Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи О — Донишхона

Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи О

Ободии майхона зи май хӯрдани мост,

Хуни ду ҳазор тавба бар гардани мост.

Гар ман накунам гуноҳ, раҳмат чӣ кунад?!

Оройиши раҳмат аз гунаҳ кардани мост

 

Овард ба изтиробам аввал ба вуҷуд.

Ҷуз ҳайратам аз ҳаёт чизе нафузуд.

Рафтем ба иқрору надонем чӣ буд,

З-ин омадану будану рафтан мақсуд.

 

Оғози давон гаштани он зарринтос

В-анҷоми харобии чунин нек асос

Дониста намешавад ба меъёри уқул,

Санҷида намешавад ба миқёси қиёс.

 

Одам чу суроҳӣ буваду рӯҳ чу май,

Қолаб чу най бувад, садое дар вай.

Донӣ, чӣ бувад одами хокӣ, Хайём,

Фонуси хаёлеву чароғе дар вай.

 

Озори дили халқ наҷӯем шабе,

То барнакашанд «ёРабе» ними шабе.

Бар молу ҷамоли хештан такя макун,

К-онро ба шабе баранду инро ба шабе.

 

Омад сахар ин нидо зи майхонаи мо,

К-эй ринди хароботиву девонаи мо,

Бархез, ки пур кунем паймона зи май,

З-он пеш, ки пур кунанд паймонаи мо.

 

Он беҳ, ки ба ҷоми бода дил шод кунем,

В-аз омадаву гузашта кам ёд кунем.

В-ин ориятӣ равони зиндониро

Як лаҳза зи банди ақл озод кунем.

 

Он беҳ, ки дар ин замона кам гирӣ дӯст,

Бо аҳли замона сӯҳбат аз дур накуст.

Он кас ки ба ҷумлагӣ туро такя бар ӯст,

Чун чашми хирад боз кунӣ, душманат ӯст.

 

Он бода, ки қобили суварҳост ба зот,

Гоҳе ҳайвон ҳамешавад, гоҳ набот.

То занн набарӣ, ки ҳаст гардад, ҳайҳот,

Мавсуф ба зот аст, агар нест сифот.

 

Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,

Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.

Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,

Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.

 

Он кас, ки Замину чарху афлок ниҳод,

Бас доғ, ки ӯ бар дили ғамнок ниҳод.

Бисёр лаби чу лаълу зулфайни чу мушк,

Дар табли замину ҳуққаи хок ниҳод.

 

Он косагаре, ки косаи сарҳо кард,

Дар косагарӣ сифоти худ пайдо кард.

Бар хоки вуҷуди мо нагун коса ниҳод

В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.

 

Он қавм, ки саҷҷодапарастанд, харанд,

Зеро ки ба зери бори солус даранд.

В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зӯҳд,

Ислом фурӯшанду зи кофар батаранд.

 

Он қаср, бар чарх ҳамезад паҳлу,

Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ.

Дидем, ки бар кунгурааш фохтае

Овоз ҳамедод, ки ку-ку, ку-ку?

 

Он қаср, ки Ҷамшед дар ӯ ҷом гирифт,

Оҳу бача карду рӯбаҳ ором гирифт.

Баҳром, ки гӯр мегирифтӣ ҳама умр,

Бинӣ, ки чӣ гуна гӯр Баҳром гирифт?

 

Он лаҳза, ки аз аҷал гурезон гардам,

Чун барг зи шохи умр резон гардам.

Олам ба нишоти дил ба ғирбол кунам,

З-он пеш, ки хоки хокбезон гардам.

 

Он лаъли гаронбаҳо зи кони дигар аст

В-он дурри ягонаро нишоне дигар аст.

Андешаи ину он хаёли ману туст,

Афсонаи ишқ аз забони дигар аст.

 

Он мард наям, к-аз аламам бим ояд,

Он бим маро хуштар аз ин бим ояд.

Ҷонест маро ба орият дода Худо,

Таслим кунам, чу вақти таслим ояд.

 

Он рӯз, ки тавсани фалак зин карданд,

В-оройиши Муштариву Парвин карданд.

Ин буд насиби мо зи девони қазо,

Моро чӣ гунаҳ, қисмати мо ин карданд.

 

Онам, ки падид гаштам аз қудрати ту,

Садсола шудам ба нозу аз қудрати ту.

Сад сол ба имтиҳон гунаҳ хоҳам кард,

Ё ҷурми ман аст беш ё раҳмати ту.

 

Онон, ки зи пеш рафтаанд, эй соқӣ,

Дар хоки ғурур хуфтаанд, эй соқӣ.

Рав, бода хӯру ҳақиқат аз ман бишунав,

Бод аст, ҳар он чи гуфтаанд, эй соқӣ.

 

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,

Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.

Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

 

Онро, ки ба саҳрои илал тохтаанд,

Бе ӯ ҳама корҳо бипардохтаанд.

Имрӯз баҳонае дарандохтаанд,

Фардо ҳама он бувад, ки дарсохтаанд.

 

Онро, ки бари ниҳоли таҳқиқ наруст,

З-он аст, ки ӯ нест дар ин роҳ дуруст.

Ҳар кас задааст даст дар шохе суст,

Имрӯз чу дӣ шиносу фардо чу нахуст.

 

Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи ҷаҳон,

Шодиву ғаму ранҷ бар ӯ шуд яксон.

Чун неку бади ҷаҳон ба сар хоҳад шуд,

Хоҳӣ ту ба дард бошу хоҳӣ дармон.

 

Онҳо, ки асири ақлу тамйиз шуданд,

Дар ҳасрати ҳасту нест ночиз шуданд.

Рав, бехабариву оби ангур гузин,

К-ин бехабарон ба ғӯра мавйиз шуданд.

 

Онҳо, ки асоси кор бар зарқ ниҳанд,

Оянду миёни ҷону тан фарқ ниҳанд.

Бар фарқ ниҳам сабӯи майро пас аз ин,

Гар ҳамчу хурӯсам арра бар фарқ ниҳанд.

 

Онҳо, ки ба кори ақл дармекӯшанд,

Беҳуда бувад, ки гови нар медӯшанд.

Он беҳ, ки либоси аблаҳӣ дарпӯшанд,

К-имрӯз ба ақл тарра мебифрӯшанд.

 

Онҳо, ки ба ҳикмат дур(р)и маънӣ суфтанд,

Дар зоти Худованд суханҳо гуфтанд,

Воқиф чу нагаштанд ба асрори фалак,

Аввал занахе заданду охир хуфтанд.

 

Онҳо, ки даромаданд, дар ҷӯш шуданд,

Ошуфтаи нозу тарабу нӯш шуданд.

Хӯрданд пиёлаеву хомӯш шуданд,

Дар хоки абад ҷумла ҳамоғӯш шуданд.

 

Онҳо, ки кашандаи набиди нобанд

В-онҳо, ки ба шаб мудом дар меҳробанд.

Бар хушк яке нест, ҳама дар обанд,

Бедор якест, дигарон дар хобанд.

 

Онҳо, ки куҳан шуданду онҳо, ки наванд,

Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

Ин кӯҳна ҷаҳон ба кас намонад боқӣ,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

 

Онҳо, ки хулосаи ҷаҳон эшонанд,

Бар авҷи фалак Буроқи фикрат ронанд,

Дар маърифати зоти Ту монанди фалак

Саргаштаву сарнагуну саргардонанд.

 

Онҳо, ки ҷаҳон зери қадам фарсуданд,

В-андар талабаш ҳар ду ҷаҳон паймуданд.

Огоҳ наям аз он ки эшон ҳаргиз

З-ин ҳол чунон ки ҳаст, огаҳ буданд.

 

Оранд якеву дигаре бирбоянд,

Бар ҳеҷ касе роз ҳаме накшоянд.

Моро зи қазо ҷуз ин қадар нанмоянд,

Паймонаи умри мост, мепаймоянд.

 

Ошиқ ҳамасола масту шайдо бодо,

Девонаву шӯридаву расво бодо.

Дар ҳушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хӯрем,

Чун маст шудем, ҳар чӣ бодо, бодо!

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *