CityCard — низоми нави хизматрасонӣ. — Донишхона

CityCard — низоми нави хизматрасонӣ.

21 июли соли 2017 бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода сохтани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкур, яъне ҳамчун Лоиҳаи «City Card» (Корти шаҳрӣ) аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гуруҳ» дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешавад.

Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум мебошад.

Вазифаи Лоиҳа:

Дастрасӣ ба маълумоти дақиқ оид ба мусофиркашонӣ дар нақлиёти автомобилии ҷамъиятӣ.
Аз гардиши ниҳонӣ баровардани маблағи ҷамъоваришаванда аз ҳисоби мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии автомобилӣ барои зиёд намудани даромади андозҳо ба буҷети маҳаллӣ.
Пешниҳоди маълумоти дақиқ барои банақшагирии маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати рўйпўш намудани хароҷоти шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои амалкунанда тибқи қонунгузорӣ истифода менамоянд.
Иттилоотонии шаҳрвандон, меҳмонони пойтахт, ки аз дигар ноҳияҳо/шаҳрҳо/кишварҳо меоянд оид ба низоми нави пардохт ва назорат дар нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи CityCard — www.citycard.tj гиред.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *