Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Б — Донишхона

Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи Б

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман.
Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
К-аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.

Бар Лавҳ нишони буданиҳо будаст,
Пайваста Қалам зи неку бад осуда-ст.
Андар тақдир ҳар чӣ боист, бидод,
Ғам хӯрдану кӯшидани мо беҳуда-ст.

Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд?
Дӣ бе ману имрӯз чу дӣ бе ману ту,
Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба довар хонанд?

Бар мафраши хок хуфтагон мебинам,
Дар зери замин нуҳуфтагон мебинам.
Чандон ки ба саҳрои адам менигарам,
Ноомадагону рафтагон мебинам.

Бар мӯҷиби ақл зиндагонӣ кардан,
Шояд кардан, вале надонӣ кардан.
Устоди ту рӯзгори чобукдаст аст,
Чандон ба сарат занад, ки донӣ кардан.

Бар пушти ман аз замона тӯ меояд,
В-аз ман ҳама кор нонаку меояд.
Ҷон азми раҳил карду гуфтам: : «Бимарав!»
Гуфто: «Чӣ кунам, хона фурӯ меояд».

*** Бар раҳгузарам ҳазор ҷо дом ниҳӣ,
Гӯйӣ кушамат агар дар ӯ гом ниҳӣ.
Як зарра зи ҳукми ту ҷаҳон холӣ нест,
Ҳукме ту куниву осиям ном ниҳӣ.

Бар санг задам дӯш сабӯи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабӯ:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ».

Бар худ дари кому орзу дарбастам,
В-аз миннати ҳар нокасу кас ворастам.
Ҷуз дӯст чу кас нест, ки гирад дастам,
Ман донаму ӯ, чунонки ҳастам, ҳастам.

Бар чархи фалак ҳеҷ касе чир нашуд,
В-аз хӯрдани одамӣ замин сер нашуд.
Мағрур бад-онӣ, ки нахӯрдаст туро,
Таъҷил макун, ҳам бихӯрад, дер нашуд.

Бар чашми ту олам арчи меороянд,
Магрой ба он ки оқилон нагроянд.
Бисёр чу ту раванду бисёр оянд,
Бирбой насиби хеш, к-ат бирбоянд.

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯйӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст

Баргир зи худ ҳисоб, агар бохабарӣ,
К-аввал ту чӣ овардиву охир чӣ барӣ.
Гӯйӣ, — нахӯрам бода, ки мебояд мурд,
Мебояд мурд, агар хӯрӣ ё нахӯрӣ.

Бартар зи сипеҳр хотирам рӯзи нахуст,
Лавҳу Қаламу биҳишту дӯзах меҷуст.
Пас гуфт маро муаллим аз рӯзи нахуст:
«Лавҳу Қаламу биҳишту дӯзах бо туст».

Бархез, буто, биёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кӯза шароб, то ба ҳам нӯш кунем,
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.

Бархез буто, ки то шаробе бихӯрем,
З-он пеш, ки аз замона тобе бихӯрем.
К-ин чархи ситезарӯй ногаҳ рӯзе,
Чандон надиҳад замон, ки обе бихӯрем.

Бархез дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.

Бархезаму азми бодаи ноб кунам,
Ранги рухи гул ба ранги унноб кунам.
Ин ақли фузулпешаро муште май,
Бар рӯй занам, чунон ки дар хоб кунам.

Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,
Хуш бошу даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи ҷаҳон агар вафое будӣ,
Навбат ба ту худ наёмадӣ аз дигарон.

Бас хуни касон, ки чархи бебок бирехт,
Бас гул, ки баромад аз гилу пок бирехт.
Бар ҳусну ҷавонӣ, эй писар, ғарра машав,
Бас ғунчаи ношукуфта бар хок бирехт.

Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст,
В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст.
Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст,
В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.

Бемораму дил дар имтиҳонам дорад,
Нохӯрдани май қасд ба ҷонам дорад.
В-ин турфа нигар, ки ҳар чӣ дар беморӣ,
Ҷуз бода хӯрам, ҳама зиёнам дорад.

Бигрифт маро маломат аз зарроқӣ,
Бархезу сабук бода биёр, эй соқӣ.
Саҷҷодаву тайласон ба май соз гарав,
То бӯ, ки шавад лофи ман андар боқӣ.

Бикшой дарам, ки даркушоянда туӣ,
Бинмой раҳам, ки раҳнамоянда туӣ.
Ман даст ба ҳеҷ дастгире надиҳам,
К-онҳо ҳама фониянду поянда туӣ.

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромадасту бар хок шуда.

Бингар, зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам, ҳеҷ,
В-аз ҳосили умр чист дар дастам, ҳеҷ.
Шамъи тарабам, вале чун биншастам, ҳеҷ,
Ман ҷоми Ҷамам, вале чу бишкастам, ҳеҷ.

Бисёр бигаштем ба гирди дару дашт,
Андар ҳама офоқ бигаштем ба гашт.
Аз кас нашунидем, ки омад з-ин роҳ,
Роҳе, ки бирафт роҳрав, бознагашт.

Бишнав зи ман, зубдаи ёрони куҳун,
Андеша макун з-ин фалаки бесару бун.
Бар гӯшаи арсаи қаноат бинишин,
Бозичаи чархро тамошо мекун.

Бо бат мегуфт моҳии дар табу тоб,
«Бошад, ки ба ҷӯйи рафта боз ояд об?»
Бат гуфт: «Чун ману ту гаштем кабоб,
Бӯ аз паси марги мо чи дарё, чи сароб!»

Бо бода нишин, ки мулки Маҳмуд ин аст,
В-аз чанг шунав, ки лаҳни Довуд ин аст.
Аз мондаву аз рафта дигар ёд макун,
Хуш бош, ки аз вуҷуд мақсуд ин аст.

Бо дард бисоз, то давое ёбӣ,
В-аз ранҷ манол, то шифое ёбӣ.
Мебош ба вақти бенавоӣ шокир,
То оқибатуламр навое ёбӣ.

Бо душману дӯст феъли неку некуст,
Бад кай кунад он, ки некияш одату хӯст.
Бо дӯст чу бад кунӣ, шавад душмани ту,
Бо душман агар нек кунӣ, гардад дӯст.

Бо ман ту ҳар он чӣ гӯйӣ, аз кин гӯйӣ,
Пайваста маро мулҳиду бедин гӯйӣ.
Ман худ муқиррам бар он чӣ ҳастам,
лекин Инсоф бидеҳ, туро расад, к-ин гӯйӣ?

Бо мардуми покбозу оқил омез,
Аз ноаҳлон ҳазор фарсанг гурез.
Гар заҳр диҳад туро хирадманд, бинӯш,
В-ар нӯш диҳад зи дасти ноаҳл, бирез.

Бо мо дирами қалб намегирад ҷуфт,
Ҷорӯб тарабхонаи мо пок бирӯфт.
Пире зи харобот бурун омаду гуфт:
«Май хӯр, ки ба умрҳот мебояд хуфт».

Бо моҳрухе бар лаби ҷӯю маю вард,
То ҳаст муяссарам, тараб хоҳам кард.
То будааму ҳастаму хоҳам будан,
Май хӯрдааму мехӯраму хоҳам хӯрд.

Бо мутрибу май ҳурсириште гар ҳаст,
Бо оби равону лаби киште гар ҳаст,
Беҳ з-ин маталаб, дӯзахи беҳуда матоб,
Ҳаққо, ки ҷуз ин нест биҳиште, гар ҳаст.

Бо нафс ҳамеша дар набардам, чӣ кунам?
В-аз кардаи хештан ба дардам, чӣ кунам?
Гирам, ки зи ман даргузаронӣ ба карам,
З-он шарм, ки дидӣ, ки чӣ кардам, чӣ кунам?

Бо раҳмати ту ман аз гунаҳ н-андешам,
Бо тӯшаи ту зи ранҷи раҳ н-андешам.
Гар лутфи туам сафедрӯ гардонад,
Як зарра зи номаи сияҳ н-андешам.

Бо сарвқаде тозатар аз хирмани гул,
Аз даст манеҳ ҷоми маю домани гул.
З-он пеш ки ногаҳ шавад аз боди аҷал,
Пероҳани умри ту чу пероҳани гул.

Бо сифлаи тундхӯю беақлу виқор,
Зинҳор, махӯр бода, ки ранҷ орад бор.
Бадмастиву шӯру арбада дар шаби айш,
Дарди сару узрхоҳияш рӯзи хумор.

Бо ту ба харобот ҳамегӯем роз,
Беҳ з-он ки ба меҳроб кунам бе ту намоз.
Эй аввалу охири халоиқ ҳама ту, Хоҳӣ,
ту маро бисӯзу хоҳӣ – бинавоз.

Бо ҳар баду нек роз натвонам гуфт,
Кӯтаҳсуханам, дароз натвонам гуфт.
Ҳоле дорам, ки шарҳ натвонам дод,
Розе дорам, ки боз натвонам гуфт.

Бо ҳукми Худо ба ҷуз ризо дар нагирифт,
Бо халқ ба ҷуз рӯю риё дар нагирифт.
Ҳар ҳила, ки дар тасаввури ақл ояд,
Кардем, валек бо қазо дар нагирифт.

Бозе будам, парида аз олами роз,
То бӯ, ки расам ман аз нишебе ба фароз.
Ин ҷо чу наёфтам касе марҳами роз,
З-он дар, ки даромадам, бурун рафтам боз.

Бутхонаву Каъба хонаи бандагӣ аст.
Ноқус задан таронаи бандагӣ аст.
Зуннору калисиёву тасбеҳу салиб
Ҳаққо, ки ҳама нишонаи бандагӣ аст.