Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Д

Даврони ҷаҳон бе маю соқӣ ҳеҷ аст,

Бе замзамаи сози ироқӣ ҳеҷ аст.

Ҳарчанд дар аҳволи ҷаҳон менигарам,

Ҳосил ҳама ишрат аст, боқӣ ҳеҷ аст.

 

Дар базми хирад ақл далели сара гуфт,

Дар Руму Араб майманаву майсара гуфт.

Гар гуфт касе, ки носара бошад май,

Ман кай шунавам, чунки Худо май сара гуфт.

 

Дар гӯши дилам гуфт фалак пинҳонӣ:

«Ҳукме, ки қазо бувад, зи ман медонӣ.

Дар гардиши хеш агар маро даст будӣ,

Худро бираҳондаме зи саргардонӣ».

 

Дар даҳр касе ба гулъузоре нарасид,

То бар дилаш аз замона хоре нарасид.

Дар шона нигар, ки то ба сад шох нашуд,

Дасташ ба сари зулфи нигоре нарасид.

 

Дар даҳр ҳар он ки ними ноне дорад,

Аз баҳри нишаст ошёне дорад.

На ходими кас бувад, на махдуми касе,

Гӯ, шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад.

 

Дар даҳр чу овози гули тоза диҳанд,

Фармой, буто, ки май ба андоза диҳанд.

Аз ҳури биҳишту аз азоби дӯзах,

Дил фориғ кун, ки ёва овоза диҳанд.

 

Дар доирае, к-омадану рафтани мост,

Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.

Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,

К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост?

 

 

Дар доираи вуҷуд дер омадаем,

В-аз пояи мардумӣ ба зер омадаем.

Чун умр на бар муроди мо мегузарад,

Эй кош, сар омадӣ, ки сер омадаем.

 

Дар доираи сипеҳри нопайдоғавр,

Ҷомест, ки ҷумларо чашонанд ба давр.

Навбат чу ба даври ту расад, оҳ макун,

Май нӯш ба хушдилӣ, ки давр аст ба ҷавр.

 

Дар ишқи ту сад гуна маломат бикашам,

В-ар бишканам ин аҳд, ғаромат бикашам.

Гар умр вафо кунад, ҷафоҳои туро

Боре кам аз он, ки то қиёмат бикашам

 

Дар ишқи ту аз маломатам нанге нест,

Бо бехабарон дар ин сухан ҷанге нест.

Ин шарбати ишқ доруи мардон аст,

Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.

 

 

 

Дар коргаҳи кӯзагаре кардам рой,

Дар пояи чарх дида, истода ба пой,

Мекард далер кӯзаро даставу сар,

Аз каллаи подшову аз пойи гадой.

 

Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,

Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.

Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:

«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»

 

Дар мавсими гул бодаи гулранг бихӯр,

Бо нолаи ною нағмаи чанг бихӯр.

Ман май хӯраму айш кунам бо дили шод,

Гар ту нахӯрӣ май, чӣ кунам? Санг бихӯр.

 

Дар майкада ҷуз ба май вузӯ натвон кард

В-он ном, ки зишт шуд, наку натвон кард.

Май деҳ, ки кунун пардаи мастурии мо

Бидрида чунон шуд, ки руфӯ натвон кард.

 

Дар мулки Ту аз тоати ман ҳеҷ фузуд?

В-аз маъсияте, ки рафт, нуқсоне буд?

Бигзору магир, чунки маълумам шуд,

Гирандаи дериву гузорандаи зуд.

 

Дар олами бевафо, ки манзилгаҳи мост,

Бисёр биҷустам ба қиёсе, ки марост.

Чун рӯйи ту моҳ нест, равшан гуфтам,

Чун қадди ту сарв нест, мегӯям рост.

 

Дар олами ҷон баҳуш мебояд буд,

Дар кори ҷаҳон хамӯш мебояд буд.

То чашму забону гӯш бар ҷо бошанд,

Бе чашму забону гӯш мебояд буд.

 

Дар пардаи асрор касеро раҳ нест,

З-ин таъбия ҷони ҳеҷ кас огаҳ нест.

Ҷуз дар дили хок ҳеҷ манзилгаҳ нест,

Май хӯр, ки чунин фасонаҳо кӯтаҳ нест.

 

Дар пойи аҷал агар сарафканда шавам,

Дар дасти аҷал чу мурғи парканда шавам,

Зинҳор, гилам ба ҷуз суроҳӣ макунед,

Бошад, ки ба бӯйи май даме зинда шавам.

 

Дар роҳи ниёз ҳар дилеро дарёб,

Дар кӯйи ҳузур муқбилеро дарёб.

Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад

Каъба чӣ равӣ? Бирав дилеро дарёб!

 

Дар савмааву мадрасаву дайру куништ,

Тарсанда зи дӯзаханду ҷӯёи биҳишт.

Он кас, ки зи асрори Худо бохабар аст,

З-ин тухм дар андаруни худ ҳеҷ накишт,

 

Дар сар магузор ҳеҷ савдои муҳол,

Май хӯр ҳама сол соғари моломол.

Бо духтари раз нишину айше мекун,

Духтар ба ҳаром беҳ, ки модар ба ҳалол.

 

Дар фасли баҳор агар бути ҳурсириш

т Як соғари май диҳад маро бар лаби кишт.

Ҳарчанд ба назди омма ин бошад зишт,

Саг беҳ зи ман аст, агар кунам ёди биҳишт.

 

Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт,

К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт.

Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт,

Май хӯр, ки ба зери хок мебояд хуфт.

 

Дар ҳикмат агар Арастую Ҷамҳурӣ,

Дар қудрат агар Қайсару Фағфурӣ,

Май нӯш зи ҷоми Ҷам, ки гӯр охири кор,

Гар Баҳромӣ, ки оқибат дар гӯрӣ.

 

Дар чашми муҳаққиқон чи зебову чи зишт,

Манзилгаҳи ошиқон чи дӯзах, чи биҳишт.

Пӯшидани бедилон чи атлас, чи палос,

Зери сари ошиқон чи болину чи хишт.

 

Дар ҷоми тараб бодаи гулранг хуш аст,

Бо нағмаи уду нолаи чанг хуш аст.

Зоҳид, ки хабар надорад аз ҷоми шароб,

Дур аз бари мо ҳазор фарсанг хуш аст.

 

Дар ҷустани ҷоми Ҷам ҷаҳон паймудем,

Рӯзе нанишастему шабе нағнудем.

З-устод чу васфи ҷоми Ҷам бишнудем,

Худ ҷоми ҷаҳоннамойи Ҷам мо будем.

 

Дар шӯъбадахонаи ҷаҳон ёр маҷӯй,

Бишнав зи ман ин ҳадису зинҳор, магӯй.

Бо дард бисозу ҳеҷ дармон маталаб,

Бо ғам бинишин хурраму ғамхор маҷӯй.

Дарвеш, зи тан ҷомаи сурат баркан,

То дарнадиҳӣ ба ҷомаи сурат тан.

Рав, кӯҳнагилеми фарқ бар дӯш афкан,

Дар зери гилем кӯси султонӣ зан.

 

Дарёб, ки аз рӯҳ ҷудо хоҳӣ рафт,

Дар пардаи асрори фано хоҳӣ рафт.

Май нӯш, ки надонӣ аз куҷо омадаӣ,

Хуш бош, надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

 

Дарёи вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,

Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт.

Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтаст,

З-он рӯй, ки ҳаст, кас наметонад гуфт.

 

Дасти чу мане, ки ҷому соғар гирад,

Ҳайф аст, ки у дафтару минбар гирад.

Ту зоҳиди хушкиву манам фосиқи тар,

Оташ нашунидаам, ки дар тар гирад.

 

Деҳқони қазо басе чу мо кишту дуруд,

Ғам хӯрдани беҳуда намедорад суд.

Пур кун қадаҳи май, ба кафам барнеҳ зуд,

То бозхӯрам, ки буданиҳо ҳама буд

 

Дигар ғами ин гардиши гардун нахӯрем,

Ҷуз бодаи ноби софи гулгун нахӯрем.

Май хуни ҷаҳон асту ҷаҳон хунии мо,

Мо хуни дили хунии худ чун нахӯрем?

 

Дидам ба сари иморате марде фард,

К-ӯ гул ба лагад мезаду хораш мекард.

В-он гул ба забони ҳол бо ӯ мегуфт:

«Ҳуш дор, чу ман басе лагад хоҳӣ хӯрд».

 

Дил гуфт: «Маро илми ладуннӣ ҳавас аст,

Таълим бикун, агар туро дастрас аст».

Гуфтам, ки : «Алиф», гуфт: «Дигар ҳеҷ магӯ,

Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст».

 

 

Дил сирри ҳаёт агар камоҳӣ донист,

Дар мавт ҳам асрори Илоҳӣ донист.

Имрӯз, ки бо худӣ, надонистӣ ҳеҷ,

Фардо, ки зи худ равӣ, чӣ хоҳӣ донист?

 

Дӣ кӯзагаре бидидам андар бозор,

Бар тозагиле лагад ҳамезад бисёр.

В-он гил ба забони ҳол бо вай мегуфт:

«Ман ҳам чу ту будам, маро ту неку дор!»

 

 

Додам ба умед рӯзгоре барбод,

Нобуда зи рӯзгори худ рӯзе шод.

З-он метарсам, ки рӯзгорам надиҳад

Чандон ки зи рӯзгор бистонам дод.

 

Донӣ, зи чӣ рӯй уфтодасту чӣ роҳ

Озодии сарву савсан андар афвоҳ?

Ин дорад даҳ забон, валекин хомӯш,

В-он дорад сад даст, валекин кӯтоҳ.

 

Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ,

Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ?

Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ,

К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.

 

Доранда чу таркиби табоеъ орост,

Аз баҳри чӣ афкандаш андар каму кост?

Гар нек омад, шикастан аз баҳри чӣ буд?

В-ар нек наёмад ин сувар, айб кирост?

 

Ду чиз, ки ҳаст мояи доноӣ,

Беҳтар зи ҳама ҳадиси ногӯёӣ.

Аз хӯрдани ҳар чи ҳаст, нохӯрдан беҳ,

В-аз сӯҳбати ҳар кӣ ҳаст, беҳ танҳоӣ.

 

Дунё ба мурод ронда гир, охир чӣ?

В-ин номаи умр хонда гир, охир чӣ?

Гирам, ки ба коми дил бимонӣ сад сол,

Сад соли дигар бимонда гир, охир чӣ?

 

Дунё дидиву ҳар чӣ дидӣ, ҳеҷ аст,

В-он низ, ки гуфтиву шунидӣ, ҳеҷ аст.

Сар то сари офоқ давидӣ, ҳеҷ аст,

В-он низ, ки дар хона хазидӣ, ҳеҷ аст.

 

 

Дунё чу фаност, ман ба ҷуз фан накунам,

Ҷуз ёди нишоту майи равшан накунам.

Гӯянд маро, ки Эзидат тавба диҳад,

Ӯ худ надиҳад в-ар бидиҳад, ман накунам.

 

 

Душман ба ғалат гуфт, ман фалсафиям,

Эзид донад, ки он чӣ ӯ гуфт, наям.

Лекин чу дар ин ғамошён омадаам,

Охир кам аз он ки ман бидонам, ки киам.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *