Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

1. Сохт ва физиологияи ҳашарот
2.Сохти сар, сина ва шикам.
3.Системаҳои мушакӣ, ҳозима, ихроҷ, асаб, узвҳои ҳис, нафаскашӣ, xинсӣ ва ғайра.
4.Афзоиш ва тараққиёт.
5.Таснифоти  синфи  ҳашарот.
Шашпойҳо ба монанди бисёрпойҳо ба зертипи трахеядорон дохил шуда, як қатор хусусиятҳои умумӣ, аз ҷумла, ба воситаи трахея нафас гирифта, як ҷуфт мўйлаб ва се ҷуфт ҷоғ доранд.  Дар шашпоён ҷуфти дуюми ҷоғи поёнӣ (максилла 2) лавҳаи тоқа – лаби поёниро ҳосил кардааст, дар бисёрпоён бошад, максиллаи 2 боқӣ мондааст.  Пеш шашпоёнро ба як синф – ҳашарот дохил мекарданд, баъдтар маълум шуд, ки ин гурўҳ аз ҷиҳати ташаккулёбӣ гуногунанд. Соли 1956 дар конгресси Умумиҷаҳонии энтомологҳо қарор қабул карда шуд, ки ҳашарот ба ду зерсинф ва баъдтар ба ду синф – пўшидаҷоғ ва кушодаҷоғ ҷудо карда шавад.
Синфи ҳашароти пўшидаҷоғ             Намояндагони ин синф шашпоёни оддии бебол буда. қисми сина аз шикам ҷудо нашудааст. Узвҳои даҳонӣ дар капсулаи сар пинҳон мебошанд.  Ба ин синф қаторҳои  бемўйлабон, пойдумон ва ҷуфтдумон дохил мешаванд.
                 Синфи ҳашароти кушодаҷоғ  ё ҳақиқӣ
Синфи ҳашароти кушодаҷоғ ё ҳақиқӣ гурeҳи калонтарини олами ҳайвонот буда, наздик 70% ҳайвоноти сайёраамонро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои гуногун аз 600 ҳазор то 1,5 млн. намуди ҳашарот тасвир карда шудааст. ҳоло ҳам аз тарафи олимон ҳар сол намудҳои нав ба нави ҳашарот тасвир карда шуда истодааст. Дар табиат на танҳо намудҳо, инчунин фардҳои онҳо хеле зиёд мебошад. Масалан, шумораи хомeшакҳо, оводаҳо, малахҳо ва ғайра.  Аз ин рe онҳо дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти калон доранд.
Сохт ва физиология.  Бадани ҳашароти болиғ  аз се қисм иборат: сар, сина ва шикам. Қисми сар иборат аз  акрон ва 4 банд, қисми синагӣ бошад, аз 3 ва қисми шикамӣ то 11 банд иборат аст. Қисми сар ва сина пойҳо дорад, дар  қисми шикамӣ бошад,  баъзан рудименти онҳо дида мешаваду халос.
Сар бо капсулаи хитинӣ пeшида шуда, бо қисми синагӣ ҳаракатнок пайваст шудааст. Даҳон дар қисми пеш ё поёни сар xойгир шудааст. Дар паҳлeи сар як xуфт чашми калон xойгир шудааст.
Сар чор xуфт изофаҳо дорад: як xуфт мeйлаб (антеннаҳо) ва се xуфт пойҳои дигари сарии дар атрофи даҳон xойгир шуда, узвҳои даҳонро ҳосил кардаанд. Мeйлаби ҳашарот гуногун буда, ҳамчун узви ҳис ва бeиш хизмат мекунад. Дар он ресепторҳои зиёд  ҷойгир шудааст. Мeйлаби ҳашарот ресмоншакл, аррашакл, шонашакл, пармонанд, банддор, зонушак, сeзанакшакл ва ғайра мешавад.
Аппарати даҳони ҳашарот. Бинобар хеле гуногун будани тарзи ғизогирии ҳашарот сохти аппарати даҳони ҳашарот гуногун мебошад. Панx типи аппарати даҳони ҳашарот дида мешавад.
1. Аппарати даҳони хоянда– аввалин типи аппарати даҳони ҳашарот мебошад, зеро дар он қисмҳои даҳон нисбатан пурратар нигоҳ дошта шуда, ба узвҳои даҳони бисёрпойҳо монанд ва он дар кирминаи бисёр ҳашарот (масалан, парвонаҳо) дида мешавад, ки онҳо дар давраи болиғӣ дигар типи аппарати даҳон доранд.
Аппарати даҳони хоянда аз қисмҳои зерин иборат: лаби болоӣ, як xуфт xоғи болоӣ, ду xуфт xоғи поёнӣ ва лаби поёнӣ. Xоғи болоӣ аз дарун дандонаҳо дорад, ки он барои майда кардани ғизо хизмат мекунад. Xуфти дуюми xоғи поёнӣ бо ҳам як шуда (ба монанди бисёрпойҳо) лавҳаи тоқа – лаби поёниро ҳосил кардааст. Аппарати даҳони хоянда дар ҳашароте, ки ғизои сахт мехeрад, аз қисмҳои сахти растанӣ ғизо мекунад, дида мешавад (нонхeракҳо, малахҳо, гамбускон  ва ғайраҳо).
2. Аппарати даҳони хояндаю макканда. Ин типи аппарати даҳон нисбатан кам тағйир ёфтааст  ва ба занбeрҳо, говзанбeрҳо (шмелҳо) хос  аст. Xоғи болоӣ ва лаби болоӣ бетағйир мемонад. Ду xуфт xоғи поёнӣ хеле дароз шуда, ба хартуми паҳн табдил меёбад. Xоғи болоӣ гарди гулро вайрон мекунад, хартум бошад, нектарро меxаббад.
3. Аппарати даҳони маканда. Дар натиxаи аз ғи зои сахт ба ғизои суюқ гузаштан аппарати даҳони нисбатан мукаммалшуда, яъне ба макидан мутобиқшуда ба амал омад. Аппарати даҳони маканда дар парвонаҳо дида мешавад. Дар он як xуфт xоғи поёнии хеле нағз тараққикарда ба хартуми маканда табдил ёфтааст. Дигар қисмҳои аппарати даҳон редуксия шудааст. Хартум дар ҳолати оромӣ ба спирал печидааст.
4. Аппарати даҳони халандаю макканда. Дар хомeшакҳо, ширинчаҳо, нимсахтқанотон  xоғҳои болоӣ ва  поёнӣ ба қилҳои халанда табдил ёфтааст. Лаби поёнӣ дароз шуда, ба ғилоф (футляр)- и новашакл табдил ёфтааст, ки дар он дар ҳолати оромӣ қилҳои халанда xойгир шудааст. Ин типи аппарати даҳон ба ҳашаротҳое, ки аз шираи ҳуҷайра ё хуни ҳайвонҳои мeҳрадор ғизо мекунад, хос мебошад. Бо ёрии қилҳои халанда аввал ба субстракт укол карда, баъд суюқии ҳуҷайра макида мешавад.
5. Аппарати даҳони л есанда. Дар аксар магасҳо дида мешавад. Қисми асосии ин аппарати даҳон – лаби поёнии гeштиншуда мебошад, ки он бо ду барxастагии лавҳашакл ба охир мерасад. Ин лавҳаҳо бо аппарати филтркунанда таъмин мебошад.
Дар баъзе ҳолат аппарати даҳон дуюмин маротиба тамоман редуксия шудааст. Ин хусусият ба намудҳое, ки дар давраи болиғӣ ғизо намекунанд (якрeзаҳо, оводаҳо) характернок мебошад.
Xойгиршаваии қисмҳои даҳон дар капсулаи сарӣ дар систематикаи ҳашарот аҳамияти калон дорад. Дар аксар ҳашарот онҳо аз берун, дар сатҳи сар xойгтр шудаанд. Ин  ҳашарот ба синфи кушодаxоғон- Ectognata муттаҳид карда шудааст. Дар баъзе ҳашароти примитивӣ пойҳои даҳон дар дохили капсулаи даҳонӣ xойгир шудааст ва ба берун фақат нeги онҳо баромада меистад. Ин гуна ҳашарот синфи пўшидаxоғҳоро ташкил мекунанд.
Қисми синагӣ –аз  се банд иборат аст: пеш, миёна ва оқиб. Бандҳои синагӣ се xуфт пойҳо дорад. ҳар як пой иборат аз тазик, вертлуг, рон, соқ ва панxаҳои аъзонок. Шумораи аъзоҳо то 5-то. Аъзои охирини панxаҳо дар нeгаш 2, баъзан 1-то чанголча дорад.
Пои ҳашарот дар раванди эволютсия шакл дигар карда, барои иxрои вазифаҳои гуногун мутобиқ шудааст:  пои xаҳандаи малахҳо, пойҳои кобандаи хирсакҳо, пойҳои шиноварии ҳашаротҳои обӣ (шинокунандаҳо, обдeстҳо) ва ғайраҳо.
Хусусияти хоси ҳашарот ин парвозкунии онҳо мебошад. Парвоз бо ёрии қанот ба амал меояд, ки дар бандҳои 2 ва 3-юми қисми синагӣ xойгир шудааст.
Қаноти ҳашарот аз чинҳои девораи тана ба вуxуд омадааст. Гарчанде бол дар шакли лавҳаи тунуки яклухт бошад ҳам, вале он дуқабата мебошад. Қабатҳои болоию поёнӣ бо тарқиши хеле борик xудо шудааст, ки он  давоми сатҳи тана мебошад. Ба ҳамаи қитъаҳои қанот   рагҳои хунгард ва торҳои асаб дохил мешавад. Дар қанот  ин рагҳо бо як тартиби муайян xойгир шудаанд, ки онро рагдоршавӣ меноманд. Рагдоршавии қанот  дар систематикаи ҳашарот роли муҳим мебозад. Дар замони ҳозира системаи ягонаи номбаркунии рагҳо қабул карда шудааст. Дар қаноти ҳашарот чунин рагҳои дарозрeя фарқ карда мешавад: косталӣ (С),  субкосталӣ (Sc), радиалӣ(Қ), медиалӣ (Me), кубиталӣ (Сғ), аналӣ (А) ва югалӣ(jғ). Ба ғайр аз он рагҳои кeндаланг дида мешавад.
Қисми шикамӣ. Қисми шикамии ҳашарот пой надорад. Фақат дар кушодаxоғон рудименти пои шикамӣ ва дар протураҳо (беқанотон) дар се банди пеши шикамӣ  пойҳои хурд ҳаст. Дар қисми оқиби шикамии бисёр ҳашарот (нонхўракҳо, малахҳо) серки дида мешавад, ки ин ҳам шаклдигаркардаи пойҳо мебошад.
Системаи мушакӣ. Мушаки ҳашарот хеле мураккаб ва нағз вазифадор шудааст, ки ин серҳаракатии ҳашаротро таъмин мекунад. Мушаки ҳашарот (ин ба ҳашароти дараxаи олӣ- пардаболон , дуболон дахл дорад) қобилияти хеле тез кашаи хeрдан дорад (дар як сония то ҳазор маротиба), яъне дар ҳар як импулси асабӣ мушак якчанд маротиба кашиш мехeрад. Дар ҳашарот дар вақти парвоз мубодилаи модда хеле тез мегузарад.
Системаи ҳозима. Иборат аз рeдаи пеш (ҳалқ, сурхрeда, xиғилдон, медаи кафшакунанда дар ҳашароти ғизои сахт хeранда- нонхeракҳо, гамбускон, малахҳо), рeдаи миёна ва оқиб. Дар ҳашарот як ё якчанд xуфт ғадуди обидаҳонxудокунӣ дида мешавад, ки он ба ковокии даҳон кушода мешавад. Дар ҳашароти хунмак (магаси тсе-тсе, хомeшакҳо) оби даҳон моддаи махсус — антикоагулянтҳо xудо мекунад, ки ба шахшавии хун монеъгӣ мерасонад. Дар  кирми абрешим як xуфт ғадуд аз худ моддае xудо мекунад, ки он баробари ба берун баромадан шах шуда, ба нах табдил меёбад. Нах барои бофтани пилла истифода мешавад. Як xуфт ғадуди луобxудокунии магаси муқаррарӣ аз худ моддаи сeзонанда xудо мекунад. бинобар он xои газидаи он хориш карда, дард мекунад.
ҳазмшавии пурраи ғизо ва xаббидашавии он дар рeдаи миёна ба амал меояд.
Системаи ихроҷ. Вазифаи ихроҷро дар ҳашарот найчаҳои малпигиевӣ иҷро мекунад, ки он аз наи ҳозима дар сарҳади байни  рeдаи миёнаю оқиб xудо шудааст (он аз ҳисоби рeдаи оқиб тараққӣ кардааст). Шумораи он аз 2 то 200-то.
Узви нафаскашӣ  дар ҳашарот системаи трахея мебошад. Дар ду паҳлeи тана сeрохиҳои нафасгирӣ-дыхалҳца ё стигма дида мешавад. Шумораи он то 10 xуфт –дар бандҳои 2 ва 3-юми синагӣ ва дар 8 бандҳои шикамӣ. ҳавои ба стигма ворид шуда, якбора ба системаи трахея нарафта, дар камераҳои  махсус тоза карда мешавад. Баъд ҳаво ба трахея ва аз он ба трахеолаҳо меравад.
Системаи хунгард  монанди дигар бандпойҳо кушод. Дили ҳашарот дарозрeяи бисёрҳуҷра (бисёртар 8 ҳуҷра), оқибаш руст мебошад. Дар девораи дил мушакҳо ҳаст, ки кашишхeрии дилро таъмин мекунад. ҳар як ҳуҷра се сeрохӣ дорад, ки аз он дутоаш дар ду паҳлe, яктоаш дар тарафи пеш xойгир шудааст. Сиққашавии дил (систола) аз ҳуҷраи оқиб сар мешавад. Хун ба аорта ва аз аорта ба синусҳои танагӣ меравад. Гемолимфа (хун)-и ҳашарот моеи беранг ё зардчатоб. Баъзан  дар кирминаи магасҳо ранги хун сурх мебошад (гемоглабин ҳал шудааст). Вазифаи асосии гемолимфа кашондани моддаҳои ғизогӣ ва моддаҳои нолозимиро ба узви ихроҷ овардан мебошад. Вазифаи гемолимфа дар кашондани О2 аз сабаби тараққӣ кардани системаи трахея на он қадар  калон аст. Гемолимфаи баъзе ҳашарот заҳрнок мебошад (мисол, момохолак, шпанская мушка). Дар гемоглабини ин ҳашарот заҳри кантаридин ҳаст, ки 0,03г-и он барои одам марговар аст.
Системаи асаб. Дар ҳашарот системаи асаб нисбатан нағз тараққӣ кардааст. Махсусан, дар ҳашароти ҳаёти xамъиятӣ гузаронанда (мeрчаҳо, занбeрҳо, мируқҳо), зеро аксарияти онҳо ҳаракатҳои   мураккаби инстинктивӣ  мекунанд.  Онҳо  дар дохили намуд ба «кастаҳо» xудо шуда, вазифаҳои алоҳидаро иxро мекунанд. Бо вуxуди ин сохти системаи асаб ба дигар  бандпойҳо ва ҳалқакирмҳо монанд ва иборат аз гиреҳи болоиҳалқӣ, аз комиссураҳои атрофи ҳалқӣ ва  занxири асабии шикамӣ. Мағзи сар  (гиреҳи болоиҳалқӣ) иборат аз қисми пеш (протосеребрум), миёна (дейтосеребрум) ва оқиб (тритосеребрум). Прото — ва дейтосеребрум чашм ва мeйлабҳоро иннерватсия мекунад.  Тритосеребрум фақат лаби болоиро бо асаб таъмин мекунад. Шумораи гиреҳҳо дар занxири асабии шикамӣ гуногун. Аз ҳама бисёр — 11-то дар давраи аввали тараққиёти xанини баъзе ҳашарот — нонхўракҳо, хирсакҳо, гамбускҳо ва ғайраҳо дида мешавад.
Оҳиста дар раванди эволютсия гиреҳҳои занxири асабии шикамӣ консентратсия шуда, дар давраи болиғӣ ҳатто дар ҳашароти дараxаи паст аз 8-то зиёд намешавад. Гиреҳи 8-ум дар натиxаи бо ҳам якшавии якчанд гиреҳҳо ҳосил мешавад. Умуман эволютсияи ҳашарот ба камшавии шумораи гиреҳҳои занxири асабии шикамӣ меорад.
Узвҳои ҳис. – дар ҳашарот узвҳои ҳиссиёт, бeиш, маззафаҳмӣ, биноӣ ва дар аксар ҳашарот узви шунавоӣ тараққӣ кардааст. Узви ҳиссиёти онҳо аз мeякҳо иборат, ки онҳо бисёртар дар болои  мeйлаб xойгир шудааст. Узви бeиш аз чуқурчаҳо иборат, ки он ҳам дар мeйлабҳо ва қилҳо xойгир шудааст. Миқдори чуқурчаҳои бeиш дар ҳашарот гуногун. Мисол, сeзанак ҳамагӣ 10-12 ҳазор, занбeри асал 14-15 ҳазор, гамбуски саврии нарина- 8 ҳазор, модинааш то 50 ҳазор чуқурчаҳои бeиш дорад. Узви бeиш барои xустуxeи хeрок ва ёфтани xинс хизмат мекунад. Модинаҳо аз худ махсус моддаи бeйнок (половые аттрактанты) xудо мекунад.
Узви шунавоии ҳашарот узви тимпоналӣ мебошад. Он сохти ғормонанд дошта, дар ростболон (кузнечикҳо) дар зонуи пои пеш xойгир шудааст. Дар малахҳо  бошад, дар паҳлeи банди якуми шикам xойгир шудааст. ҳашаротҳо  аз инфраовоз (8-10гц) то ултраовоз (45 ҳазор гц)-ро қабул карда метавонанд, яъне диапазони овозашон васеъ мебошад. ҳашарот ба ғайр аз қабул кардани овоз, инчунин овоз бароварда метавонад. Ин хусусият ба ростболҳо, гамбускон, пардаболон, парвонаҳо ва ғайраҳо хос  аст.
Дар ҳашарот чашмҳои содда ва мураккаби фасеткагӣ дида мешавад.
Чашми мураккаб аз омматидияҳои алоҳида иборат. Шумораи омматидияҳо ба хусусиятҳои биологии ҳашарот вобаста аст. Дар ҳашароти дарранда ва тезпарвоз мисол, сeзанакҳо дар ҳар як чашми мураккаб то 28 ҳазор омматидияҳо дида мешавад. Дар мeрчаҳои кории зери хок зиндагикунанда то 8-9 ҳазор омматидияҳо ҳаст.
Бо вуxуди ин чашми ҳашарот қобилияти биноии зиёд надорад. Зеро ки омматидияҳо андозаи хурд дошта, аз ҳамдигар xудо мебошанд, бинобар он ҳар як гурeҳи ҳуҷайраҳои ҳискунанда бандчаи нисбатан борики нурро мебинаду халос. Вале ҳашарот нисбат ба инсон нури кeтоҳмавxи спектрро: нурҳои сабзи зард, кабуд ва ултрабунафшро ҳис мекунад, ки ин нурҳои спектрро одам намебинад.
Афзоиш ва тараққиёти ҳашарот. ҳамаи ҳашарот xудоxинса ва дар аксарияти онҳо диморфизми xинсӣ нағз намудор аст. Fадудҳои xинсӣ xуфт мебошад.
ҳашарот асосан бо роҳи xинсӣ афзоиш мекунад, вале дар аксар ҳашарот афзоиши партеногенезӣ низ дида мешавад. Дар баъзе ҳашарот мисол, дар ширинчаи черёмухаю xавдор афзоиши xинсӣ бо афзоиши партеногенезӣ  бо навбат мегузарад. Дар узви xинсии ҳашароти модина халтаи махсуси  нутфаxамъкунанда мавxуд аст. Бинобар он ҳашарот пеш аз ҳар маротиба тухмгузорӣ бордор шудан намегирад. Нутфаи дар халта xамъкардаи онҳо якчанд вақт, якчанд сол ва ҳатто тамоми умр кифоягӣ мекунад.
Тараққиёт дар ҳашарот бо се  роҳ мегузарад:
1. Тараққиёт бо табдили нокомил ё метоморфозаи нопурра –гемиметабола (ростболон, нонхўракҳо, гавҳвораxунбон ва ғайраҳо).
2. Тараққиёт бо табдили комил ё метаморфозаи пурра –голометабола (гамбускон, парвонаҳо, пардаболон, дуболон ва ғайраҳо).
3. Нимтараққиёт ё нимметаморфоз. Бо ин роҳ сeзанак, якрeзаҳо афзоиш мекунанд. Аз тухми бордоршудаи онҳо кирмина мебарояд, ки сохти он ба сохти бадани модарӣ монандӣ надорад. Кирмина баъд аз як маротиба пeстпартоӣ ба нимфа мубаддал мегардад. Дар инҳо давраи зочагӣ дида намешавад. Якбора ба имаго табдил меёбад. Бинобар он онҳоро на ба метаморфозаи комил ва на ба метаморфозаи нокомил дохил намекунанд.
Дар вақти тараққиёт бо табдили комил ҳашарот 4-давраро аз сар мегузаронад: тухмӣ, кирмакӣ, зочагӣ ва болиғӣ (имагогӣ).
Дар тараққиёт бо табдили нокомил ҳашарот 3-давраро аз сар  мегузаронад. Дар ин тарзи тараққиёт давраи зочагӣ нест ва кирминаи аз тухм баромада ба болиғаш бо сохт ва тарзи ғизогириаш монанд мебошад.
ҳашарот барои шароити номусоиди зимистонро гузаронидан  ба хоби табиӣ (диапауза) меравад. Ба диапауза ҳашарот дар давраҳои гуногуни тараққиёт меравад. Масалан, аксар парвонаҳо дар давраи зочагӣ, малахҳо дар давраи тухмӣ, гамбуски саврӣ дар давраи кирминагӣ  ба диапауза мераванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *