Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Х-Ҳ

Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош!

Бо лоларухе агар нишастӣ, хуш бош!

Чун охири кор нестӣ хоҳад буд,

Ангор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

 

Хайём, агарчи хиргаҳи чархи кабуд,

Зад хаймаву дарбаст дари гуфтушунуд,

Чун шакли ҳубоби бода дар ҷоми вуҷуд,

Соқии азал ҳазор Хайём намуд.

 

Хайём, зи баҳри гунаҳ ин мотам чист?

В-аз хӯрдани ғам фоида бешу кам чист?

Онро, ки гунаҳ накард, ғуфрон набувад,

Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?

 

Хишти сари хум зи мулкати Ҷам хуштар,

Бӯйи қадаҳ аз ғизои Марям хуштар.

Оҳи саҳарӣ зи синаи хамморе,

Аз нола Бӯсаиду Адҳам хуштар.

 

Хоке, ки ба зери пойи ҳар нодонест,

Каффи санамеву чеҳраи ҷононест.

Ҳар хишт, ки бар кунгураи айвонест,

Ангушти вазир ё сари султонест.

 

Хоҳӣ биниҳад пеши ту гардун гардан,

Кори ту бувад ҳамеша ҷон парвардан.

Ҳамчун манат эътиқод бояд кардан,

Май хӯрдану андӯҳи ҷаҳон нохӯрдан.

 

Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ,

Мақбули қабули хосаву ом шавӣ,

Андар пайи мӯъмину ҷуҳуду порсо

Бадгӯй мабош, то накуном шавӣ.

 

Хуррам дили он касе, ки маъруф нашуд,

Дар фӯтаву дар атласу дар суф нашуд.

Симурғваш аз сари ду олам бархост,

Дар кунҷи харобаи ҷаҳон буф нашуд.

 

Хуршед ба гил нуҳуфт менатвонам

, В-асрори замона гуфт менатвонам.

Аз баҳри тафаккурам баровард хирад,

Дурре, ки зи бим суфт менатвонам.

 

Хуршед каманди субҳ бар бом афканд,

Кайхусрави рӯз бода дар ҷом афканд.

Май хӯр, ки мунодии саҳаргаҳхезон

Овоза зи сеҳри нав дар айём афканд.

 

Хуршеди сипеҳри лоязолӣ ишқ аст,

Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст.

Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,

Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ, ишқ аст.

 

Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,

Бар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.

Хиште, ки зи қолаби ту хоҳанд задан,

Айвони саройи дигарон хоҳад буд.

 

Хуш бош, ки пухтаанд савдои ту дӣ,

Эмин шуда аз ҳама таманнои ту дӣ.

Ту шод бизӣ, ки бе тақозои ту дӣ

Доданд қарори кори фардои ту дӣ.

 

Ҳам донаи уммед ба хирман монад,

Ҳам боғу сарой бе туву ман монад.

Симу зари хеш аз дираме то беҳҷӯй,

Бо дӯст бихӯр, в-ар на ба душман монад.

 

Ҳангоми гул аст, ихтиёре бикунам,

В-он гаҳ ба хилофи шаръ коре бикунам.

Бо сабзхатони лоларух рӯзе чанд

Бар сабза зи ҷуръа лолазоре бикунам.

 

Ҳангоми сабӯҳ асту хурӯш, эй соқӣ,

Мову маю кӯйи майфурӯш, эй соқӣ.

Чӣ ҷойи салоҳ аст, хамӯш, эй соқӣ,

Бигзар зи ҳадиси зӯҳду нӯш, эй соқӣ.

 

Ҳангоми сабӯҳ, эй санами фаррухпай,

Барсоз таронаеву пеш овар май.

К-афтанд ба хок сад ҳазорон Ҷаму Кай

Ин омадани тирмаҳу рафтани дай

 

Ҳар дил, ки дар ӯ нури муҳаббат бисиришт,

Гар сокини масҷид асту гар з-аҳли куништ,

Дар дафтари ишқ ҳар киро ном навишт,

Озод зи дӯзах асту фориғ зи биҳишт.

 

Ҳар зарра, ки дар хоки замине будаст,

Пеш аз ману ту тоҷу нигине будаст.

Гард аз рухи остин ба озарм нишон,

К-он ҳам рухи хуби нозанине будаст.

 

Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,

Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.

Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо?

Дар мавсими гул зи тавба, ё Раб, тавба!

 

Ҳар рӯз яке зи дар дарояд, ки манам,

Бо неъмату бо симу зар ояд, ки манам.

Чун кораки ӯ низом гирад чанде,

Ногаҳ аҷал аз камин барояд, ки манам.

 

Ҳар сабза, ки бар канори ҷӯе рустаст,

Гӯйӣ, зи лаби фариштахӯе рустаст.

По бар сари сабза то ба хорӣ наниҳӣ,

К-он сабза зи хоки лоларӯе рустаст.

 

Ҳар субҳ, ки рӯйи лола шабнам гирад,

Болои бунафша дар чаман хам гирад.

Инсоф маро зи ғунча хуш меояд,

Гар домани хештан фароҳам гирад.

 

Ҳар ҷо ки гулеву лолазоре будаст,

Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.

Ҳар барги бунафша, к-аз замин мерӯяд

, Холест, ки бар рухи нигоре будаст.

 

Ҳар ҷуръа, ки соқияш ба ҷом афшонад,

Дар дидаи гарм оташи ғам биншонад.

Субҳоналлоҳ, зи бода мепиндорӣ

Обе, ки зи сад дарди дилат бирҳонад.

 

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем,

То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем.

Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе,

То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.

 

Ҳарчанд ки аз гуноҳ бадбахтаму зишт,

Навмед наям чу бутпарастони куништ.

Аммо саҳаре, ки мирам аз махмурӣ,

Май хоҳаму маъшуқа, чи дӯзах, чи биҳишт.

 

Ҳарчанд, ки рангу рӯйи зебост маро,

Чун лола руху чу сарв болост маро,

Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,

Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.

 

Ҳафтоду ду миллатанд дар дин каму беш,

Аз миллатҳо ишқи ту дорам дар пеш.

Чи куфру чи ислом, чи тоат, чи гуноҳ,

Мақсуд туӣ, баҳона бардор аз пеш.

 

Ҳин субҳ дамиду домани шаб шуд чок,

Бархезу сабӯҳӣ кун, чароӣ ғамнок?

Май нӯш, дило, ки субҳ бисёр дамад,

Ӯ рӯй ба мо кардаву мо рӯй ба хок.

 

Ҳон, то бари мастон ба дуруштӣ нашавӣ,

Ё аз дари некувон ба зиштӣ нашавӣ.

Май хӯр, ки ба хӯрдану ба нохӯрдани май

Гар олати дӯзахӣ, биҳиштӣ нашавӣ.

 

Ҳон, то наниҳӣ бар тани худ ғуссаву дард,

То ҷамъ кунӣ сими сафеду зари зард.

З-он пеш, ки гардад нафаси гарми ту сард,

Бо дӯст бихӯр, ки душманат хоҳад хӯрд.

 

Ҳукме, ки аз ӯ муҳол бошад, парҳез,

Фармудаву амр карда, к-аз вай бигрез.

Он гоҳ миёни амру наҳйаш оҷиз,

Дармонда ҷаҳониён, ки: «Каҷ дору марез!»

 

Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст,

Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст.

Дар коми ту гар замона лавзина ниҳад,

Зинҳор, фурӯ мабар, ки заҳромез аст.

 

Ҳушёр набудаам даме, то ҳастам,

Имшаб шаби қадр асту ман имшаб мастам.

Лаб бар лаби ҷому сина бар синаи хум,

То рӯз ба гардани суроҳӣ дастам.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *