Зерсинфи ҳашароти болдор

1. Сохт ва аҳамияти ҳашарот аз қаторҳои якрeзаҳо, сeзанакҳо,
нонхeракҳо, гавҳораҷунбонҳо, термитҳо, ростболон, баробарболон, сахтболон, пулакчаболон, пардаболон, дуболон.
Зерсинфи ҳашароти болдор ба ду шўъба: ҳашарот бо табдили нокомил ва ҳашарот бо табдили комил  тақсим мешавад.
Шўъбаи ҳашарот бо табдили нокомил
Қатори якрўзаҳо 
Болҳои маҳин дорад, болҳои оқиб нисбат ба болҳои пеш хурд ё рудиментӣ. Узвҳои даҳон тараққӣ накардааст, ҳашароти болиғ ғизо намекунад. Дар оқиби шикам  2 – 3 серкии дароз дида мешавад. Тараққиёт бо табдили нокомил. Кирминаҳо дар об ҳаёт гузаронида, ғалсамаҳои трахеягӣ дорад. Аз кирминаи давраи охирин фарди болдор мебарояд, ки он субимаго ном дорад. Субимаго бори дигар пўст партофта ба имаго табдил меёбад. Мавҷуд будани ду стадияи болдор (субимаго ва имаго) – аломати примитивӣ буда, танҳо ба якрeзаҳо хос мебошад. Намоянда: Ephemeқa vғlgata. Наздик  1600 намуд дорад.
Қатори сўзанакҳо
Сўзанакҳо яке аз гурўҳи қадимтарини ҳашарот буда, боқимондаҳои онҳоро дар қабатҳои замин аз давраҳои карбон ёфта истодаанд. Ду ҷуфт бол нағз тараққӣ карда, рагдоршавии бол тeршакл мебошад. Болҳо дар ҳолати оромӣ ба ду тараф паҳн мебошанд. Боли онҳо  дар вақти оромӣ дар баданашон қат намешавад,  чунки қисми югалӣ надорад. Сўзанакҳо ҳашароти фаъоли тезпарвозанд. Аз ҷиҳати сохти бол қатори сeзанакҳо  ба ду зерқатор ҷудо мешавад:
1. Баробарболон (боли пеш ва қафо якхелаанд).
2. Гуногунболон (боли қафо аз пеш паҳнтар аст).
Аппарати даҳон хоянда. Сар ва чашми онҳо хеле калон буда,  онҳо қобилияти хеле хуби биноӣ доранд. Тараққиёт бо табдили нокомил,  вале давраи нимфаи беҳаракат дида мешавад. Кирмина дар об ҳаёт мегузаронад. Лаби поёнӣ барои доштани тўъма мутобиқ шудааст. Сeзанакҳо – даррандаи рeзона, чашми хеле калон дошта, тeъмаи худро дар парвоз медоранд. Зиёда  аз 4500 намуд дорад. Намоянда: коромислаҳо, зебояк, лютикҳои сабз, стрелкаҳои рангдор  ва ғайра.
Қатори нонхeракҳо
Боли пеш ба болобол табдил ёфтааст. Баъзан дар модинаҳо бол нест. Дар оқиби шикам шаклдигаркардаи пойҳои шикамӣ – серкӣ дорад.  Аппарати даҳон – хоянда. Тараққиёт бо табдили нокомил. Дар зери боқимондаҳо, зери сангҳо ва баъзан дар хок ҳаёт мегузаронанд. Нонхўрак тухмашро дар халтаи махсус (оотека) мемонад, ки аз луоби ғадудҳои иловагии модина ҳосил мешавад. Дар ҳар як отека даҳҳо тухм гузошта мешавад. ҳамахeр. Баъзе намудҳо синантропӣ буда, (нонхўраки зардчатоб, нонхeраки сиёҳ) дар хонаҳои истиқоматӣ ҳаёт мегузаронанд. Хeрокворӣ ва асбобу анҷоми рeзғорро ифлос карда, баъзе касалиҳоро паҳн мекунад.
Наздик 3600 намуд дорад. Дар  ИДМ 55 намуд. Дар Тоҷикистон 11 намуд.
Қатори гаҳвораҷунбонҳо
Гаҳвораҷунбонҳо ба нонхeракҳо монанд, танҳо бо ғизогирии  даррандагӣ фарқ  мекунанд. Онҳо тeъмаи  худро байни баргҳои дарахтон, дар алафзорҳо ва ғайраҳо ҷустуҷe мекунанд. Аппарати даҳон хоянда. Xуфти якуми пойҳои  синагӣ ба пои  доранда табдил ёфтааст.  Боли гаҳвораҷунбон баргшакл мебошад. Дар байни онҳо намудҳои бебол низ ҳастанд. Барои гаҳвораҷунбонҳо ҳодисаи каннибализм хос аст.Модина баъди бордор кардан наринаро мехўрад. Тухмро дар оотека гузошта, онро дар навдаи растаниҳо мечаспонад. Онҳо ранги муҳофизаткунанда доранд, яъне ранги  онҳо вобаста  ба баргҳои атроф мебошад. Ин аҳамияти дутарафа дорад:
1. Даррандаро ба тeъма номаълум мекунанд;
2. Гаҳвораҷунбонро байни баргҳо аз паррандаҳое, ки eро мехeранд, номаълум мекунад.
Дар Қрим, Кавказ, Осиёи Миёна якчанд намуди гавҳораҷунбонҳо дучор мешавад, аз ҷумла гавҳораҷунбони муқаррарӣ – Mantis  қeligiosa. Дар Тоҷикистон намуди аз ҳама калон, гаҳвораҷунбони дарахтӣ буда,уҳофизати гаҳвораҷунбонҳо ҳамчун қиркунандагони ҳашароти зараррасон хеле муҳим аст. Зеро хўроки асосии онҳо ҳашарот мебошад. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон 7 намуди гаҳвораҷунбонҳо дохил карда шудааст.

 

Қатори термитҳо ё  мирукҳо

         Термитҳо ҳашароти ҷамъиятӣ буда, оилаи онҳо аз фардҳои хеле бисёр (якчанд садҳо ҳазор) иборат аст. Дар термитҳо  полиморфизми  фардӣ  хеле нағз  намудор аст, дар оила – модина, нарина, коргар, сарбоз фарқ карда мешавад. Термитҳо дар замин  ё танаи дарахт – термитхона месозанд. Бинобар термитҳо ба мeрчаҳо монанд буданашон онҳоро «мeрчаи сафед» меноманд. Онҳо мисоли параллелизм дар тараққиёти инстинкти ҷамъиятӣ ва полиморфизм дар ду гурeҳи  гуногуни ҳайвонот мебошад. Термитҳо асосан дар минтақаҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд.
Маънои  Isopteқa   «баробарбол» мебошад, термитҳоро  чунин меноманд, барои он ки ҳарду ҷуфти бол якхела мебошад. Фақат фардҳои  ҷинсӣ бол доранд, коргар  ва сарбоз бол надорад.
Дар термитхона  бояд як модина ва як нарина  бошад. Вале шумораи  термитҳои коргар  ва сарбоз хеле бисёр, онҳо ё ҷоғи  тараққикарда доранд ё дар сар  изофаи махсус доранд, ки моддаи часпак  ҷудо  мекунад. Модинаи термитҳоро «малика», наринаашонро «шоҳ» меноманд. Онҳо дар термитхонаи калон ҷой гирифта, онҳоро фардҳои корӣ нигоҳубин мекунанд. Фардҳои корӣ вазифаҳои зиёдро иҷро мекунанд: ғамхорӣ барои насл, сохтани лона, инкишоф додани мағори замбўруғҳо ҳамчун маводи ғизоӣ ва ғ. Модина моддаи махсус ҷудо мекунад, онро термитҳои корӣ мелесанд. Ин модда феромон дошта, инкишофи термитҳои коргарро боз медорад. Модинаи баъзе намудҳо дар як шабонарўз то 2000-3000 тухм мемонад.
Термитҳо аз чeб ғизо мекунад,  дар рeдаи  онҳо  қамчинакдорони симбионтӣ ҳастанд, ки клетчаткаҳоро  ҳазм мекунад.
Бисёр термитҳо зараррасон мебошанд. Ба растаниҳои ёбоӣ ва маданӣ, ба сохтмонҳои чeбин, мебелҳ, либос ва ғайраҳо зарар меоранд. Дар ИДМ термитҳо дар Осиёи Миёна (термити туркистонӣ, термити закаспийгӣ), дар Кавказ ва Молдавия дучор шуда, зарари хеле калон меоранд. Ҳамагӣ 2500 намуди термитҳо маълум аст, дар Осиёи Марказӣ 5 намуд.

Қатори ростболон

         Зиёда аз 20 ҳазор намуди ростболон маълум аст, аз ҷумла дар ИДМ 700 намуд, дар Тоҷикистон 139 намуд. Ростболон дар тамоми рўи замин аз минтақаҳои гарм то хунук васеъ паҳн шуда, ба шароитҳои гуногуни муҳити зист мутобиқ шудаанд. Боли пеш ба болобол табдил ёфта, дар ҳолати оромӣ боли оқибро пeшидааст. Боли оқиб нисбатан маҳин буда, дар парвоз иштирок мекунад. Пои оқиб — ҷаҳанда. Аппарати даҳон – хоянда. Тараққиёт  бо табдили нокомил. Дохил мешавад: кузнечикҳо, малахҳо, чирчиракҳо, хирсакҳо.
Ростболон дар оқиби шикам серки доранд, дар наринаҳо бошад инчунин  грифелки дида мешавад. Дар аксар модинаҳо аппарати тухмгузорӣ ҳаст. Онҳо тухмро дар замин гeр мекунанд ё дар зери пeстлохи дарахтон мемонанд. Онҳо моддаи махсус ҷудо мекунанд, ки он заррачаҳои хок  ё регро бо ҳам часпонида кeзача ҳосил мекунанд.
Ростболон узви шунавоӣ – узви тимпоналӣ доранд. Дар наринаҳо  узви махсуси овозбарорӣ  ҳаст, яъне онҳо бо овози худ модинаҳоро дар давраи афзоиш ба худ ҷалб мекунанд.
Байни ростболон зараркунандаҳои ашадии зироатҳои кишоварзӣ ҳаст, ки баъзе намуди онҳо гала (стай) ҳосил мекунанд, ба монанди  малахи  сайёри осиёгӣ, малахҳои саҳроӣ, малахи биёбон, малахи марокандӣ. Галаи онҳо баъзан чунон калон, ки масоҳати даҳҳо гектарро ишғол мекунад. Дар вақти мигратсия гала тамоми массаи сабзро, ки  дар роҳаш во мехeрад, несту нобуд мекунад. Гўсоласаракҳо бошанд, пойҳои пешашон кобанда буда, дар замин роҳ кофта, решаи растанӣ ва бехмеваҳоро мехўранд. Гўсоласараки муқаррарӣ, хусусан ба сабзавот зарар мерасонад. Дар собиқ Иттиҳоди Шeравӣ ҳуҷуми  умумии малахҳо соли 1929 мушоҳида шуда буд, ки он вақт дар масоҳати 1,5 млн. га. малах паҳн шуда буд. Баҳори соли 2008-2009 дар бисёр ноҳияҳои водии Вахш, Ҳисор ва вилояти Суғд малахҳои итолёвӣ, марокашӣ ва туркистонӣ ба чарогоҳҳои кишоварзӣ зарари калон расониданд. Муборизаи зидди малахро  пеш аз ҳама аз ҷои ҷойгиршавии тухмҳои он ва роҳ надодан ба паҳншавии малахи пиёёда сар кардан лозим аст.

Қатори баробарболон

         Зиёда аз 30 ҳазор намуди  баробарболон маълум аст. Аксар намудҳои ин қатор зараррасони хавфноки зироатҳои кишоварзӣ мебошанд, ба монанди сикадкаҳо, кайкҳои барг, ширинчаҳо, коксидҳо, сафедболакҳо.
Баробарболон ду ҷуфт боли якхела доран д. Рагдоршавии бол  кам. Баъзе фардҳо бол надорад. Аппарати  даҳон халандаю макканда буда, шираи ҳуҷайраи растаниҳоро мемаканд. Барои аксар намудҳо навбаткунии насл дар шакли гетерогония хос мебошад.  Одатан аз як растанӣ ба дигар растанӣ мигратсия мекунанд  ё аз як узв ба дигар узви ҳамон як растанӣ  мигратсия мекунанд. Сикли тараққиёти филлоксераи ангурро дида  мебароем.  Дар фасли баҳор  аз тухме, ки дар пeстлохи ток зимистонро гузаронида буд,  модина — асосгузорандаҳо баромада, дар барги ангур  ҷойгир  мешаванд.  Онҳо шираи ҳуҷайраҳои барги ангурро макида дар он галлаҳо ҳосил мекунанд. Дар дохили барг модинаҳо тухмҳои партеногенезӣмегузоранд. Аз ин тухмҳо модинаҳои  партеногенезӣ мебароянд, ки онҳо ба модина — асосгузорандаҳо монанд буда, онҳо низ дар барг зиндагӣ мекунанд. Оҳиста — оҳиста фардҳои партеногенезӣ аломатҳои морфологии нав (хартуми нисбатан дароз ва ғайра) пайдо карда, аз барг ба воситаи тана ба хок, ба системаи реша мегузаранд. Ин самкаҳои  партеногенезӣ номи ширинчаҳои решаро гирифтаанд.  Дар реша онҳо ғизо карда, галлаҳоро  ҳосил мекунанд. Ширинчаҳои реша зимистонро мегузаронанд. Баҳори соли оянда онҳо хеле тез  афзоиш мекунанд. Як қисми кирминаҳои аз тухм баромада дар реша мемонанд, қисми  дигараш аз хок ба боло мебарояд. Дар миёнаҳои тобистон дар пояи ангур фардҳои болдор – модина — наслдиҳандаҳо  пайдо мешаванд, ки онҳо барои паҳншавии  намуд хизмат мекунанд. Модина — наслдиҳанда дар пeстлоқи ангур ду хел тухми партеногенезӣ мегузоранд: аз як хелаш — модинаҳо, аз дигараш — наринаҳо тараққӣ  мекунанд.
Баъд  аз бордоршавӣ модинаҳо дар пeстлоқи ток тухм мегузоранд. Баҳори  соли оянда  аз ин тухмҳо самкаҳо — асосгузорандаҳои нав тараққӣ мекунанд. Сикли  тараққиёти филлоксера дусола буда, дар он насли  ҷудоҷинса бо  модинаҳои партеногенезӣ навбат мекунанд.
Қатори баробарболон ба панҷ  зерқатор тақсим мешавад:  сикадаҳо (дар алафзор, бутта ва дарахтзор дучор мешавад, мисол, сикадаҳои овозбарор – аппарати овози тараққикарда ва андозаи калон доранд, танҳо дар наринаҳо), кайкони барг (дар растаниҳо ғизо карда, зарари калон меорад), ширинчаҳо (гурeҳи хеле калон ва зараровар), коксидҳо ё червитсҳо (ҳашаротҳои майда, саметсҳои болдор, модинаҳои бебол, пой надорад) ва сафедболакҳо
Байни баробарболон намудҳои зараровари растаниҳо бисёр мебошанд, ба монанди ширинчаи хунӣ, ширинчаҳои пахта, ширинчаи сиёҳи юнучқа, филлоксераи ангур,кайки себ,  шитовкаи калифарниягӣ ва ғайра.

Шўъбаи ҳашарот бо табдили комил
Қатори сахтболон ё гамбускон

Гурeҳи калонтарини ҳашарот буда, наздик 360 ҳазор намуд дорад, ки ин қариб 20%-и ҳашароти рўи заминро ташкил медиҳад. Дар ИДМ зиёда аз 24 ҳазор намуд, дар фаунаи Тоҷикистон 2500 намуди сахтболон маълум аст. Бисёре аз онҳо эндемик буда, танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дучор мешаванд. Xуфти якуми бол шохин буда, ба болобол  табдил ёфтааст ва вазифаи ҳимояро иҷро мекунад. Аппарати даҳон – хоянда, ҷоғи болоӣ нағз тараққӣ кардааст. Пойҳояшон даванда, кобанда ва шинокунанда мебошанд. Тараққиёт бо табдили комил. Кирмина комподеашакл (3 ҷуфт пойҳои синагӣ дорад). Зоча кушод.
Аксар намудҳо сокини хушкӣ буда, дар хок ва  боқимондаҳои  растанӣ зиндагӣ мекунанд. Баъзе намудҳо  дар об зиндагӣ мекунанд (шинокунакҳо, гирдгардакҳо, обдeстҳо). Гамбускҳои обӣ кафлесак, кирминаи сўзанакҳо, якрўзаҳо ва моҳибачаҳоро нест карда, ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарари калон мерасонанд. Қатори гамбускҳо ба ду зерқатор тақсим мешавад:
1. Гамбускҳои гeштхeр. Аксарияташон дарранда мебошанд.
2. Гамбускҳои ҳамахeр.
Аксар намудҳо зараркунандаҳои зироатҳои кишоварзӣ мебошанд, ба монанди гамбуски колорадӣ, гамбуск — пeстлоххeрҳо (ба ҷангалзорҳо зарари калон меорад), биннидарозакҳо ё филакҳо, мўйлабдарозҳо, гамбусаки саврӣ (ба ниҳолҳо ва дарахтони ҷавон зарар меорад) ва ғайраҳо.
Баъзе намудҳо ҳамчун муфтхeр ё дарранда дар муборизаи биологӣ зидди ҳашароти зараррасон истифода бурда мешавад, ба монанди   момохолаки 7 нуқтадор ва дунуқтадор, ки кирмина ва ҳашароти болиғи онҳо черветсҳо, ширинчаҳо, кайкҳои барг, трипсҳо, канаҳои растанихўрро  мехeрад.
Оилаи гамбуски чиросӣ (Elateқidae). Кирминаи онҳо дар зери пeстлоқи дарахт, хок, кундаи дарахтон зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар хок зиндагӣ карда, ба решаи растаниҳо зарари калон мерасонанд: Гамбуски  чиросзанандаи зироат, гамбуски чиросзанандаи сиёҳчатоб, гамбуски чиросзанандаи пахтазор.
Оилаи баргхуракҳо (Chқysomelidae). Зиёда аз 40 ҳазор намуд дорад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 намуди онҳо  маълум аст. Яке аз намояндаи хавфноки ин оила гамбуски колорадӣ мебошад, ки он ба картошка зарари калон мерасонад. Ватани  ин гамбуск Мексика мебошад. Ин дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳон аз Америка оварда, дар Европа паҳн карда шуд. ҳам кирмина  ва ҳам ҳашароти болиғ зарар меоранд. Барги картошка ва помидорро мехeрад. Ин намуд дар ҳамаи ноҳияҳои картошкапарвари Тоҷикистон паҳн шудааст.
Оилаи гамбускҳои бинидароз. Қисми пеши сар дароз буда, ба хартум монанд аст. Асосан кирминаи  онҳо зарар меоранд. Мисол, бинидарози  гули себхeр, бинидарози  амбор (ба ғалла зарари калон меорад).
Оилаи гамбускҳои лавҳамeйлаб. (Scaқaӣaeidae). Яке аз намуди зараррасони ин оила гамбуски саврӣ мебошад. Модина тухмашро дар хок мемонад. Кирминаи онҳо дар хок тараққӣ карда, се маротиба зимистонро аз сар мегузаронанд. Онҳо решаи растаниҳои сeзанбарг ва  мевадиҳандаро хeрда, зарари калон меоранд. Фардҳои болиғашон барги дарахтонро мехeранд. Даври тараққиёташ 4 сол давом мекунад.

Қатори пулакчаболон ё парвонаҳо 

         Наздик 150 000 намуди парвонаҳо маълум аст. Дар ИДМ 15 ҳазор, дар Тоҷикистон наздик 2 ҳазор намуд ба рўйхат гирифта шудааст. Парвонаҳо  ду ҷуфт бол дошта, болҳо бо пулакчаҳо пeшида шудааст. Аппарати  даҳон маканда, ба хартуми дароз табдил ёфтааст. Дар баъзе  намудҳо  редуксия шудааст. Тараққиёт бо табдили комил. Кирминаи онҳо кирмакшакл буда, се ҷуфт пойҳои синагӣ ва 5 ҷуфт  пойҳои шикамӣ дида мешавад. Аппарати даҳони кирминаҳо хоянда. Аксар кирминаҳо ҳаёти озод мегузаронанд. Кирминаи баъзе намудҳо дар хок, баъзе  намудҳои дигар дар бофтаи растаниҳо (барг, чeба ва ғайра), ки аз он ғизо мекунанд, ҳаёт мегузаронанд. Зочаашон руст.
Дар байни парвонаҳо зараркунандаҳои зироатҳои кишоварзӣ  хеле зиёд мебошад. Масалан, бумчашмаки тирамоҳӣ, ки бо номи «кирми  тирамоҳӣ» маълум аст, кирми ғeза, парвонаи карам, пяденитсаҳо (пяденитсаи зимистона, пяденицаи сосна), пиллатанакҳо, (пиллатанаки ҳалқагӣ ба дарахтони баргдор зарар меоранд), баргпечонакҳо (баргпечонаки дуб) ва ғайра. Мeр (абрешимтанаки ҳалқагӣ) ба дарахтони мевагӣ зарари калон меорад.
Қатори парвонаҳо ба се  зерқатор xудо мешавад: баробарболон (Jғgata), гуногунболон (Fқenata), гурзмўйлабон ё шапалакҳои рўзона (Қhopaloctқa)/

         Парвонаҳои баробарбол  ё дараxаи паст майда буда, дар канори бол мeякҳои дароз доранд.  Баъзеашон  зараррасони хавфноки кишоварзӣ мебошанд. Мисол, куяҳо, баргпечонакҳо ва оташакҳо (огневкаҳо). Куяи хонагӣ  хеле хавфнок аст. Кирминаи он матоъҳои  пашмин, қолинҳоро мехeрад. Аз баргпечонакҳо парвонаи себ ба боғҳои  себ зарари калон меорад.
         Парвонаҳои гуногунбол. Кирминаи онҳо дар дохили пилла ба зоча табдил меёбад. Байни инҳо намудҳои фоиданок дида мешавад. Мисол,  парвонаи абрешим, ки хeрокаш барги тут мебошад.  Ин парвона дар табиат дар ҳолати ёбоӣ дида намешавад. Тахминан 2,5 – 3 ҳазор сол пеш кирми абрешим дар Хитой хонагӣ  карда шуд. 1кг пиллаи хом то 90 гр. нах медиҳад. Кирмакпарварӣ дар замони ҳозира дар бисёр мамлакатҳо паҳн шудааст (ИДМ, Кавказ, Осиёи Миёна, Украина). Парвонаи абрешим бол дорад, вале дар натиxаи  хонагӣ кунонидан қобилияти парвозро  гум кардааст, хeрок намехeрад. Дар кирминаи он ғадуди нахбарор  нағз тараққӣ кардааст, ки дарозии нахи он то ба 1000м мерасад. Кирмакпарварӣ соҳаи сердаромад ва муҳими  кишоварзӣ мебошад.
Ба ин гурeҳ бражникҳо, бумчашмакҳо дохил мешаванд, онҳо вақти шом ва шабона  фаъол мебошанд. Бражники санавбар ба дарахтҳои сeзанбарг зарари калон меорад. Бумчашмаки тирамоҳӣ, бумчашмаки пахта, карамхeрак, пяденитсаҳо ба зироатҳои кишоварзӣ зарари калон  мерасонанд.

Отряди пардаболон

         Зиёда аз 132 ҳазор  намуди пардаболон маълум аст, ки аз он дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 намуд ба рўйхат гирифта шудааст. ҳар ду ҷуфти бол парданоки  нафис мебошад. Xуфти  дуюми бол нисбат ба боли пеш хурдтар. Аппарати  даҳон хоянда ё  хояндаю маканда. Модина  аппарати тухмгузор дорад, кадоме ки  дар намудҳои дараҷаи олӣ  ба неш табдил ёфтааст. Банди якуми шикамӣ ба қисми  синагӣ ҳамроҳ шудааст. Аз рeи ин аломат пардаболон ба ду зерқатор  тақсим  мешавад: нишасташикамҳо — Symphyta ва сутунчадорон — Apocқita. Дар зерқатори якум шикам бо банди паҳн ба банди синагӣ пайваст шудааст, дар зерқатори дувум бошад, сутунчаи борик байни шикаму сина ҳаст (ин банди дуюми борикшудаи шикам мебошад).
Дар зерқатори якум арракунакҳо, шохдумон дохил мешаванд. Бисёр арракунакҳо ба растаниҳои дарахтӣ, ғалладона ва алафӣ зарар  мерасонанд. Ба зерқатори дуюм бисёр намуди пардаболон дохил мешавад, асоситаринаш саворакҳо, орушаклҳо, говзамбeрҳо, замбeрҳо, мeрчаҳо ва ғайра мебошанд.
Тараққиёт бо табдили комил. Кирминаи аксар намудҳо пой надорад, вале дар арракунакҳо ба ғайр аз се ҷуфт пойҳои синагӣ, боз 6 – 8 ҷуфт пойҳои қалбакии шикамӣ ҳаст ва кирминаи онҳоро гусенитсаи қалбакӣ меноманд. Зоча озод.
Намудҳои дарранда ва растанихeр доранд. Саворакҳо дар давраи кирминагӣ дар дигар ҳашарот  муфтхeрӣ мекунанд. Номи саворак ба онҳо аз тарзи истодан ба болои сайд, дар вақти тухмгузорӣ гузошта шудааст.  Бисёр пардаболон рафтори мураккаб доранд, дар инҳо ғамхорӣ ба насл дида мешавад (сохтани лона, тайёр кардани ғизо ба кирмина ва ғайра). Шаклҳои олӣ оилаҳо  барпо мекунанд, масалан, мeрчаҳо ва замбeрҳо. Дар пардаболони xамъиятӣ полиморфизм нағз намудор аст.
Аҳамияти пардаболон хеле  калон аст. Байни онҳо зараркунандаҳои  зироатҳои кишоварзӣ бисёр мебошанд. Кирминаи арракунакҳо баргро хeрда, дар он минаҳо месозанд, шохдумон дар танаи дарахтон роҳҳо мекунанд. Бисёр саворакҳо дар муборизаи  биологӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон истифода мешаванд, ба монанди трихограмма ва теленомус.
Аз замбeри асал маҳсулоти қиматбаҳо – асал ва мум гирифта мешавад. Роли мeрчаҳо дар раванди хокҳосилшавӣ ва нест  кардани ҳашароти зараррасон калон мебошад.

Қатори дуболон

         Зиёда аз 134 ҳазор намуди дуболон маълум аст, дар ИДМ 110 оилаи онҳо дучор мешавад, дар Тоҷикистон бошад,  намояндагони наздик 100 оилаи ин қатор вомехўранд. Гурeҳи тараққикардаи ҳашарот. Як xуфт боли шаффоф ё рангин дорад. Боли оқиб рудиментӣ ё ба визвизак  табдил ёфтааст. Аппарати даҳон халандаю  маканда  ё лесанда. Фардҳои болиғ танҳо хўроки моеъи растанигӣ ё ҳайвониро мехўранд. Зоча ҳаракатнок ё дар пиллаи қалбакӣ буда, онро пупария меноманд.
Қатори дуболон ба ду зерқатор тақсим  карда мешавад:
1. Дарозмeйлабон (Nematoceқa) ба ин зеротряд дохил мешавад: хомeшакҳо, москитҳо, хомeшакҳои дарозпой, звониҳо, галлитсҳо ва ғайра.
2. Кeтоҳмeйлабҳо (Ӣқachyceқa) ба ин дохил мешавад:  кeрмагасҳо, магасҳо, оводаҳо, тахинаҳо, ктирҳо, хунмакҳо ва ғайра. Тараққиёт бо табдили комил. Кирминаҳо бепой ва баъзан (дар магасҳо) сар  бо тана яклухт. Зоча озод ё бочкашакл.
Намояндагони ин қаторҳо  аз рeи  сохти мeйлабашон, рагронии бол, узвҳои даҳон, шакли кирмина ва зоча аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Намудҳои дарранда ё растанихeр доранд. Намудҳои махсуси хунxаб дорад: мошкаҳо, хомeшакҳо, кeрмагасҳо, баъзе магасҳо – магаси сесе, хунмакҳо ва ғайра. Кирминаи бисёр намудҳо дар об ҳаёт мегузаронанд — хомeшакҳо, мошкаҳо ва ғайраҳо. Кирминаи бисёр  магасҳо  аз моддаҳои  органикии  пeсида ғизо карда,  дар он зиндагӣ мекунанд. Ферментҳое, ки  онҳо xудо мекунанд, боқимондаҳои органикиро  вайрон карда, онро ба «шавла» табдил медиҳанд, ки аз он кирминаҳо ғизо мекунанд.
Кирминаи оводаҳо, тахинаҳо   ҳаёти муфтхeрӣ мегузаронанд, ки ин хусусияти онҳо дар муборизаи биологӣ зидди ҳашароти зараррасон истифода бурда мешавад.
Дуболон дар табиат ва ҳаёти инсон роли муҳим мебозанд. Як қатор намуди онҳо  ба зироатҳои кишоварзӣ зарар меоранд (магаси шведӣ, магаси гессенӣ). Оводаҳо ба ҳайвонот зарар меоранд. Аз рeи хусусиятҳои биологӣ оводаҳо ба 3 гурeҳ xудо карда мешавад: оводаҳои меда, зерипeстӣ ва бинию гулe.
Хусусан намудҳои хунмак аҳамияти калони тиббӣ ва ветеринарӣ доранд, кадоме  ки  паҳнкунандагони касалиҳои хавфнок  мебошанд, ба монанди магаси анофелес (паҳнкунандагони касалиҳои табларза), маскитҳо (паҳнкунандаи касалии лейшманиоз), кeрмагасҳо(паҳнкунандаи касалии туляремия), магаси тсе — тсе (паҳнкунандаи касалии хоби африкоӣ) ва ғайра.
Аҳамияти муҳими дуболон ин гардолудкунии растаниҳои гулдор мебошад. Кирминаи магас — звонтсҳо аз оилаи  хирономидҳо ғизои  бисёр моҳиҳо ва паррандаҳои обӣ мебошад. Дуболони болиғ, ки ба миқдори зиёд  дучор мешаванд, ғизои паррандаҳои ҳашаротхeр, дастболон ва ғайра мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *