Зертипи ғалсаманафаскашон

1. Хусусиятҳои хоси  зертипи ғалсаманафаскашон
Сохти беруна ва дарунаи онҳо. Синфи харчангшаклон.
2. Афзоиш ва тараққиёт.
3.Зерсинфи харчангшаклони дараxаи олӣ дар мисоли харчанги дарёӣ.
4. Зерсинфи харчангшаклони ғалсамапой. Намудҳои асосӣ.
5. Аҳамияти харчангшаклон.
Зертипи ғалсаманафаскашон  зиёда аз 20 ҳазор намудро дар бар мегирад. Дар рўдҳо, кўлҳо ва дигар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 50 намуди ғалсаманафасгирон ба рўйхат гирифта шудаанд.  ҳамагӣ як синф – синфи харчангшаклонро дар бар мегирад. Аксарият ҳайвонҳои баҳрӣ, байни онҳо намудҳое, ки дар оби ширин ҳаёт мегузаронанд, кам нестанд баъзе намуди онҳо дар xойҳои намнок дучор мешаванд (краби  хушкигард, хараки бобо ва ғайраҳо). Баъзе намудҳо бошанд, ба монанди саккулин, пелтогастер, желуди баҳрӣ, eрдаки баҳрӣ ба бадани ҳайвонот часпида ҳаёти  муфтхeрӣ мегузаронанд. Баъзе намудҳо масалан, сиклоп ҳамчун хexаини мобайнии (ришта) кирмҳои муфтхeр ба паҳншавии онҳо сабаб мегардад.
Аксарияти харчангшаклон хeроки асосии ҳайвоноти саноатӣ — моҳиҳо  ва китҳо мебошанд. Дар навбати худ онҳо объекти муҳими шикорӣ буда, инсон онҳоро  ҳамчун  ғизо истифода мебарад. Масалан, харчанги дарёӣ, крабҳо, креветкаҳо, харчанги гeшанишин, лангустҳо  ва  ғайраҳо.  Аз онҳо консерва тайёр мекунанд.
Нақши харчангшаклон дар гардиши биологии моддаҳо дар экосистемаҳои обӣ хеле муҳим аст. Харчангшаклони плангтонӣ асосан обсабзҳои якҳуҷайра, заррачаҳои органикии дар об мавҷудбуда, боқимондаҳои пўсидаи растаниҳоро хўрда, дар тоза кардани об иштирок мекунанд, яъне онҳо биофилтраторҳои муҳим мебошанд.
Харчангшаклон  аз дигар бандпойҳо бо чунин аломатҳо фарқ мекунанд:
1. Ду xуфт мeйлаб (антенна ва антенуллаҳо) доранд.
2.Фақат дар харчангшаклон  пой сохти душоха дорад. Дар раванди эволютсия  сохти аввалаи пой хеле тараққӣ ёфта, дуюмин маротиба якшоха шудааст.
Андозаи танаи харчангшаклон аз микроскопӣ (намудҳои плангтонӣ) то 80 см мешавад. Краби японӣ бо пойҳои кушодааш 1,5-2м андоза дорад.
         Қисмҳои тана. Тана аз се қисм иборат:  сар,  сина ва шикам. Дар қисми сар 5 изофаҳои сарӣ:
1. Антенуллаҳо – якшоха; 2. Антенна – 2 шоха, пайдоиши параподиалӣ дорад; 3.Як xуфт xоғи болоӣ- мандибула; 4. Ду xуфт xоғи поёнӣ (максилла 1  ва максилла 2).
Дар бисёр харчангшаклон пeшиши тарафи тахтапушта барxастагиро ҳосил мекунад, ки қисми сару синаро пeшонидааст. Онро зиреҳи сарусинагӣ  ё карапакс меноманд. Дар ин зиреҳ xeяки кeндаланг дида мешавад, ки он сарҳади xоғҳо ва қисми синагӣ мебошад.
Бандҳои синагӣ бо қисми сар як шуда, сарсинаро ҳосил карданаш мумкин аст. ҳамаи ин бандҳо пойҳо доранд. Масалан, дар харчанги дарёӣ се xуфт  пойҳои  пеши синагӣ ба xоғпойҳо табдил ёфтааст. Xоғпойҳо хeрокро ба даҳон тела медиҳанд. Панx xуфт пойҳои боқимонда вазифаи роҳгардиро иxро мекунад. Fайр аз он xуфти дуюм ва сеюм ғалсамаҳо (эпиподит) доранд.
Бандҳои шикамӣ бо ҳам  ҳаракатнок пайваст шудааст. Танҳо дар харчангшаклони дараxаи олӣ дар қисми шикамӣ пойҳо ҳаст. Дар харчангшаклони дараxаи паст дар қисми шикамӣ пойҳо нест. Ин пойҳои шикамӣ вазифаи нафаскашӣ ва ҳамчунин вазифаи узви  муштаракро иxро мекунад. Қисми шикамӣ бо телсон ба охир мерасад, ки он пойҳо надорад ва гомологи пигидии полихеттаҳо мебошад.
Шумораи бандҳои қисми  сарӣ дар ҳамаи харчангшаклон як хел               (4то). Шумораи бандҳои синагӣ ва шикамӣ гуногун. Фақат дар харчангшаклони дараxаи олӣ шуморааш доимӣ: синагӣ – 8, шикамӣ – 6. Дар дигар харчангшаклон миқдори бандҳо тағйирёбанда буда, шумораи онҳо то 50 адад аст.
Xуфти шашуми пойҳои шикамӣ — уроподаҳо сохти ба худ хос дорад. Ду шохаи он ба шиновар табдил ёфта, якxоя бо телсон аппарати шиновариро ҳосил мекунад.
Системаи ҳозимаи харчангшаклон вобаста ба тарзи ғизогириашон сохти гуногун дорад. Дар байни онҳо даррандаҳо (харчанги даҳпой) ҳам дучор мешавад. Аксарияти онҳо растанихeр,аз обсабзҳо ғизо мекунанд. Баъзе намуди онҳо  масалан, хараки обӣ аз боқимондаи пeсидаи растаниҳо ғизо карда, дар тоза кардани об нақши муҳим мебозад. Онро қариб дар ҳамаи обанборҳои гирду атроф дучор кардан мумкин аст.
Системаи ҳозима аз рeдаи пеш (сурхрeда, меъдаи кафшакунанда  ва пилорикӣ), рeдаи миёна ва оқиб иборат аст. Рeдаи пеш ва оқиб аз дарун бо кутикулаи  хитинӣ пeшида шудааст. ҳазмшавии ғизо асосан дар рeдаи миёна ба амал меояд. Зеро дар он xо ғадудҳои луоббарор мавxуд ва xигари нағз тараққикарда низ ба рeдаи миёна кушода мешавад. Рeдаи оқиб наи рост буда, ягон хел изофа надорад. Xигари харчанг  инчунин вазифаи фагоситариро ҳам иxро мекунад, яъне ҳуҷайраҳои  xигар заррачаҳои майдаи хeрокро гирифта, онро дар дохили ҳуҷайра ҳазм мекунад.
Узви нафаскашӣ. Дар баъзе харчангшаклони майда узви махсуси нафаскашӣ нест  ва онҳо  бо воситаи тамоми бадан нафас мекашанд.  Қисми дигари харчангшаклон бо воситаи ғалсамаи пeстӣ нафас мегиранд. Fалсамаҳо  дар асоси пойҳои синагӣ  xойгир шудаанд. Дар харчанги дарёӣ се xуфт xоғпойҳо ва панx xуфт пойҳои роҳгардӣғалсама доранд. Харчангшаклони хушкигард барои аз ҳавои атмосферӣ нафас гирифтан, мутобиқ шудаанд. Дар инҳо системаи найҳои ҳавогузаронанда ҳаст.
Системаи хунгард чун дигар  бандпоён  кушод аст. Дар харчангшаклони дараxаи паст дил шакли найчаро дорад  ва дар тарафи пушт xойгир шудааст. Аммо дар кайки обӣ дил кeтоҳ буда, халтамонанд ва якто сeрохӣ дорад.
Дар харчангшаклони дараxаи олӣ дил халтамонанд мебошад.
Системаи ихроx.  Дар харчангшаклони дараxаи олӣ як xуфт ғадуди xудокунӣ ҳаст, ки он  дар қисми сар xойгир шуда, дар асоси антенна ба берун кушода мешавад. Онро ғадудҳои антенналӣ номида мешавад. Дар дигар харчангшаклон ҳам як xуфт ғадуди xудокунӣ ҳаст, ки он на ба асоси антенна, балки ба асоси xуфти дуюми  максилла кушода мешавад. Бинобар он онро  ғадуди максиллярӣномида мешавад.
Дар кирминаи харчангшаклон бошад  баръакс.  Ин нишон медиҳад, ки  пешгузаштагони харчангшаклон ду xуфт узви xудокунӣ – антенналӣ ва максиллярӣ доштанд. Оянда дар тараққиёти эволютсионӣ яке аз онҳо нигоҳ дошта шудааст.
        Узвҳои ҳис. Дар харчангшаклон узвҳои ҳискунӣ, бeиш, узви мувозинат ва биноӣ тараққӣ кардааст. ҳамчун узви ҳискунӣ  мeякчаҳое, ки  дар пойҳо, антеннаҳо  ва антенуллаҳо ҳаст хизмат мекунад. Мeякчаҳое, ки дар антеннулаҳо ҳаст, ҳамчун  узви  бeиш  хизмат мекунад.
Дар харчангшаклон ду хел чашм мавxуд аст:
1. Содда ё науплиалӣ.    2. Мураккаб ё фасеткагӣ.
Чашми содда дар кирминаи харчангшаклон (науплиус) дида мешавад. Дар белпойҳо ва баъзе дигар харчангшаклон бошад, чашми содда то охир нигоҳ дошта мешавад.
Чашми фасеткагӣ  аз миқдори зиёди чашмакчаҳои алоҳида — омматидияҳо иборат аст. Шумораи омматидияҳо дар ҳар як чашми харчанги дарёӣ то 3 ҳазор мебошад.
Афзоиш ва тараққиёт. ҳамаи харчангшаклон ба ғайр аз мeйлабпойҳо xудоxинса мебошанд. Дар аксари инҳо диморфизми xинсӣ  нағз намудор аст.
Бо роҳи xинсӣ афзоиш мекунанд. Дар як қатор харчангшаклони дараxаи паст (зиреҳдорҳо, шоханокмeйлабҳо, ракушкаҳо) афзоиши партеногенезӣ ва навбаткунии насли  партеногенезию xинсӣ дида мешавад.
Узви xинсии модина ва нарина содда мебошад. Он аксар вақт  иборат аз як xуфт гонадаҳо. Fадуди xинсии модина дар харчанги дарёӣ иборат аз тухмдон, наи тухмгузарон ва сeрохии алоҳидаи xинсӣ, ки  ба коксоподити xуфти сеюми пойҳои синагӣ кушода мешавад.
Fадуди xинсии модинаи харчанги дарёӣ гарчанде тоқа бошад ҳам,  вале дар қисми пеш душоха шудааст. Ин нишон медиҳад, ки  он аз ду ғадуд ҳосил шудааст. Аз тухмакдон тухмакгузарон мебарояд, аз тухмакгузарон наи тухмакбарор мебарояд. Сeрохии xинсии наринаҳо дар коксоподити xуфти панxуми  пойҳои синагӣ кушода мешавад.
Тараққиёти тухми бордоршуда ҳар хел мегузарад ва он вобаста ба миқдори зардии тухм мебошад. Дар  белпойҳо ва ғайраҳо, ки тухм  зардии кам дорад, касрашавӣ пурра мебошад. Дар ин вақт тараққиёт бо метаморфоз мегузарад. Аз тухм кирмина – науплиус мебарояд, ки сохти он хеле содда мебошад.
Дар харчанги дарёӣ, ки тухм  зардии зиёд дорад, касрашавӣ нопурра ва тараққиёт рост мегузарад. Тараққиёти рост инчунин ба дафнийҳо, мизидҳо хос мебошад.
Ба аксар харчангшаклон (ғалсамапойҳо, белпойҳо, мeйлабпойҳо, ракушкаҳо ва баъзе креветкаҳо) кирминаи науплеусӣ хос аст. Науплеус антенна, антеннула, мандибула, чашми тоқаи науплеусӣ, сeрохии маъқад дорад. Антенна дар инҳо на дар пеши даҳон, балки дар оқиби он xойгир шудааст. Дар харчангшаклони болиғ дар пеши даҳон xойгир шудааст. Аз давраи ҳосилшавии бандҳои максиллярӣ ва қисми синагӣ кирминаро метанауплеус номида мешавад. Метанауплеус  ба харчанги болиғ табдил меёбад. Дар сиклом боз стадияи копеноидӣ дида мешавад.
Дар  харчангшаклони дараxаи олӣ стадияи кирминагии протозоеа ва зоеа хос аст. Дар креветкаҳо баъди зоеа стадияи мизидӣ низ дида мешавад.
Протозоеа бо зеринҳо характернок мебошад:
1. ҳосилшавии чашми фасеткагӣ.
2. Тараққиёти xоғпойҳо.
3. Намоён xудо шудани тана ба қисми  сарсина ва шикамӣ.
Стадияи зоеа аз протозоеа бо ҳосилшавии нишонаҳои пойҳои дигари синагӣ ва боз ҳам нағзтар дифференсиатсия шудани сарсина ва шикамӣ фарқ мекунад.
Дар стадияи мизидӣ пойҳои шикамӣ дида мешавад.
Синфи харчангшаклон ба 5 зерсинф тақсим мешавад: ғалсамапоён (Ӣқanchiopoda), сефалокаридҳо (Cephalocaқida), максиллоподаҳо (Maxillopoda), харчангҳои ғилофакдор (Ostқacoda)  ва харчангшаклони дараҷаи олӣ (Malacostқaca).
Зертипи трилобитнамоёнҳо

         Трилобитнамоёнҳо бандпойҳои мурдарафта. Онҳо дар аввалҳои эраи палеозой ба вуxуд омада, дар охирҳои ин эра тамоман мурда рафтаанд. Дар давраҳои кембрий, селур ва девон бисёр паҳн шуда буданд.
Дарозии бадани трилобитҳо то 20 см мебошад. Онҳо ҳайвонҳои баҳрӣ буда, як қатор аломатҳои примитивӣ доштанд. Танҳо як синфи онҳо — синфи трилобитҳо нисбатан пурра омeхта шудааст. Соддагии онҳо дар якхела будани  бандҳои тана ва вазифанок нашудани пойҳо дида мешавад, ки аз ин xиҳат онҳо полихеттаҳоро ба хотир меоранд. Дар намудҳои нисбатан содда бадан танҳо аз ду қисм иборат: сар ва тана (миқдори бандҳо то 44). Вале дар аксар намудҳо бандҳои оқиби тана  бо ҳам як шудааст  ва зиреҳи думиро ҳосил кардааст. Дар тарафи тахтапушта ду xeяки дарозрeя ҳаст, ки танаро  ба се қисм xудо мекунад (номи тип аз ҳамин xо гирифта  шудааст). Дар болои зиреҳи сарӣ як xуфт чашми фасеткагӣ xойгир шудааст (то 15 ҳазор чашмчаҳои содда иборат).  Дар тарафи поёни сар якчандто антеннулаҳо  xойгир шудааст. Дар атрофи даҳон чор xуфт пойҳои сарӣ ҳаст, ки  ин ба қисмҳои сарӣ дохил мешавад.  Монандии пойҳои сар ба пойҳои танагӣ ин аломати соддагии онҳо мебошад. Чӣ хеле ки медонем, дар дигар бандпойҳо онҳо ба узвҳои даҳон (хелитсера, xоғи болоӣ ва поёнӣ) табдил ёфтааст.
Пойҳои трилобитҳо  якшоха. Банди асосии ҳар як пой варақаҳои ғалсамагӣ  дорад, дар тарафи дохилӣ бошад, барxастагии хоянда. ҳамин тариқ, пои трилобитҳо вазифаи хазидан, нафаскашӣ, доштан ва майда кардани ғизоро иxро мекунад.
Трилобитҳо ҳайвонҳои xудоxинса буданд. Тараққиёти онҳо бо метаморфоз  мегузашт. Зиёда аз 10 ҳазор намуди онҳо маълум аст. Онҳо ҳайвоноти зериобӣ, хазида ҳаёт мегузарониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *