Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи П

Пайваста зи баҳри шаҳвати нафсонӣ,

Ин ҷони шарифро ҳамеранҷонӣ.

Огоҳ наӣ, ки офати ҷони туанд,

Онҳо, ки ту дар орзуи эшонӣ.

 

Пайваста зи гардиши фалак ғамгинам,

Бо табъи хасиси хештан дар кинам.

Илме на, ки аз сари ҷаҳон бархезам,

Аҳле на, ки фориғ зи ҷаҳон биншинам.

 

Панде диҳамат, агар ба ман дорӣ гӯш,

Аз баҳри Худо, ҷомаи тазвир мапӯш,

Уқбо ҳама соат асту дунё як дам,

Аз баҳри даме мулки абадро мафурӯш.

 

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,

Гарданда фалак низ ба коре будаст.

Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,

К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

 

Пире зи харобот бурун омад маст,

Саҷҷода ба дӯшу косаи бода ба даст.

Гуфтам: «Шайхо, туро чӣ ҳол омад пеш?»

Гуфто: «Май хӯр, ки кори олам бод аст».

 

Пиронасарам ишқи ту дар дом кашид,

В-арна зи куҷо дасти ману ҷоми набид.

Он тавба, ки ақл дод, ҷонон бишикаст,

В-он ҷома, ки сабр дӯхт, айём дарид.

 

Пок аз адам омадему нопок шудем,

Осуда дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *