Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Г-Ғ

Гар бар сари лавҳ буданиҳо будаст,

Пайваста қалам зи неку бад фарсуда-ст.

В-ар рӯзи азал ҳар он чӣ боист, бидод,

Ғам хӯрдану кӯшидани мо беҳуда-ст.

 

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

 

Гар бода ба кӯҳ бардиҳӣ, рақс кунад,

Ноқис бувад он, ки бодаро нақс кунад.

Аз бода маро тавба чӣ мефармойӣ?

Рӯҳест, ки ӯ тарбияти шахс кунад.

 

Гар бода хӯрӣ, то бо хирадмандон хӯр,

Ё бо санаме лоларухи хандон хӯр.

Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз,

Гаҳ-гаҳ хӯру кам-кам хӯру ҳам пинҳон хӯр.

 

Гар бохирадӣ, ту ҳирсро банда машав,

Дар пойи тамаъ хору сарафканда машав.

Чун оташ тез бош, чун об равон,

Чун хок ба ҳар бод пароканда машав.

 

Гар гавҳари тоататат насуфтам ҳаргиз,

Гарди гунаҳ аз чеҳра нарӯфтам ҳаргиз.

Навмед наям зи боргоҳи карамат,

Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.

 

Гар гул набувад насиби мо хор бас аст,

В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.

В-ар сабҳаву саҷҷодаву шайхӣ набувад,

Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.

 

Гар дар пайи шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт,

Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳад рафт.

Бингар, чӣ касиву аз куҷо омадаӣ,

Медон, ки чӣ мекунӣ, куҷо хоҳӣ рафт!

 

Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,

В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.

 

Гар даст диҳад зи мағзи гандум ноне,

В-аз май ду мане, зи гӯсфанде роне,

Бо лоларухе нишаста дар вайроне,

Айше бувад ин, на ҳадди ҳар султоне.

 

Гар з-он ки ба даст оядат аз май ду мане,

Май хӯр ту ба ҳар маҷлису ҳар анҷумане.

К-он кас, ки чунон кард, фароғат дорад,

Аз сиблати чун туеву риши чу мане.

 

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,

Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.

В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,

Кай хотири аҳли фазл ранҷида будӣ.

 

Гар май нахӯрӣ, таъна мазан мастонро,

Бунёд макун ту ҳилаву дастонро,

Ту ғарра бад-он машав, ки май менахӯрӣ,

Сад луқма хӯрӣ, ки май ғулом аст онро.

 

Гар ман гунаҳи рӯйи замин кардастам,

Афви ту, умед аст, ки гирад дастам.

Гуфтӣ, ки ба рӯзи аҷз дастат гирам,

Оҷизтар аз ин махоҳ, к-акнун ҳастам.

 

Гар ман зи майи муғона мастам, ҳастам,

В-ар кофару габру бутпарастам, ҳастам.

Ҳар тоифае ба ман гумоне доранд,

Ман худ донам, чунон ки ҳастам, ҳастам.

 

Гар омаданам ба ман будӣ, н-омадаме,

В-ар низ шудан ба ман будӣ, кай шудаме?

Беҳ з-он набудӣ, ки андар ин олами хок,

На омадаме, на шудаме, на будаме.

 

Гар рӯйи замин ба ҷумла обод кунӣ,

Чандон набувад, ки хотире шод кунӣ.

Гар банда кунӣ ба лутф озодеро,

Беҳтар, ки ҳазор банда озод кунӣ.

 

Гар сулҳ наёбам зи фалак, ҷанг инак,

В-ар номи наку набошадам, нанг инак.

Ҷоми майи лаъли арғувонранг инак,

Он кас, ки намехӯрад, сару санг инак.

 

Гар шодии хештан бад-он медонӣ,

К-осудадилеро ба ғаме биншонӣ,

Дар мотами ақли хеш бошӣ ҳама умр,

Медор мусибат, ки аҷаб нодонӣ.

 

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.

Ҳуш дор, ки сармояи савдои ҷаҳон,

Умр асту чунон к-аш гузаронӣ, гузарад.

 

Гардун зи замин ҳеҷ гуле барн-орад,

К-аш нашканаду ҳам ба замин наспорад.

Гар абр чу об хокро бардорад,

То ҳашр ҳама хуни азизон борад.

 

Гардун зи саҳоб настаран мерезад,

Гӯйӣ, ки шукуфа дар чаман мерезад.

Дар ҷоми чу савсан майи гулгун резам,

К-аз абр бунафшагун суман мерезад.

 

Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,

Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост.

Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,

Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.

 

Гарчи ғаму ранҷи ман дарозӣ дорад,

Айшу тараби ту сарфарозӣ дорад.

Бар ҳар ду макун такя, ки даврони фалак,

Дар парда ҳазор гуна бозӣ дорад.

 

Гаҳ шурбати айши соф бошад, гаҳ дурд,

Гаҳ пӯшиши мо палос бошад, гаҳ бурд.

Инҳо ҳама саҳл аст ба назди оқил,

Ин воқеа саҳл аст, ки мебояд мурд.

 

Гаҳ-гаҳ дили ман дар ин қафас танг ояд,

Аз ҳамраҳии обу гилаш нанг ояд.

Гуфтам, ки магар бишканам ин зиндонро,

Поям зи рикоби шаръ бар санг ояд.

 

Говест дар осмон қарини Парвин

, Говест дигар, бар забараш ҷумла замин.

Чашми хирадат кушой чун аҳли яқин,

Зеру забари ду гов мушти хар бин!

 

Гул гуфт, ки: «Ман Юсуфи Мисри чаманам,

Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам».

Гуфтам: «Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинмой».

Гуфто, ки: «Ба хун ғарқ, бубин, пираҳанам».

 

Гуфтам, ки дигар бодаи гулгун нахӯрам,

Май хуни разон аст, дигар хун нахӯрам.

Пири хирадам гуфт: «Ба ҷид мегӯйӣ?»

Гуфтам, ки: «Мазоҳ кардаам, чун нахӯрам?»

 

Гӯянд, биҳишту ҳури ин хоҳад буд,

В-он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.

Гар мо маю маъшуқапарастем, равост,

Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд.

 

Гӯянд, биҳишту ҳуру кавсар бошад,

Ҷӯйи маю ширу шаҳду шаккар бошад.

Пур кун қадаҳи бодаву бар дастам неҳ,

Нақде зи ҳазор нася хуштар бошад.

 

Гӯянд, ки дӯзахӣ бувад мардуми маст,

Қавлест хилоф, дил дар ӯ натвон баст.

Гар ошиқу маст дӯзахӣ хоҳад буд,

Фардо бинӣ биҳишт ҳамчун кафи даст.

 

Гӯянд, ки моҳи Рамазон гашт падид,

Минбаъд ба гирди бода натвон гардид.

Дар охири Шаъбон бихӯрам чандон май,

К-андар Рамазон маст бияфтам то ид.

 

Гӯянд маро, биҳишт бо ҳур хуш аст,

Ман мегӯям, ки оби ангур хуш аст.

Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,

К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.

 

Гӯянд маро, ки май бихӯр камтар аз ин,

Охир ба чӣ узр барнадорӣ сар аз ин?

Узрам рухи ёру бодаи субҳдам аст,

Инсоф бидеҳ, чӣ узр равшантар аз ин?

 

Гӯянд: «Махӯр бода ба Шаъбон, на равост,

На низ Раҷаб, ки он маҳи хоси Худост.

Шаъбону Раҷаб маҳи Худоянду Расул,

Мо май Рамазон хӯрем, к-он хосаи мост.

 

 

Гӯянд, ҳар он касон, ки бопарҳезанд,

З-он сон ки бимиранд, чунон бархезанд.

Мо бо маю маъшуқа аз онем мудом,

Бошад, ки ба ҳашрамон чунон ангезанд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *