Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи К — Қ — Л

Кам кун тамаъ аз ҷаҳону мезӣ хурсанд,

В-аз неку бади замона бигсил пайванд.

Май дар кафу зулфи дилбаре гир, ки зуд,

Ҳам бигзараду намонад ин рӯзе чанд.

 

Кардем дигар шеваи риндӣ оғоз,

Такбир ҳамезанем бар панҷ намоз.

Ҳар ҷо, ки суроҳӣ аст, моро бинӣ,

Гардан чу суроҳӣ сӯйи он карда дароз.

 

Кас мушкили асрори аҷалро накушод,

Кас як қадам аз ниҳод берун наниҳод.

Ман менигарам зи мубтадӣ то устод,

Аҷз аст ба дасти ҳар кӣ аз модар зод.

 

Кас хулду ҷаҳимро надидаст, эй дил,

Он кист, к-аз он ҷаҳон расидаст, эй дил!

Умеду ҳароси мо ба чизест, к-аз он

Ҷуз ному нишоне на падид аст, эй дил!

 

Касро паси пардаи қазо роҳ нашуд,

В-аз сирри қадар ҳеҷ кас огоҳ нашуд.

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,

Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

 

Ку маҳрами роз, то бигӯям як дам,

К-аз гоҳи нахуст худ чӣ будаст одам.

Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,

Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.

 

Қавме зи газоф дар ғурур афтоданд,

В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд.

Маълум шавад, чу пардаҳо бардоранд,

К-аз кӯйи ту дуру дуру дур афтоданд.

 

Қавме мутафаккиранд дар мазҳабу дин,

Ҷамъе мутаҳаййиранд дар шакку яқин.

Ногоҳ мунодие барояд зи камин,

К-эй бехабарон, роҳ на он асту на ин.

 

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан,

Беҳ з-он ки туфайли хони нокас будан.

Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст,

К-олуда ба полудаи ҳар хас будан!

 

Қуръон, ки беҳин калом хонанд онро,

Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд онро.

Бар гирди пиёла ояте ҳаст муқим,

К-андар ҳама ҷо мудом хонанд онро.

 

Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз,

То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.

Лаб бар лаби ман ниҳоду мегуфт ба роз

: «Май хӯр, ки бад-ин ҷаҳон намеойӣ боз».

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *