Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Я

Яздон чу гили вуҷуди моро орост,

Донист, зи феъли мо чӣ хоҳад бархост.

Бе ҳукмаш нест ҳар гуноҳе, ки марост,

Пас, сӯхтани қиёмат аз баҳри чӣ хост?

 

Як даст ба Мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,

Не кофири мутлақ, на мусалмони тамом.

 

Як қатраи об буду бо дарё шуд,

Як зарраи хок бо замин якҷо шуд.

Омад-шудани ту андар ин дунё чист?

Омад магасе падиду нопайдо шуд.

 

Як нон ба ду рӯз агар бувад ҳосили мард,

В-аз кӯзашикастае даме обе сард.

Махдуми кам аз худе чаро бояд буд,

Ё хидмати чун худе чаро бояд кард?

 

Як рӯз зи банди олам озод наям,

Як дам задан аз вуҷуди худ шод наям.

Шогирдии рӯзгор кардам бисёр,

Дар даври ҷаҳон ҳанӯз ус%D