Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Р

Рав, бар сари афлоку ҷаҳон хок андоз,

Май мехӯру гирди моҳрӯён метоз.

Чӣ ҷойи ибодат асту чӣ ҷойи намоз,

К-аз ҷумлаи рафтагон яке н-омад боз.

 

Рав, бехабарӣ гузин, агар бохабарӣ,

То аз кафи мастони азал бода хӯрӣ.

Ту бехабарӣ, бехабарӣ кори ту нест,

Ҳар бехабареро нарасад бехабарӣ.

 

Рафтан чу ҳақиқат аст, пас будан чист?

Роҳи тамаи муҳол паймудан чист?

Ҷое, ки ба маслиҳат нахоҳанд гузошт,

Фориғ зи сафар будану осудан чист?

 

Ринде дидам, нишаста бар хушкзамин,

На куфру на ислому на дунёву на дин.

На ҳақ, на ҳақиқат, на шариат, на яқин,

Андар ду ҷаҳон киро бувад заҳраи ин?!

 

Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт

, В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.

Бингар, ки ба ҷойи мардумон худ чӣ кунӣ,

Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.

 

Рӯзе, ки ба даст барниҳам ҷоми шароб

В-аз ғояти хуррамӣ шавам масту хароб,

Сад мӯъҷиза пайдо кунам аз ҳар боб

З-ин табъи чу оташу суханҳои чу об.

 

Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,

Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.

Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,

Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.

 

Рӯзе, ки ду мӯҳлат аст, мехӯр майи ноб,

К-ин умри гузашта дарнаёбӣ, дарёб.

Донӣ, ки ҷаҳон рӯ ба харобӣ дорад,

Ту низ шабу рӯз ба май бош хароб.

 

Рӯзе, ки ҷазои ҳар сифат хоҳад буд,

Қадри ту ба қадри маърифат хоҳад буд.

Дар ҳусни сифот кӯш, ки дар рӯзи ҷазо

Ҳашри ту ба сурати сифат хоҳад буд.

 

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,

Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.

Булбул ба забони ҳоли худ бар гули зард,

Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хӯрд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *