Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825).

БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— тарбияи ҷисмонӣ — қисми таркибии фарҳанг ва соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, аз маҷмўи арзишҳои маънавӣ ва моддии дар ҷомеа бавуҷудомада ва истифодашаванда иборат аст, ки ба таҳкими саломатӣ, инкишофи қобилияти ҷисмонии инсон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— варзиш — як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи махсуси омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ ба мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст;

— варзиши оммавӣ — қисми таркибии варзиш, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули шаҳрвандон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оммавии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ равона карда шудааст;

— варзиши ҳаваскорона — ҳаракати оммавии бисёрҷабҳаи варзишӣ ҳамчун ҷузъи таркибии соҳаи тарбияи ҷисмонии шаҳрвандон ва дарёфти варзишгарони ояндадору боистеъдод дар намудҳои гуногуни варзиш мебошад;

— варзиши касбӣ — фаъолияти касбии варзишии шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ ва гирифтани фоида иштирок менамояд;

— ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ — шакли ҳаракати иҷтимоие, ки ҳадафи он аз мусоидат ба боло бурдани сатҳи тарбияи ҷисмонии аҳолӣ, фаъолияти ҳадафноки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъияти, шаҳрвандон оид ба рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш иборат мебошад;

— ҳаракати олимпии Тоҷикистон — қисми таркибии ҳаракати байналмилалии олимпӣ, ки ҳадафи он рушди варзиш ҳамчун яке аз воситаҳои ноил гардидан ба такомули ҷисмонӣ ва маънавии инсон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ мебошад;

— ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш — шахси ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— федератсияи (иттифоқҳои, ассотсиатсияҳои) варзишӣ -ташкилоти, ҷамъиятӣ, ки ҳадафи он инкишофи як ё якчанд намудҳои варзиш, таблиғи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва тайёр намудани варзишгарони дастаҳои мунтахаб мебошад;

— варзишгар — шахси воқеӣ, ки мунтазам бо намудҳои интихобкардаи варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамояд;

— варзишгари ҳаваскор — варзишгаре, ки мунтазам бо намуди интихобкардаи варзиш ё машқҳои ҷисмонӣ машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ ихтиёран иштирок менамояд ё дараҷаҳои меъёриро мувофиқи талаботи Таснифи ягонаи варзишӣ ва ё маҷмўи меъёрҳои ҷумҳуриявии «Тарбияи ҷисмонӣ ва солимӣ» иҷро мекунад;

— варзишгари касбӣ — варзишгаре, ки машғулият дар варзиш барояш фаъолияти асосӣ буда, мутобиқи қарордод барои омодагӣ ба мусобиқаҳои варзишӣ ва иштирок дар онҳо музд ва дигар мукофоти пулӣ мегирад;

— варзишгари дараҷаи олӣ — варзишгаре, ки мунтазам ба ягон намуди варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба таври доимӣ иштирок менамояд, мутобиқи талаботи Таснифи ягонаи варзишӣ на поёнтар аз дараҷаи «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон дорад;

— мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (минбаъд — мақомоти ваколатдори давлатӣ) — мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи идоракунии давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— намудҳои варзиши миллӣ — қисми таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқавӣ ба вуҷуд омада, аз намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои ба худ хоси халқӣ бо қоида ва тарзи махсуси ташкилии фаъолии ҷисмонӣ иборат аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ — мусобиқаҳо аз рўи намудҳои гуногуни варзиш дар байни варзишгарон (тимҳо) бо иштироки намояндагони на камтар аз панҷ давлат (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— меъёрҳои варзишии «Тарбияи ҷисмонӣ ва солимӣ» — маҷмўи меъёрҳо ва барномаҳое, ки асоси тарбияи ҷисмонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд;

— Таснифи ягонаи варзишӣ — ҳуҷҷати барномавию меъёрие, ки меъёрҳо, талабот, шартҳо ва тартиби додани дараҷаҳо ва унвонҳои варзиширо муқаррар менамояд;

— иншоотҳои варзишӣ (иншоотҳои варзишию солимгардонӣ, варзишӣ ва варзишӣ-техникӣ) — сохтмонҳои махсус биношуда ва таҷҳизотонидашуда, биноҳо, маҷмааҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ, иншоот, ки барои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва чорабиниҳои варзишию намоишӣ муқаррар гардидаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии қонунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Қонунунгузорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, ҳамчунин шахсони масъули вобаста ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои машғулият ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— ягонагии асосҳои меъёрии ҳуқуқии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— кафолати хуқуқӣ барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин дастрас будани он ба ҳамаи гурўҳҳои аҳолӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— бехатарии ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимию машқӣ ва чорабиниҳои варзишӣ;

— эҳтиром ва риояи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— мусоидат ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни гурўҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ мўҳтоҷи аҳолӣ (шахсони имкониятҳои ҷисмонӣ ва рўҳияшон маҳдуд, маъюбон, кўдакони ятим, кўдакон аз оилаҳои камбизоат ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012   № 825);

— ба варзиш ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, инчунин пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо федератсияҳои варзишӣ.

БОБИ 2. Ташкили фаъолият дар соҳаи тарбияви ҷисмонӣ ва варзиш

Моддаи 4. Субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Ба субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дохил мешаванд:

— мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— мақомоти ваколатдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— ташкилртҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла клубҳои варзишӣ (клубҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, варзишӣ-техникӣ, варзиш ва солимгардонӣ);

— Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;

— федератсияҳои (иттифоқҳои, ассотсиатсияҳои) варзишӣ;

— муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои илмии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— мактабҳои варзишии кўдакону наврасон, клубҳои тайёрии ҷисмонии кўдакону наврасон, мактабҳои техникӣ — варзишии кўдакону наврасон, мактабҳои махсуси кўдакону наврасони захираи олимпӣ, мактабҳои захираҳои олимпӣ, мактабҳои маҳорати олии варзишӣ, марказҳои тайёрии варзишӣ, марказҳои тайёрии олимпӣ;

— ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишии иттифоқҳои касаба;

— шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ машғуланд, варзишгарон, доварони варзиш, ҳамчунин мураббиён ва дигар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.

Моддаи 5. Роҳбарӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Роҳбарӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз мақомоти зерин иборат аст:

— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак, ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъмин менамояд;

— ба кори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳбарӣ намуда, фаъолияти онро назорат мекунад;

— барномаҳои давлатӣ ва байналмилалии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таҳия ва татбиқи онҳоро аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ таъмин менамояд;

— ташаббусҳои ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро барои татбиқи амалиётҳои воридотию содиротӣ, амалӣ кардани барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои варзишию намоишӣ ва ҷамъомадҳои таълимию машқӣ дастгирӣ менамояд;

— барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ (Бозиҳои олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон, Чемпионати Осиё, Бозиҳои осиёӣ, Ҷоми ҷаҳон) мукофотҳо муайян карда, шакл, андоза ва тартиби додани онҳоро муқаррар менамояд;

— дигар фаъолиятҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825):

— сиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъмин менамояд;

— дар таҳияи лоиҳаи барномаҳои давлатӣ ва байналмилалии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок намуда, онҳоро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

— якҷоя бо ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ барномаҳои ҳадафноки тарбияи варзишгарони Тоҷикистонро ба Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳия ва таъмин менамояд;

— фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, новобаста аз мансубияти идорӣ ва шакли моликияташон, ҳамоҳанг месозад;

— Низомномаи мақомоти ваколатдори давлатиро мутобиқи тартиби муқарраргардида, таҳия намуда, онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— аз рўи намудҳои варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва ҳамоҳанг карда, натиҷаҳои онро дар амалияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷорӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— назорати манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерўафзо (допинг)-ро дар варзиш амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварро аз рўи намудҳои варзиш бо пешниҳоди федератсияи марбута тасдиқ ва омодагии онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;

— меъёрҳои варзиширо барои муайян намудани сатҳи инкишофи ҷисмонии табақаҳои гуногуни аҳолӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;

— бозомўзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ташкил ва таъмин менамояд;

— дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои тайёрии варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотии марбут ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъсис медиҳад;

— табъу нашри адабиёти илмӣ, методӣ ва оммавиро доир ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил менамояд;

— унвонҳои «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Гроссмейстер», «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муқаррар ва ба онҳо сарфароз мегардонад;

— дигар фаъолиятҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Мақомоти маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ дар доираи салоҳияташонсиёсати давлатиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳал татбиқ менамоянд:

— ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалли худ роҳбарӣ менамоянд;

— барномаҳои маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо дарназардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, демографӣ ва ғайра таҳия тасдиқ ва амалӣ мегардонанд;

— аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро маблағгузорӣ менамоянд;

— ба таъсис ва фаъолияти ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳаи тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиш мусоидат менамоянд;

— ба инкишофи намудҳои варзиши миллӣ мусоидат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— дар истеҳсоли молҳои зарурати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат менамоянд;

— дар байни шаҳрвандон барои супоридани меъёрҳои варзишии «Тарбияи-ҷисмонй ва солимӣ» корҳои ташкилиро ба роҳ монда, дар ҷойи зист ва истироҳати шаҳрвандон барои рушди ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҳаваскорона шароити мусоид фароҳам меоранд;

— мактабҳои давлатии варзишии кўдакону наврасон, муассисаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таъсис дода, тибқи нишондодҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди иҷтимоии маҳалли дахлдор маблағгузорӣ менамоянд ва бо заминаи зарурии таълимӣ ва моддиву техникӣ таъмин месозанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— машғулиятҳои иловагии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ маблағгузорӣ менамоянд;

— дигар фаъолиятҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Моддаи 9. Иштироки мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ:

— тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун воситаи таҳкими саломатӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳо истифода менамояд;

— вазъ ва ҷараёни инкишофи ҷисмонии гурўҳҳои мухталифи иҷтимоии аҳолиро таҳлил карда, ба мақомоти идораи давлатии дахлдор таклифҳо пешниҳод менамояд;

— назорати тиббии шахсонеро, ки бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, дар асоси шартномаи дутарафа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— барои ба дастаи мунтахаб расондани хизмати тиббӣ дар ҷараёни омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар асоси шартномаи дутарафа мусоидат менамояд;

— омодагӣ, бозомўзӣ, такмили ихтисос ва аттестатсияи мутахассисони тандурустиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ мемонад;

— мутобиқи низомномаи амалкунанда дар ташкили чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ иштирок менамояд;

— дигар фаъолиятҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ

  1. Тартиби таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  2. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мутобиқи оинномаҳои худ корҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо бо шаҳрвандон ба роҳ монда, тайёрии захираҳои варзиширо амалӣ менамоянд.
  3. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ барои ҳимоя ва таҳкими саломатии варзишгарон ва дигар шахсоне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷараёни машқҳои варзишӣ иштирок менамоянд, шароит муҳайё сохта, барои машқи варзишгарон заминаҳои муносиб фароҳам меоранд, ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ мусоидат мекунанд.
  4. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ метавонанд ба иттиҳодияҳои байналмилалии варзишӣ дохил шаванд, мутобиқи мақоми аъзои иттиҳодияҳои байналмилалии варзишӣ ҳуқуқ ба даст оваранд ва ўхдадориҳоро иҷро намоянд, агар чунин ҳуқуқу ўҳдадориҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд.

Моддаи 11. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

  1. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шуда, ҳаракати олимпии Тоҷикистонро сарварӣ менамояд ва фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хартияи олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва оинномаи худ амалӣ менамояд.
  2. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва дар тамоми чорабиниҳое, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ё таҳти сарпарастии он баргузор мегарданд, намояндагӣ менамояд.
  3. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар тайёр кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар рушди варзиш ва комёбиҳои варзиши олӣ иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  4. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси шартномаи тарафайн варзишгарони ҷумҳуриро барои бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тайёр мекунад ва иштироки онҳоро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  5. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мутобиқи Хартияи олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи муаллифии Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои истифода аз рамзҳои олимпӣ, шиор, парчам, суруди олимпӣ ва унвонҳои «Олимпиада» «Олимпӣ» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад.
  6. Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияти федератсияҳоро аз рўи намудҳои варзиши олимпӣ ҳамоҳанг сохта, аз манфиатҳои онҳо дар арсаи байналмилалии варзишӣ намояндагӣ мекунад.

Моддаи 12. Федератсияҳои (иттифоқҳои, ассотсиатсияҳои) варзишӣ аз рўи намудҳои варзиш

  1. Федератсияҳои варзишӣ як шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Шакли ташкилӣ ва ҳуқуқии федератсияҳои варзишӣ ташкилоти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад.
  2. Федератсияҳои варзишӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз рўи намудҳои варзише, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ташкил ва ба қайд гирифта шаванд.
  3. Федератсияҳои варзишӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ҳуқуқ доранд:

— дар таҳияи нақшаҳои тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ иштирок намоянд;

— чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо баргузор кунанд;

— омодагии дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монанд;

— кўмакҳои молӣ ва дигар кўмакҳоеро, ки барои рушди намудҳои муайяни варзиш равона шудаанд, тибқи муқаррароти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрас кунанд; — ҳуқуқҳои дигарро амалӣ созанд.

  1. Федератсияҳо аз рўи намудҳои варзиш, ки ба ҳайати ташкилотҳои варзишии байналмилалӣ шомиланд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мақоми федератсияи миллиро аз рўи намудҳои варзиш дарёфт намоянд.
  2. Федератсияҳо аз рўи намудҳои варзиш якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар таҳия ва амалӣ сохтани сиесати ягонаи давлатӣ дар рушди намудҳои варзиш иштирок намуда, фаъолияти дигарро мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);
  3. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии федератсияҳои варзишӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 13. Клубҳои варзишӣ

  1. Клубҳои варзишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода мешаванд ва, фаъолият мекунанд. Клубҳои варзишӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд таъсис дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Ба фаъолияти клубҳои варзишӣ мақомоти маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд бо роҳҳои зерин мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825):

— сохтмон, тармим ва бозсозии иншоотҳои варзишӣ;

— таъмини таҷҳизоти варзишӣ ва дигар кўмакҳо.

  1. Клубҳои варзишӣ фаъолияти худро бо маблагҳои худӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ менамоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва синну сол барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (аз ҷумла варзиш ҳамчун ихтисос), муттаҳид гардидан дар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, иштирок дар идоракунии ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳуқуқ доранд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мавриди ҳифзу таҳкими саломатӣ, инкишофи ҷисмонии худ кўшиш намуда, барои ҷалби аҳолӣ дар маҳалли зист, ҷои кору таҳсил ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ мусоидат ва тарзи ҳаёти солимро таблиғ намоянд.
  3. Падару модар, васиёну парасторон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд, ки барои инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмонӣ ва таҳкими саломатии кўдакон дар оила ғамхорӣ ва барои ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шудани онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.

Моддаи 15. Таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, маориф, ҳамчунин воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ шакл ва тарзҳои таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар байни гурўҳҳои аз нигоҳи синну сол, касб ва вазъи иҷтимоӣ гуногуни аҳолӣ муайян менамоянд ва аҳамияти иҷтимоии тарбияи ҷисмонӣ, нақши он дар солимгардонии миллат, дар мубориза бар зидди ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла кашидани тамоку, нашъамандӣ, майзадагӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ғайраро шарҳ медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Воситаҳои ахбори омма барои дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овардани талабот ба машғулият дар машқҳои ҷисмонӣ мусоидат намуда, шавқу рағбати аҳолиро дар бахши беҳдошти саломатӣ, тиб, реҷаи хўрок, ташкили меҳнат ва истироҳат боло мебаранд, барои оммавӣ гардонидани маҷмўи машқҳои ҷисмонӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷўҳи ташкилотҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин масъалаҳо ҷалб мекунанд ва оид ба вазъи намудҳои варзиш дар ҷумҳурӣ маълумот медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  3. Ҳангоми намоиши барномаҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ таблиғи истифодаи бераҳмию зўроварӣ, таҳқири шаъни инсон, таблиғи моддаҳои барагезандаю нерўафзо (допингӣ), ки ба саломатии инсон зарароваранд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  4. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ намоиши барномаҳоро вобаста ба тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонӣ ва варзишӣ бо дарназардошти афзалиятнокии онҳо таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

БОБИ 3. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ташкилотҳо ва маҳалли зист.

Моддаи 16. Тарбияи ҷисмонии кўдакони синни томактабӣ

  1. Тарбияи ҷисмонии кўдакони синни томактабӣ дар ҷараёни ба барномаи тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимии томактабӣ ворид намудани машғулиятҳои ройгони тарбияи ҷисмонӣ, ки на камтар аз ҳашт соат дар як моҳ мебошад, амалӣ карда мешавад.
  2. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ шароити зарурии моддию таълимӣ ташкил карда мешавад.
  3. Тарбияи ҷисмонии кўдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ҳатмӣ буда, тибқи барномаҳои илмии асоснок ва талаботи беҳдоштию саломатӣ ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 17. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ

  1. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ як бахши муҳими системаи мунтазами таълим ба шумор рафта, мутобиқи стандартҳои давлатии таълим, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо аз ҷониби мутахассисон гузаронида мешавад.
  2. Муассисаҳои таълимӣ мустақилона, бо дарназардошти шароити маҳал ва завқу хоҳиши хонандагон навъҳои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳои он, намудҳои варзиш, ҳаракати фаъол, тарз ва давомнокии машғулиятҳои таълимиро дар асоси стандартҳои давлатии таълим ва меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ муайян менамоянд.
  3. Муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби мактабҳои варзишии кўдакону наврасон ва федератсияҳои варзишӣ корҳои беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо анҷом медиҳанд.
  4. Хонандагони саломатиашон заиф ва гирифтори иллати ҷисмонӣ дар гурўҳҳои махсуси тиббӣ ва гурўҳҳои муолиҷавии тарбияи ҷисмонӣ дар асоси барномаҳои таҳияшуда машғулият мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  5. Омадагии ҷисмонии ҷавонони синни тодаъватӣ ва синни даъвати ба хизмати аскарӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣтаҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ ва меъёрҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 18. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ

  1. Тарбияи ҷисмонӣ барои донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳатмӣ мебошад.
  2. Ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш якҷоя бо маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои ба даст овардани малакаҳои зарурии варзишӣ, мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи риояи асосҳои беҳдоштӣ — саломатӣ дар ҳолати хуби варзишӣ нигоҳ доштани бадан, шароит фароҳам меоваранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 19. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ

  1. Ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб намудани кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароит барои такомули ҷисмонии онҳо аз ҷониби мактабҳои варзишӣ, бахшҳо, клубҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, амалӣ мегардад.
  2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва беруназдарсии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 20. Тарбияи ҷисмонӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ

  1. Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифадоранд:

— тарбияи ҷисмонии шаҳрвандонро ҳамчун сиёсати муҳими давлатӣ ҳисобида, бо иштироки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳо барномаҳои давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро амалӣ намоянд ва дар асоси он якҷоя бо сохтори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии худро таҳия намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825);

— тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи ҳифзи саломатиро, ки он хадамоти тандурустӣ, ҳифзи меҳнат, иншооти солимгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо муттаҳид месозад, таъсис диҳанд.

  1. Тартиби ташкили заминаи моддию техникӣ, истифодаи он, таъмини мутахассисон барои ташкили машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асоси шартномаҳои коллективӣ, барномаҳои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тибқи тартиби муқарраршуда таҳия гардидаанд, муайян карда мешавад.

Моддаи 21. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалли зист ва ҷойҳои фароғати оммавӣ

  1. Фароҳам овардани шароит барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии шаҳрвандон дар маҳалли зист ва ҷойҳои фароғати оммавй мутобиқи барномаҳои маҳаллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монда мешавад.
  2. Ташкил ва фароҳам овардани замина барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии шаҳрвандон дар маҳалли зист, боғҳои фарҳангу истироҳат, дигар мавзеъҳои фароғатии оммавии аҳолӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар навбати худ ба инкишофи ҳаракати мустақили тарбияи ҷисмонӣ дар маҳалли зист ва фароғати аҳолӣ мусоидат намуда, барои машғулиятҳои оилавӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шароит фароҳам меоранд, гузошта мешавад.

Моддаи 22. Тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ дар осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва бунгоҳҳои туристиву кўҳнавардӣ

  1. Маъмурияти осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва бунгоҳҳои туристию кўҳнавардӣ барои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни истироҳаткунандагон заминаи моддию техникӣ ва дигар шароитҳои мусоид фароҳам меоранд.
  2. Маъмурияти осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва бунгоҳҳои туристию кўҳнавардӣ барои таҳкими саломатии истироҳаткунандагон, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо вазифадоранд аз машқҳои ҷисмонӣ ва дигар воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ истифода намоянд.

Моддаи 23. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои маъюбон

  1. Ҳадаф аз инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои маъюбон ҳамгароии иҷтимоӣ ва офияти ҷисмонии онҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси иншооти махсуси тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиширо барои маъюбон таъмин намуда, барои машғулияти онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ дар иншооти варзишии мавриди истифодаи умум дигар шароитҳоро фароҳам меоранд.
  2. Ташкили машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар низоми ҳифзи саломатии маъюбон (аз ҷумла кўдакони дорои имконоти маҳдуди инкишоф), тарбияи кадрҳо, таъминоти тиббию методӣ ва назорати тиббиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ месозанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ якҷоя бо иттиҳодияҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии маъюбон чорабиниҳои варзишӣ ва солимгардонӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 24. Омодагии ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

  1. Омодагии ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз машғулиятҳои асосии тайёрии ҳарбӣ, қисми ҷудонопазири таълими ҳарбӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ ба шумор меравад.
  2. Ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои машғулиятҳои ҳарбию амалии намудҳои варзиш, яккаҳарбҳои варзишӣ, омодагии кўҳнавардии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оваранд.
  3. Омодагии ҷисмонию варзишӣ, ташкил, идоракунӣ ва маблағгузории он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 25. Риояи меъёру қоидаҳои бехатари ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ

  1. Кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вазифадоранд дар рафти машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ меъёрҳо ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Маъмурияти иншооти тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ мавзеи гузаронидани машғулият ва мусобиқаҳоро мутобиқи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва меъёрҳои беҳдоштӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудааст, бо таҷҳизоти техникии зарурӣ таъмин менамояд. Барои расонидани зиён ба саломатии шаҳрвамдон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷавобгар мебошанд.
  2. Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бояд бе расонидани зиён ба саломатӣ, шаъну шарафи иштирокчиён ва тамошобинон гузаронида шавад.

БОБИ 4. Варзиши дастовардҳои олӣ

Моддаи 26. Варзиши дастовардҳои олӣ, тарбияи варзишгарони дараҷаи олӣ

  1. Варзиши дастовардҳои олӣ барои дарёфти натиҷаҳои баланди варзишӣ ва ба даст овардани нишондиҳандаи олӣ равона шудааст.
  2. Мақомоти давлатӣ барои варзишгарон ва мураббиёне, ки натиҷаҳои баланди варзишӣ ба даст овардаанд ва ё дар боло бурдани нуфузи устувори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намудаанд, шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
  3. Тарбияи варзшигарони дараҷаи олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии махсус (мактабҳои захираи олимпӣ, интернатҳои варзишӣ, мактабҳои маҳорати олии варзишӣ, марказҳои тайёрии олимпӣ ва ғайра) ба роҳ монда мешавад, ки тартиби фаъолияти онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аъзои дастаҳои мунтахаби варзишӣ барои ба ҳам пайвастани машғулиятҳои варзишӣ бо таълим, фаъолияти меҳнатӣ ва хизмати ҳарбӣ метавонад бо муассисаҳо, ташкилотҳо ва қисмҳои ҳарбие, ки дар онҳо варзишгарон кору таҳсил мекунанд ё хизмати ҳарбиро адо менамоянд, шартномаҳои дахлдор ба имзо расонад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 27. Мактабҳои варзишӣ ва мактабҳои захираи олимпӣ

  1. Мактабҳои варзиши ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи маориф, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалиии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳо, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандон, тибқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
  2. Мақтабҳои захираи олимпӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ таъсис дода мешаванд ва метавонанд дар ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатӣ қарор дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  3. Мактабҳои маҳорати олии варзишӣ ва марказҳои тайёрии олимпӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти пешниҳоди федератсияҳои намудҳои варзиш, тибқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  4. Давлат барои таҳкими заминаҳои моддию техникии мавҷуда ва таъсиси заминаҳои нави моддию техникии мактабҳои варзиши ва мактабҳои захираҳои олимпӣ, бо мақсади ҳалли вазифаҳои мавҷудбуда, шароит фароҳам меорад. Чунин заминаҳо иборатанд аз:

— заминаҳои асосии таълимию машқии варзишӣ вобаста ба самти мактабҳои варзишӣ ва мактабҳои захираҳои олимпӣ (варзишгоҳҳои таълимӣ бо пайроҳа барои давидан, майдонҳои футбол, толорҳои варзишӣ ва дигар иншоот);

— лагерҳои варзишию солимгардонӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, номгўи асбобу таҷҳизоти варзишӣ барои мактабҳои варзишӣ ва мактабҳои варзишии захираҳои олимпӣ, хобгоҳҳо, ошхона барои мактабҳои захираҳои олимпӣ ва мактабҳои маҳорати олии варзишӣ, мутобиқи меъёрҳое, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд, бояд ҷавобгў бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

  1. Маблағузории мактабҳои варзишӣ ва мактабҳои захираҳои олимпӣ, тибқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри мақомоти ваколатдори давлатӣ қарор доранд, аз ҷумла маблағгузорӣ барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҳисоби воситаҳои буҷетии сатҳи дахлдор, муассисон ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825)

Моддаи 28. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи намудҳои гуногуни варзиш

  1. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳайати варзишгарон, мураббиён, олимон (муҳаққиқон), дигар мутахассисони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва тиббӣ, ки қисми таркибии федератсия оид ба намудҳои гуногуни варзиш мебошанд, бо мақсади тайёри ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
  2. Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ дар асоси озмун ташкил карда мешаванд. Варзишгароне, ки меъёрҳои махсусро иҷро менамоянд, ба ҳайати асосӣ ва захиравии дастаҳои мунтахаб шомил мегарданд. Аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои муқарраршударо иҷро накардаанд ва ўхдадориҳои худро сарфи назар намудаанд, аз ҳайати дастаҳои мунтахаб хориҷ карда мешаванд.
  3. Ҳайати дастаҳои мунтахаб ҳар сол аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди федератсияҳои намудҳои варзиш тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  4. Маблағгузории дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки онҳо дар мусобиқаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, метавонад амалӣ карда шавад.

Моддаи 29. Варзиши касбӣ

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба варзиши касбӣ ба сифати варзишгар, мураббӣ ё довар машғул шаванд.
  2. Тартиби таъсис ва шартҳои фаъолияти федератсияҳо, клубҳо ва ташкилотҳои дигари касбӣ, тартиби машғул шудан ба варзиши касбӣ, бастани шартномаҳо, қарордодҳо ва шаклҳои дигари сабти муносибатҳои меҳнатӣ бо варзишгарону доварон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва санадҳои ҳуқуқии ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ муайян карда мешавад.
  3. Талаботҳои тахассусӣ (дараҷавӣ) ба касби варзишгар, мураббӣ ва довар аз рўи намудҳои варзиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 30. Усулҳо ва тарзу воситаҳое, ки дар варзиш манъ мебошанд

  1. Ҳангоми машғулиятҳои варзишӣ барои истифода аз воситаҳое, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои варзишии байналмилалӣ манъ гардидаанд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Варзишгаре, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои баланди варзишӣ маводи барангезандаю нерўафзо (допингӣ) ва дигар воситаҳои аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва ташкилотҳои марбутаи варзишии байналмилалӣ манъгардидаро истифода менамояд, аз иштирок дар мусобиқа маҳрум карда мешавад.
  3. Шахсоне, ки ба паҳншавӣ ё истифодаи маводи барангезандаю нерўафзо (допинг) ва ё дигар воситаҳои манъгардида дидаю дониста мусоидат менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

БОБИ 5. Фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Моддаи 31. Маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

  1. Маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонун манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Манбаҳои, маблағгузории тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамчунин аз даромадҳо ва маблағҳои зерин иборат мебошанд:

— даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ;

— маблағҳт аз хтзматрасонии тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзиши пулакӣ барои аҳолӣ;

— маблағҳо аз баргузор намудани лотереяҳои варзишӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

— хайрияҳои ихтиёрии аҳолӣ;

— ҳақи узвияти аъзои ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ;

— маблағҳои хазинаҳои махсус аз рўи намудҳои варзиш;

— даромадҳо аз ҳисоби гузаронидани чорабиниҳои варзишию намоишӣ, дастгирии саҳмгузорон;

— пардохтҳои ташкилотҳо барои истифода аз рамзу нишонаҳои варзишӣ;

— сармоягузории хориҷӣ ва маблағҳои хазинаҳои байналмилалӣ;

— саҳмгузории ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар пардохтҳои қонунӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

  1. Дастгирии давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ карда мешавад.

Моддаи 32. Иншоотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ

  1. Иншоотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, варзишӣ ва варзишию техникӣ ба таъиноти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд ва метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ, иттифоқҳои касаба, ҷавонон, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ тааллуқ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Давлат дар маблағгузории сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани иншоотҳои варзишӣ иштирок мекунад, барои сохтан ва нигоҳдории онҳо дар асоси шартнома ва ҳамкорӣ дигар ташкилотҳоро ҷалб менамояд.
  3. Бунёди ҳамаи навъҳои муассисаҳои нави таълимӣ бе сохтани иншоотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишӣ, ҳамчунин барҳам додани иншоотҳои мавҷудае, ки моликияти ҷумҳуриявӣ ва ё коммуналӣ мебошанд, то замоне ки дар маҳалли мазкур иншоотҳои ба онҳо монанд сохта нашаванд, манъ аст.
  4. Меъёрҳои таъмини минтақаҳои истиқоматӣ бо иншоотҳои варзишӣ дар асоси меъёрҳо ва усулҳои шаҳрсозӣ муайян карда мешавад. Нигоҳдории иншооти варзишии маҳалли зисти шаҳрвандон, аз ҷумла таъмири иншоотҳо, ташкили чорабиниҳои оммавии варзишӣ, пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки бо сокинони маҳаллаҳо машғулият мегузаронанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Чорабиниҳои зикргардида метавонанд, ҳамчунин аз ҳисоби фондҳои ғайрибуҷетии инкишрфи шаҳру ноҳияҳо, хайрияҳои ихтиёрии ташкилотҳое, ки иншооти варзишии худро надоранд, шахсони воқеӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ шаванд.
  5. Ба ихтиёри муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои маҳорати олии варзишӣ, марказҳои тайёрии олимпӣ, интернатҳои варзишӣ, мактабҳои захираҳои олимпӣ, мактабҳои варзишии кўдакону наврасон ва дигар мактабҳои варзишӣ барои ҳуқуқи идораи оперативии биноҳо, иншоотҳои варзишӣ, амвол, таҷҳизот ва дигар амволи зарурии таъиноти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар барои истифодаи доимӣ вобаста карда мешаванд. Истифодаи иншооти варзишӣ, мутобиқи таъиноти бевосита, танҳо ба мақсади гузаронидани чорабиниҳои варзишию намоишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ иҷозат дода мешавад.
  6. Маблағҳои аз иҷораи биноҳо ва майдонҳо, ғайр аз иншоотҳои буҷетӣ, бадастомада, ки хангоми амалӣ намудани фаъолияти асосӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода бурда намешаванд, аз ҷониби ташкилотҳое, ки дар ихтиёри онҳо қарор доранд, танҳо ба хотири пўшонидани хароҷоти вобаста ба ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо дар мактабҳои варзишӣ ва гурўҳҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, нигаҳдорӣ, таъмир ва инкишофи заминаи моддию техникии иншоотҳои варзишӣ алоқаманд сарф карда мешаванд.
  7. Пойгоҳҳои варзишие, ки маркази омодагии дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбъҳое, ки қонун манъ накардааст, таъмин карда мешаванд.
  8. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳақи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, иҷораи иншоотҳои варзишиеро, ки моликияти онҳо мебошанд ва фурўши абонентҳоро барои истифодаи чунин иншоотҳо ба шаҳрвандон танзим намоянд, барои ройгон гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ ва ё бар асоси имтиёзҳо барои кўдакони синни томактабӣ ва кўдакони аз оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, ҳамчунин барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, нафақахўрон, маъюбон иҷозат диҳанд ва дар ҳолати зарурат ҷуброни иншооти варзишии дахлдорро аз ҳисоби буҷёти маҳаллӣ ва е дигар сарчашмаҳое, ки қонун манъ накардааст, пешбинӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 33. Заминаҳои дар ихтиёри иншооти тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, варзишӣ ва иншоотҳои дигари фароғатию солимгардонӣ қарордошта

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825)

  1. Қитъаҳои заминн дар ихтиёри иншоотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, варзишӣ ва иншоотҳои дигарӣ фароғатию солимгардонӣ қарордошта, аз ҷумла иншоотҳои гуногуни варзишии ҳамвор ба заминҳои барои фароғат таъингардида тааллуқ доранд.
  2. Тартиби ҷудо кардан ва ба истифода додани заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
  3. Қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ, варзишӣ ва фароғатӣ дар асоси тавсияи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷудо карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 34. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Мақомоти ваколатдори давлатӣ сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва хизматрасониро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи қонунгузорӣ ба роҳ мемонад ва амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

БОБИ 6. Фаъолияти меҳнатӣ, Тарбияи кадрҳо, Кафолати иҷтимоӣ

Моддаи 35. Фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

  1. Муносибатҳои меҳнатии кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шахсоне роҳ дода мешаванд, ки дорои тахассуси касбӣ, варзишӣ ва унвонҳои варзишии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мебошанд. Номгўи вазифаҳои чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Ба доварии мусобиқоти варзишӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ шахсоне роҳ дода мешаванд, ки дар доварӣ омодагии лозима доранд ва дар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз тайёрии махсус гузаштаанд ва ҳамчун довари намуди варзиш, тибқи тартиботи муқарраргардида аз аттестатсия гузаштаанд.
  4. Вобаста аз таҳсилот, собиқаи корӣ ва сатҳи омодагии касбӣ дараҷаи тахассусии кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муайян карда мешавад, ки тартиби додани онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  5. Кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шаҳрвандонро, новобаста аз синну сол, ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ҷалб месозанд, ба афзоиши теъдоди аҳолӣ дар гурўҳҳои варзишӣ ва бахшҳою дастаҳо аз рўи машғулият дар намудҳои варзиш мусоидат менамоянд, корҳои мушаххаси тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва омўзгорию варзиширо ташкил медиҳанд, ҳамчун ташаббускори ҷорӣ намудани гимнастикаи истеҳсолӣ дар реҷаи меҳнатӣ баромад мекунанд, тарбияи варзишгарони дараҷаҳои олиро таъмин месозанд, дар шаҳрвандони ба тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда ва варзишгарон чунин сифатҳоро, аз қабили мавқеи ахлоқии шаҳрвандӣ, ватанпарастӣ, маҳорати меҳнатӣ, риояи интизом ва қоидаҳои мусобиқаҳои варзишӣ, ташаккул медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  6. Барои фаъолияти бомуваффақият ва пурмаҳсул дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода бурда мешаванд ва барои ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳое, ки ба зиммаи корманди масъул гузошта шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат чораҳои интизомӣ андешида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  7. Барои фаъолияти собиқадор ва пурмаҳсул дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳуқуқ доранд бо нишонҳо ва унвонҳои фахрӣ, аз ҷумла унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дигар ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шаванд. Кормандони ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо нишон ва унвонҳои фахрӣ, ки мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, метавонанд сарфароз гарданд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 36. Ташкили таҳқиқоти илмӣ

Роҳбарии умумӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва муайян кардани проблемаҳои асосиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мақомоти ваколатдор амалӣ менамояд. Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳайати кормандон аз ҳисоби олимону омўзгорон, мураббиён, ҳайати кормандоне, ки ба корҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ майл доранд, ҷалб карда мешаванд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барномаҳои таҳқиқоти илмиро доир ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ва инкишофи варзиши дастовардҳои олӣ, аз ҷумла омода намудани дастаҳои мунтахаб аз рўи намудҳои варзиш ба Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

БОБИ 7. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 37. Робитаҳои байналмилалии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иштирок менамоянд ва мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муштараки варзишию солимгардонӣ, вохўриҳо ва мусобиқаҳо ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).
  2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ташкилотҳои варзишие, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии дахлдор аз рўи намудҳои варзиш эътироф шудаанд, аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ, ҳамчунин дар чорабиниҳои дигари варзишӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои варзишии байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд, намояндагӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 825).

Моддаи 38. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз тамоми ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бархўрдоранд, ба истиснои ҳуқуқи дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баромад намудан дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи намудҳои варзиш.

Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9, мод. 108, соли 2001, №4 мод. 161) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 5 марти соли 2007 № 243

ш. Душанбе

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

аз 20 декабри соли 2006 № 429

ш. Душанбе

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

аз 22 феврали соли 2007 № 285

ш. Душанбе

 

Азхудкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар шакли Microsoft Word   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *