Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи В

Вақт аст, ки аз сабза ҷаҳон ороянд,

Мӯсосифатон зи шох каф бинмоянд.

Исосифатон зи хок берун оянд,

В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд.

 

Вақт аст, ки аз сабза ҷаҳон ороянд,

Мӯсосифатон зи шох каф бинмоянд.

Исосифатон зи хок берун оянд,

В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд.

 

Вақте ки тулӯи субҳи азрақ бошад,

Бояд ба кафат ҷоми мураввақ бошад.

Гӯянд, ки ҳақ талх бувад дар афвоҳ,

Бояд, ки бад-ин далел май ҳақ бошад.

 

Вақти саҳар аст, хез, эй мояи ноз,

Нармак-нармак бода хӯру чанг навоз.

К-онҳо, ки ба ҷоянд, напоянд басе,

В-онҳо, ки шуданд, кас намеояд боз.

 

Вақти саҳар аст, хез, эй турфа писар,

Пурбодаи лаъл кун булӯрин соғар.

К-ин як дами орият дар ин кунҷи фано,

Бисёр биҷӯйию наёбӣ дигар.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *