Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Т

Табъам ҳама бар рӯйи чу гул пайвандад,

Дастам ҳама бар соғари мул пайвандад.

Аз ҳар ҷузве насиби худ бардорам,

З-он пеш, ки ҷузве-м ба худ пайвандад.

 

Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,

Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.

Дил ҷуз ба шакарлаби паризод мадеҳ,

Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.

 

Тан зан, чу ба зери фалаки бебокӣ,

Май нӯш, чу дар олами офатнокӣ.

Чун аввалу охират ба ҷуз хоке нест,

Ангор, ки дар хок наӣ, бар хокӣ.

 

Таркиби пиёлае, ки дар ҳам пайваст,

Бишкастани он раво намедорад маст.

Чандин сару пойи нозанин аз сари даст

Бар меҳри кӣ пайвасту ба кини кӣ шикаст?

 

Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,

Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест.

Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту,

Гардеву насимеву шарореву дамест.

 

Тарсем, к-аз ин беш ба олам нарасем,

Бо ҳамнафасон низ фароҳам нарасем,

Ин дам, ки дар ӯем, ғанимат шумарем,

Шояд, ки ба зиндагӣ дар он дам нарасем.

 

 

Тире, ки аҷал кашад сипарҳо, ҳеҷ аст,

В-ин мӯҳташамиву симу зарҳо ҳеҷ аст.

Чандон ки ба рӯйи корҳо дарнигарем,

Нек аст, ки нек аст, дигарҳо ҳеҷ аст.

 

То битвонӣ, ранҷа магардон касро,

Бар оташи хашми хеш маяфшон касро

Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,

Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.

 

То битвонӣ, хидмати риндон мекун,

Бунёди намозу рӯза вайрон мекун.

Бишнав сухани рост зи Хайём, эй дӯст,

Май мехӯру раҳ мезану эҳсон мекун.

 

То дар тани туст устухону рагу пай,

Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.

Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,

Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Той.

 

То дар ҳаваси лаъли лабу ҷоми майӣ,

То дар пайи овози дафу чангу найӣ.

Инҳо ҳама ҳашв аст, Худо медонад,

То тарки тааллуқ накунӣ, ҳеҷ наӣ.

 

То даст ба иттифоқ бар ҳам назанем,

Пое зи нишот бар сари ғам назанем.

Хезему даме занем пеш аз дами субҳ,

К-ин субҳ басе дамад, ки мо дам назанем.

 

То занн набарӣ, ки аз ҷаҳон метарсам,

В-аз мурдану аз рафтани ҷон метарсам.

Мурдан чу ҳақиқат аст, з-он бокам нест,

Чун нек назистам, аз он метарсам.

 

То занн набарӣ, ки ман ба худ мавҷудам,

Ё ин раҳи хунхора ба худ паймудам.

Ин буду набуди ман зи буди ӯ буд,

Ман худ кӣ будам, куҷо будам, кай будам?

О, не сам по себе я прошел этот путь,

 

То Зӯҳраву Маҳ дар осмон гашт падид,

Беҳтар зи майи ноб касе ҳеҷ надид.

Ман дар аҷабам зи майфурӯшон, к-эшон,

Беҳ з-он, ки фурӯшанд, чӣ хоҳанд харид?

 

То кай ғами он хӯрам, ки дорам ё на?

В-ин умр ба хушдилӣ гузорам ё на?

Пур кун қадаҳи бода, ки маълумам нест,

К-ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё на.

 

 

То кай зи абадҳадису то кай зи азал?

Бигзашт зи андозаи ман илму амал.

Ҳангоми тараб шаробро нест бадал,

Ҳар мушкилро шароб гардонад ҳал.

 

То кай зи чароғи масҷиду дуди куништ ,

То чанд зиёни дӯзаху суди биҳишт?

Бар лавҳи қазо нигар, ки аз даври азал,

Устод ҳар он чӣ буданӣ буд, навишт.

 

То роҳи қаландарӣ напӯйӣ, нашавад,

Рухсора ба хуни дил нашӯйӣ, нашавад.

Савдо чӣ пазӣ, то ки чу дилсӯхтагон

Озод ба тарки худ нагӯйӣ, нашавад.

 

То хоки маро ба қолаб омехтаанд,

Бас фитна, ки аз хок барангехтаанд.

Ман беҳтар аз ин наметавонам будан,

К-аз бӯта маро чунин бурун рехтаанд.

 

То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,

Чун маст шавам, дар хирадам нуқсон аст.

Ҳолест миёни мастию ҳушёрӣ,

Ман бандаи он аст, ки зиндагонӣ он аст

 

То чанд асири ақли ҳаррӯза шавем,

Дар даҳр чи садсола, чи якрӯза шавем.

Дардеҳ ту ба коса май аз он пеш, ки мо

Дар коргаҳи кӯзагарон кӯза шавем.

 

То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд,

Чанд аз пайи ҳар зишту наку хоҳӣ шуд?

Гар чашмаи Замзамӣ в-агар оби ҳаёт,

Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд

 

То чанд занам ба рӯйи дарёҳо хишт,

Безор шудам зи бутпарастони куништ.

Хайём кӣ гуфт дӯзахӣ хоҳад буд?

Кӣ рафт ба дӯзаху кӣ омад зи биҳишт?

 

То чанд зи масҷиду намозу рӯза?

Дар майкадаҳо маст шав аз дарюза.

Хайём, бихӯр бода, ки ин хоки туро

Гаҳ ҷом кунанду гаҳ сабӯ, гаҳ кӯза

 

То чанд кунам арзаи нодонии хеш,

Бигрифт дили ман аз парешонии хеш.

Зуннори муғона бар миён хоҳам баст,

Донӣ зи чӣ? – Аз нанги мусулмонии хеш.

 

То чанд маломат кунӣ, эй зоҳиди хом,

Мо ринди хароботиву мастем мудом.

Ту дар ғами тасбеҳу риёву талбис,

Мо бо маю маъшуқа мудомем ба ком.

 

То чанд ҳадиси панҷу чор, эй соқӣ,

Мушкил чи яке, чи сад ҳазор, эй соқӣ.

Хокем ҳама, чанг бизан, эй соқӣ,

Бодем ҳама, бода биёр, эй соқӣ.

 

Тунге майи лаъл хоҳаму девоне,

Садди рамақе бояду нисфи ноне.

В-он гаҳ ману ту нишаста дар вайроне,

Хуштар бувад аз мамлакати султоне.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *