Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи С

Савдозадаро бода пару бол бувад,

Май бар рухи хотун хираду хол бувад.

Моҳи рамазон бода нахӯрдему бирафт,

Боре шаби ид моҳи Шаввол бувад.

 

Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст

В-аз гиряи зор бим садчандон аст.

Аз ҳар мижа новадоне аст хун равон,

Гар ман мижаро ба ҳам занам, тӯфон аст.

 

Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш,

Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.

Гуфтам: «Зи Худо шарм надорӣ, эй пир?»

Гуфто: «Карам аз Худост, рав, бода бинӯш!»

 

Сер омадам, эй Худой, аз ҳастии хеш,

Аз тангдиливу аз тиҳидастии хеш.

Аз нест чу ҳаст мекунӣ, берун ор

З-ин нестиям ба ҳурмати ҳастии хеш.

 

Сим арчи на мояи хирадмандон аст,

Бесимонро боғи ҷаҳон зиндон аст.

Аз дасти тиҳӣ бунафша сар бар зону-ст,

В-аз косаи зар даҳони гул хандон аст.

 

Сиррат ҳама донои фалак медонад,

К-ӯ мӯй ба мӯй, раг ба раг медонад.

Гирам, ки ба зарқ халқро бифребӣ,

Бо Ӯ чӣ кунӣ, ки як ба як медонад.

 

Созандаи кори мурдаву зинда туӣ,

Дорандаи ин чархи пароганда туӣ.

Ман гарчи бадам, хоҷаи ин банда туӣ,

Касро чӣ гунаҳ, чу офаринанда туӣ.

 

Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,

Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.

Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,

Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.

 

Соқӣ, дили ман зи даст агар хоҳад рафт,

Дарёст, куҷо зи худ бадар хоҳад рафт.

Сӯфӣ, ки чу зарфи танги пур аз ҷаҳл аст,

Як ҷуръа агар хӯрад, ба сар хоҳад рафт.

 

Соқӣ, дили ман зи мурда фарсудатар аст,

К-ӯ зери замин зи ман дилосудатар аст.

Ҳарчанд ба хуни дида доман шӯям,

Домони тарам зи дида олудатар аст.

 

Соқӣ, чу замона дар шикасти ману туст,

Дунё на сарочаи нишасти ману туст.

Гар з-он ки миёни ману ту ҷоми май аст,

Медон ба яқин, ки ҳақ ба дасти ману туст.

 

Субҳ аст, даме бо майи гулранг занем,

В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.

Даст аз амали дарози худ бозкашем,

Дар зулфи дарозу домани чанг занем.

 

Сустӣ макуну фаризаҳоро бигузор,

В-он луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.

Ғайбат макуну маҷӯй касро озор,

Дар ӯҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *