабати перламутр пeшида шуда ба марворид табдил меёбад.
Системаи ҳозима. Даҳон  дар қисми пеши тана  xойгир шуда, атрофи он  бо миxгонакҳо пeшида шудааст. Ин миxгонакҳо об ва зарраҳои хeрокро  ба сeрохии даҳон тела медиҳад.
Даҳон ба сурхрeдаи кeтоҳ ва сурхрeда ба меъда кушода мешавад. Баъд аз меъда рeдаи миёна сар мешавад ва баъд рeдаи оқиб. Дар ду паҳлeи меъда як xуфт xигар xойгир шудааст, ки xараёни он ба меъда мефарояд.
Аксар молюскони дупалла, бинобар хеле камҳаракат будан, пассив ғизо мекунанд. Аз обе, ки  ба ковокии мантийгӣ мефарояд, ҳамаи ҳиссачаҳои хeрокро (детрит, организмҳои  плактонӣ, бактерияҳо…) дошта мегирад. Дар обҳое, ки молюскони дупалла бисёр, роли онҳо ҳамчун биофилтратор дар тоза кардани обанбор калон аст. Масалан, мидия дар як метри квадратӣ дар 1 шабонарeз  то 280м3 обро филтр мекунад.  Аз ин xиҳат онҳо  ба исфанxиҳо монандӣ доранд.
Системаи асаб иборат аз  се xуфт гиреҳи асабӣ. Ин гиреҳҳо  ба ғайр аз узвҳои дарунӣ, инчунин осфрадий ва ғалсамаҳоро иннерватсия мекунад.
Узвҳои ҳис  суст тараққӣ кардааст, ин аз афт  аз сабаби камҳаракатии онҳо мебошад. ҳассосаҳои сарӣ ва чашм нест. ҳамчун узви ҳискунӣ изофаҳои ҳассосамонанд, ки дар канори озоди  мантия ё дар канори сифонҳо xойгир шудааст, хизат мекунад. Дар асоси ғалсамаҳо   осфрадий  ва  дар назди гиреҳи педалӣ ду то узви мувозинат  дорад.
Системаи хунгард. Дили молюскони дупалла  дар тарафи тахтапушт дар халтаи наздидилӣ (перикардия) xойгир шудааст. Дил иборат аз ду даҳлез ва як меъдача. Аз меъдачаи дил ду раги калон – аортаи пеш ва оқиб мебарояд. Шоҳраг (аорта)-и  пеш аз болои рeда ба пеш рафта, аз он артерияҳо ба даруни тана, пой ва қисми пеши мантия мебарояд. Аортаи оқиб ба оқиби тана аз зери рeда рафта, ба ду артерияи оқиби мантия xудо мешавад. Аз артерияҳо хун ба системаи лакун ба бофтаи пайвасткунанда фаромада, баъд ба венаи лакуни дарозрeяи калон xамъ мешавад. Аз лакунҳо  хун бо воситаи рагҳои  хунгузари ғалсама ба ғалсама ва аз он ба даҳлези дил меояд.
Системаи  ихроҷ як xуфт гурда. Гурдаи дупаллагиҳо якҷоя бо девораи ғадудӣ – узви боянусӣ номида мешавад. Онҳо шакли аломати V-ро дошта,  як тарафашон дар халтаи назди дил ва тарафи дигарашон дар ковокии мантия кушода мешавад.
Системаи xинсӣ. Аксар молюскони дупалла xудоxинса. Fадудҳои xинсӣ xуфт буда, дар қисми пеши тана xойгир шудааст.
Тараққиёт. Бордоршавӣ дар  аксар молюскони дупалла беруна. Аз  тухми бордоршуда кирминаи трохофорагӣ мебарояд. Дар тараққиёти оянда дар тахтапушти трохофора гeшмоҳӣ  аввал дар шакли лавҳаи яклухт ҳосил шуда, баъд аз мобайн қат шуда дупаллагӣ мегардад  ва xои қатшуда дар шакли лигамент нигоҳ дошта мешавад.
Қисми болоии трохофора баъди тағйирёбиҳо  ба  бодбон табдил меёбад, бо мeякчаҳо пeшида мешавад (узви ҳаракат) ва кирмина  ба давраи дуюмин — велигер  мегузарад. Велигер бо як қатор аломатҳояш ба молюскаи болиғ монанд: зачаткаи пой, мантия, гиреҳҳои асаб, меъда, xигар  ва ғайра дорад, вале  узви  ихроҷ  ҳоло протонефридия мебошад.
Баъд аз якчанд вақт бодбонак (велигер) ба қаъри об рафта, бодбонро гум карда, ба молюскаи xавон табдил меёбад.
Дар намудҳои  оби ширин масалан, бедандонак тараққиёт аxоиб мегузарад. Тухм дар даруни ғалсамаи берунӣ гузошта мешавад. Аз тухм кирминаи дупалла – глохидий мебарояд, ки  аз болиғаш хеле фарқ мекунад. Паллаҳои глохидий лeнда буда, дар канори шикамаш дандонаҳо бо чангакчаҳои қатшуда дорад. Дар глохидий дар мобайни шикам риштаи часпанда (биссус) ҳаст. Вақте  ки  аз назди молюскае, ки  глохидий дорад моҳӣ шино мекунад, моллюска бо воситаи сифони бароранда кирминаро ба об ҳаво медиҳад. Бо ёрии риштаи биссус ва дандонаҳои гeшмоҳӣ глохидий ба ғалсама ё шиновари моҳӣ мечаспад. Глохидий аз ҳисоби хexаин  ғизо карда, ҳаxман калон мешавад  ва он дар  давоми якчанд ҳафта тараққӣ карда, ба моллюска табдил меёбад. Баъд моҳӣ аз ғалсама фаромада (варам мекафад), ба қаъри об меравад. Яъне тараққиёти ин молюскон бо муфтхeрии муваққатӣ алоқаманд мебошад, ки  ин ба паҳншавии  молюскаи  камҳаракат  сабаб мешавад.
Экология. Молюскони дупалла  ҳайвоноти хеле камҳаракат буда, дар қаъри обанборҳо ҳаёт мегузаронанд. Баъзе намудҳо тамоман бе ҳаракат.
                                        Аҳамияти молюскони дупалла
    Аз перломутри  молюскони дупалла  аз оилаи Ғnionidac тугма  ва дигар ҷавоҳиротҳо тайёр карда мешавад. Захираи табиии ин нармбаданон дар Тоxикистон калон  аст. Ин намуди нармбаданҳо хусусан дар Амрикои Шимолӣ бисёр мебошад. Барои гирифтани тугмаҳо гeшмоҳие, ки ғафсии перламутраш то 2,5 мм. мебошад қулай мебошад. Аз марворидаки баҳрӣ, ки дар баҳри Сурх, уқёнусҳои ҳинд  ва Ором то чуқуриҳои   5 – 15 м дучор мешавад, марворид гирифта мешавад.
Бисёр намудҳои молюскони дупалла  ҳамчун ғизо истифода бурда мешавад,  ба монанди устритса, мидия, гребешки, сердсевидкаҳо ва ғайра. Баъзеи онҳоро, масалан устритсаро  дар махсус обанборҳо  дар Англия, Фаронса, ШМА  ва Япония зиёд карда мешавад (дар мо дар баҳри Сиёҳ). Дар Англия ҳар сол то 2 миллиард устритсаҳо  дошта мешавад.
Дар Тоxикистон нармбаданони калони дутабақагeшмоҳидор  аз оилаи унионида паҳн шудаанд. Онҳо дар ҳавзаи дарёи Сир ва Аму во мехeранд. Ин нармбаданон аҳамияти калони хоxагӣ доранд.  Бинобар он дар баъзе мамлакатҳо  (ШМА, Голландия, Фаронса…) хоxагиҳои махсуси  устритсапарварӣ ва мидияпарварӣ ҳаст.
Нармбаданҳои дупалла биофилтратори муҳим мебошанд. Чунки аз ковокии мантия оби зиёдеро гузаронида, ҳайвоноти майдаи зинда ва мурдаро полида, оби тозаро ба берун мебароранд, яъне онҳо дар тоза кардани об  ва хокҳосилшавӣ аҳамият доранд.
Байни молюскони дупалла  намудҳои зараровар низ ҳастанд, ба монанди кирми киштӣ ё шашенҳ. Ба чeби киштӣ ё иншоотҳои чeбии гидротехникӣ зарари калон меорад. E дар иншоотҳои чeбини зериобмонда роҳҳо месозад. Шашенҳ дар Баҳри Сиёҳ ва Шарқи Дур дучор мешавад.
Дар баъзе баҳру дарёҳои  қисми Европогии  собиқ Иттиҳоди Шeравӣ  ва дар баҳри Арал дрейсена васеъ  паҳн шудааст. Ин моллюска бо риштаи ширешмонанд ба предметҳои зериобӣ часпида мегирад. Ба қубурҳои обгузар дохил шуда, онро пур мекунад  ё нобуд шуда,  таъми обро вайрон мекунад. Агар дрейсена ба миқдори зиёд паҳн шавад, он гоҳ кори платинаҳоро ё дигар иншоотҳои гидротехникиро аз кор бароварданаш мумкин аст. Баъзе дупаллагиҳо хexаини мобайнии кирмҳои муфтхeр мебошад.
 Таснифот. Синфи моллюскони дупаллагӣ ба чор отряд тақсим мешавад:
1. Отряди якумин ғалсамадорон. Хеле қадима ва содда. Намоянда:  Voldia Nғcғla
2.Ресмонғалсамадорон. Варақаҳои ғалсамагӣ дароз чун ресмон гардидааст. Намуд: мидия, гребешок, устритса, марворидаки баҳрӣ ва ғайра.
3. Лавҳағалсамадорони муқаррарӣ. Fалсамаашон аз лавҳаи дуқабата иборат. Намуд: Шашенҳ, марворидаки обҳои ширин, тридакна, ракушкаҳои обҳои ширин.
4. Отряди сарҳадғалсамадорон. Fалсама надорад. Нафасгирӣ бо қисми болоии  ковокии мантийгӣ мегузарад. Намуд: Cғspidaқia.
           
                                   Бедандонак
А.Ковокии дарунии тарафи рост: 1-лигамент, 2,3,4-мушакҳои маҳкамкунандаи пой, 5-хати мантия, 6,7- мушакҳои маҳкамкунандаи оқиб, 8-мушакҳои педалӣ. Б-бедандонаки аз гўшмоҳӣ берункардашуда аз тарафи чап: 1-ҷои ҷойгиршавии ҷигар, 2,3,4- мушакҳои маҳкамкунандаи пеш, 5-пой, 6-мантия, 7-ғалсамаҳо, 8-мушакҳои мантия, 9-сифони ғалсамагӣ, 10-сифони клоакагӣ, 11,12- мушакҳои маҳкамкунандаи оқиб, 13-қисми оқиби гурда, 14-перикардия, 15-узви кеберовӣ. В-бедандонаки чинҳои чапи мантия буридашуда (хати буридашуда). 1-ҷои ҷойгиршавии ҷигар, 2,3,4-мушакҳои мустаҳкамкунандаи пеш, 5-даҳон, 6-пой, 7-парраҳои даҳон, 8-тарафҳои дарунӣ ва берунаи нимғалсамаи чап, 9-мантия, 10-сифони ғалсамагӣ, 11-сифони клоакагӣ, 12-камераи клоакагӣ, 13-наи тахтапушта, 14-рўдаи рост, 15,16-мушаки мустаҳкамкунандаи қафо, 17-сўрохии мантийгии пушт, 18-перикардия, 19-узви кемеровӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *