Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи И

Ибриқи майи маро шикастӣ,

Раббӣ, Бар ман дари айшро бубастӣ,

Раббӣ. Бар хок бирехтӣ майи ноби маро,

Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?

 

Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст,

Май хоҳам аз он ки шодмонии ман аст.

Айбам макунед, агарчи талх аст, хуш аст,

Талх аст аз он ки зиндагонии ман аст.

 

Имрӯз, ки одина мар ӯро ном аст,

Май нӯш кун аз қадаҳ, чӣ ҷойи ҷом аст?

Ҳар рӯз агар якқадаҳӣ май хӯрдӣ,

Имрӯз ду хӯр, ки саййидулайём аст.

 

Имрӯз туро дастрасии фардо нест,

В-андешаи фардо-т ба ҷуз савдо нест.

Зоеъ макун ин дам, ар дилат шайдо нест,

К-ин боқии умрро баҳо пайдо нест.

 

Ин ақл, ки дар раҳи саодат пӯяд,

Рӯзе сад бор худ туро мегӯяд.

Дарёб ту ин як дами вақтат, ки наӣ

Он тарра, ки бидараванду дигар рӯяд.

 

Ин аҳли қубур хок гаштанду ғубор,

Ҳар зарра зи ҳар зарра гирифтанд канор.

Оҳ, ин чӣ шароб аст, ки то рӯзи шумор

Бехудшудаву бехабаранд аз ҳама кор.

 

 

Ин баҳри вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,

Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт,

Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд,

З-он рӯй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.

 

Ин гунбади лоҷварду ин заррин ташт,

Бисёр бигаштасту дигар хоҳад гашт.

Якчанд зи иқтизои даврони қазо,

Мо низ чу дигарон расидему гузашт.

 

Ин кори ҷаҳон агар ба тақлид астӣ,

Ҳар рӯз ба ҷойи хештан ид астӣ.

Ҳар кас ба муроди хеш дасте бизадӣ,

Гар з-он ки на ин беҳуда таҳдид астӣ.

 

Ин коса, ки бас накӯ-ш пардохтаанд,

Бишкаставу дар раҳгузар андохтаанд,

Зинҳор ба ӯ қадам ба хорӣ наниҳӣ,

К-ин коса зи косаҳои сар сохтаанд.

 

Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,

Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.

Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,

В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.

 

Ин кӯза, ки обхораи муздурест,

Аз дидаи шоҳеву дили дастурест.

Ҳар косаи май, ки бар кафи махмурест,

Аз орази мастеву лаби мастурест.

 

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,

Дар банди сари зулфи нигоре будаст.

Ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,

Дастест, ки бар гардани ёре будаст.

 

Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,

Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд.

Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,

Хоки падарон аст, наку медоранд.

 

Ин кӯҳнаработро, ки олам ном аст,

В-оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.

Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,

Қасрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

 

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,

Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.

Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?

Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.

 

Ин сурати кавн ҷумла нақш асту хаёл,

Ориф набувад, ҳар кӣ надорад ин ҳол

. Биншин, қадаҳи бода бинӯшу хуш тбош,

Фориғ шав аз ин нақшу хаёлоти муҳол.

 

Ин халқ ҳама харони боафсӯсанд,

Пурмашғалаву миёнтиҳӣ чун кӯсанд.

Хоҳӣ, ки кафи пойи туро мебӯсанд,

Хушном бизӣ, ки бандаи номусанд.

 

Ин чарх, ки бо касе намегӯяд роз,

Кушта ба ситам ҳазор Маҳмуду Аёз.

Май хӯр, ки ба кас умри дубора надиҳанд,

Ҳар кас, ки шуд аз ҷаҳон, намеояд боз.

 

 

Ин чарх чу тосест нагун афтода,

Дар вай ҳама зиракон забун афтода.

Дар дӯстии шишаву соғар нигаред,

Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.

 

Ин чархи фалак баҳри ҳалоки ману ту,

Қасде дорад ба ҷони поки ману ту.

Бар сабза нишин, буто, ки бас дер намонд,

То сабза бурун дамад зи хоки ману ту.

 

Ин чархи фалак, ки мо дар ӯ ҳайронем,

Фонуси хаёл аз ӯ мисоле донем.

Хуршед чароғ дону олам фонус,

Мо чун суварем, к-андар ӯ гардонем.

 

Ин чархи ҷафопешаи олибунёд,

Ҳаргиз гираҳи кори касеро накушод.

Ҳар ҷо, ки диле дид, ки доғе дорад,

Доғи дигаре бар сари он доғ ниҳод.

 

Ин ҷамъи акобир, ки маносиб доранд,

Аз ғуссаву ғам зи ҷони худ безоранд.

В-он кас, ки асири ҳирс чун эшон нест,

В-ин турфа, ки одамиш менашморанд.

 

Ин як ду-серӯза навбати умр гузашт,

Чун об ба ҷӯйбору чун бод ба дашт.

Ҳаргиз ғами ду рӯз маро ёд нагашт,

Рӯзе, ки наёмадасту рӯзе, ки гузашт.

 

 

Ишқе ба камолу дилрабое ба ҷамол,

Дил пурсухану забон зи гуфтан шуда лол.

З-ин нодиратар кӣ дид, ё Раб, ба ҷаҳон,

Ман ташнаву пеши ман равон оби зулол.

 

Ишқе, ки маҷозӣ бувад, обаш набувад,

Чун оташи ниммурда тобаш набувад.

Ошиқ бояд, ки моҳу солу шабу рӯз

Орому қарору хӯрду хобаш набувад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *