Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи М — Донишхона

Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи М

Май бар кафи ман неҳу баровар ғулғул,

Бо нолаи андалебу савти булбул.

Бе нағма агар раво будӣ май хӯрдан,

Май аз сари шиша менакардӣ қул-қул.

 

Май гарчи ҳаром аст, вале то кӣ хӯрад,

В-он гоҳ чӣ миқдору дигар бо кӣ хӯрад.

Ҳар гоҳ, ки ин се шарт шуд рост, бигӯ:

Гар май нахӯрад мардуми доно, кӣ хӯрад?

 

Май, гарчи ҳаром аст, мудомаш менӯш,

Бо нағмаву чанг субҳу шомаш менӯш.

Ҷоме зи майи лаъл гарат даст диҳад,

Як қатра раҳо куну тамомаш менӯш.

 

Май дар кафи ман неҳ, ки дилам дар хоб аст

В-ин умри гурезпой чун симоб аст.

Бархез, ки бедории давлат хоб аст,

Дарёб, ки оташи ҷавонӣ об аст.

 

Май лаъли музоб асту суроҳӣ кон аст,

Ҷисм аст пиёлаву шаробаш ҷон аст.

Он ҷоми булӯрин, ки зи май хандон аст,

Ашкест, ки хуни дил дар ӯ пинҳон аст.

 

Май нӯш, ки умри ҷовидонӣ ин аст,

Худ ҳосилат аз даври ҷавонӣ ин аст.

Ҳангоми гулу бодаву ёрон сармаст,

Хуш бош даме, ки зиндагонӣ ин аст.

 

Май хӯр, ки ба зери гил басе хоҳӣ хуфт,

Бе мӯнису бе ҳарифу бе ҳамдаму ҷуфт.

Зинҳор, ба кас магӯ ту ин рози ниҳуфт,

Ҳар лолаи пажмурда нахоҳад бишкуфт.

 

Май хӯр, ки зи дил касрату қиллат бибарад,

В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.

Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ,

Як ман бихӯрӣ, ҳазор иллат бибарад.

 

Май хӯр, ки туро бехабар аз хеш кунад,

Хун дар дили душмани бадандеш кунад.

Ҳушёр будан чӣ суд дорад,

ҷуз он-к, З-андешаи поён дили ту реш кунад.

 

Май хӯрдани ман на аз барои тараб аст,

Н-аз баҳри фасоду тарки дину адаб аст.

Хоҳам, ки зи бехудӣ барорам нафасе,

Май хӯрдану маст буданам з-ин сабаб аст.

 

Май хӯрдану гирди некувон гардидан

Беҳ з-он ки ба зарқ зоҳидӣ варзидан.

Гар ошиқу маст дӯзахӣ хоҳад буд,

Пас, рӯйи биҳишт кас нахоҳад дидан.

 

Май хӯрдану шод будан оини ман аст,

Фориғ будан зи куфру дин дини ман аст.

Гуфтам ба арӯси даҳр: «Кобини ту чист?»

Гуфто: «Дили хуррами ту кобини ман аст».

 

Майлам ба шароби ноб бошад доим,

Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.

Гар хоки маро кӯзагарон кӯза кунанд,

Он кӯза пур аз шароб бошад доим.

 

Майро, ки Хизр хуҷаста дорад посаш,

Ӯ оби ҳаёт асту манам Илёсаш.

Ман қути дилу қуввати рӯҳаш хонам,

Чун гуфт Худо «манофеу-лин-нос»-аш.

 

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,

Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.

Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,

Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем.

 

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост?

Торикдилам, нуру сафои ту куҷост?

Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,

Ин музд бувад, лутфу атои ту куҷост?

 

Ман бе майи ноб зистан натвонам,

Бе бода кашид бори тан натвонам.

Ман бандаи он дамам, ки соқӣ гӯяд:

«Як ҷоми дигар бигир!»-у ман натвонам.

 

Ман бода ба ҷоми якманӣ хоҳам кард,

Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.

Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,

Пас духтари разро ба занӣ хоҳам кард.

 

Ман бода хӯрам, валек мастӣ накунам,

Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.

Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад?

То ҳамчу ту хештанпарастӣ накунам.

 

Ман дар Рамазон рӯза агар мехӯрдам,

То занн набарӣ, ки бохабар мехӯрдам.

Аз меҳнати рӯза рӯзи ман чун шаб буд,

Пиндошта будам, ки саҳар мехӯрдам.

 

Ман зоҳири нестиву ҳастӣ донам,

Ман ботини ҳар фарозу пастӣ донам.

Бо ин ҳама аз дониши худ шармам бод,

Гар мартабае варои мастӣ донам.

 

Ман май хӯраму мухолифон аз чапу рост,

Гӯянд: «Махӯр бода, ки динро аъдост».

Чун донистам, ки май адуи дин аст,

Валлоҳ, бихӯрам хуни адуро, ки равост.

 

Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,

Май хӯрдани ӯ назди Худо саҳл бувад.

Май хӯрдани ман Ҳақ аз азал медонист,

Гар ман нахӯрам, илми Худо ҷаҳл бувад.

 

Ман ҳеҷ надонам, ки маро он ки сиришт

Аз аҳли биҳишт кард ё дӯзахи зишт.

Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт,

Ин хар се маро нақду туро нася биҳишт.

 

Маҳрам ҳастӣ, ки бо ту гӯям як дам,

К-аз аввали кор худ чӣ будаст одам.

Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,

Якчанд ҷаҳон бихӯрду бардошт қадам.

 

Маҳтоб ба нур домани шаб бишкофт,

Май нӯш, даме беҳтар аз ин натвон ёфт.

Хуш бошу маяндеш, ки маҳтоб басе,

Андар сари хоки як ба як хоҳад тофт.

 

Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз,

Имрӯз ба нав талаттуфе кард оғоз.

Бар чашми ман андохт даме чашму рафт,

Яъне ки: «накуӣ куну дар об андоз».

 

Мепурсидӣ, ки чист ин нақши маҷоз,

Гар баргӯям, ҳақиқаташ ҳаст дароз.

Нафсест падид омада аз дарёе,

В-он гоҳ шуда ба қаъри он дарё боз.

 

Мискин дили дардманди девонаи ман

Ҳушёр нашуд зи ишқи ҷононаи ман.

Рӯзе, ки шароби ошиқӣ медоданд,

Дар хуни ҷигар заданд паймонаи ман.

 

Мо афсари хону тоҷи Кай бифрӯшем,

Дастору қасаб ба бонги най бифрӯшем.

Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,

Ногоҳ ба як пиёла май бифрӯшем.

 

Мо бо маю маъшуқу шумо — дайру куништ,

Мо аҳли ҷаҳимему шумо аҳли биҳишт.

Тақсири ману ту аз азал чист? Бигӯй!

Наққош чунин ба лавҳи тақдир набишт.

 

 

Мо к-аз майи бехудӣ тарабнок шудем,

В-аз пояи дун бар сари афлок шудем.

Охир ҳама з-олойиши тан пок шудем,

Аз хок баромадему бар хок щудем.

 

Мо кофари ишқему мусалмон дигар аст,

Мо мӯри заифему Сулаймон дигар аст.

Аз мо рухи зарду ҷомаи кӯҳна талаб,

Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст.

 

Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,

Аз рӯйи ҳақиқате, на аз рӯйи маҷоз.

Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд?

Афтем ба сандуқи адам як-як боз.

 

 

Мо ошиқи ошуфтаву мастем имрӯз,

Дар кӯйи муғон бодапарастем имрӯз.

Аз ҳастии хештан ба куллӣ раста,

Пайваста ба меҳроби аластем имрӯз.

 

Мо хирқаи зӯҳд бар сари хум кардем,

В-аз хоки харобот таяммум кардем.

Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,

Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.

 

Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,

Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,

Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб,

Озод зи хоку боду аз оташу об.

Мову маю маъшуқу сабӯҳ, эй соқӣ,

Аз мо набувад тавба насӯҳ, эй соқӣ.

То кай хонӣ қиссаи Нӯҳ, эй соқӣ,

Пеш ор сабук роҳати рӯҳ, эй соқӣ.

 

Моем, ки асли шодиву кони ғамем,

Сармояи додему ниҳоди ситамем.

Пастему баландему камолему камем,

Оинаи зангхӯрдаву ҷоми Ҷамем.

 

Моем ниҳода сар ба фармони шароб,

Ҷон карда фидои лаби хандони шароб.

Ҳам соқии мо ҳалқи суроҳӣ дар даст,

Ҳам бар лаби соғар омада ҷоми шароб.

 

Моем харидори майи кӯҳнаву нав,

В-он гоҳ фурӯшандаи олам ба ду ҷав.

Донӣ, ки пас аз марг куҷо хоҳӣ рафт,

Май пеши ман ору ҳар куҷо хоҳӣ рав.

 

Моему маю мутрибу ин кунҷи хароб,

Ҷону дилу ҷому ҷома пурдурди шароб,

Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,

Осуда зи боду хоку аз оташу об.

 

Моҳи Рамазон бирафту Шаввол омад,

Ҳангоми нишоту айши қаввол омад.

Омад гаҳи он, ки хикҳо андар дӯш

Гӯянд, ки «пушт-пушт, ҳаммол омад».

 

Мурғе дидам, нишаста бар бораи Тӯс,

Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус,

Бо калла ҳамегуфт, ки: «Афсӯс, афсӯс!

Ку бонги ҷарасҳову куҷо нолаи кӯс?»

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *