Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи А — Донишхона

Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи А

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!

Аввал ба худам чу ошно мекардӣ,
Охир зи худам чаро ҷудо мекардӣ?
Чун тарки манат набуд аз рӯзи нахуст,
Саргашта ба оламам чаро мекардӣ?

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис, агар зи бода хӯрдӣ ҷоме,
Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши Одам.

Аз буданӣ, эй дӯст, чӣ дорӣ темор.
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам ту бизӣ, ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту кардаанд аввали кор.

Аввал ба худам чу ошно мекардӣ,
Охир зи худам чаро ҷудо мекардӣ?
Чун тарки манат набуд аз рӯзи нахуст,
Саргашта ба оламам чаро мекардӣ?

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис, агар зи бода хӯрдӣ ҷоме,
Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши Одам.

Аз воқеае туро хабар хоҳам кард
В-онро ба ду ҳарф мухтасар хоҳам кард.
Бо ишқи ту дар хок фурӯ хоҳам рафт,
Бо меҳри ту сар зи хок бар хоҳам кард.

Аз гардиши ин замонаи дунпарвар,
Бо сад ғаму дард мебарам умр ба сар.
Чун ғунча ба гулзори ҷаҳон бо дили танг,
Чун лола зи доғи даҳр бо хуни ҷигар.

Аз гардиши рӯзгор баҳра баргир,
Бар тахти тараб нишин, ба каф соғар гир.
Аз тоату маъсият Худо мустағнист,
Боре ту муроди худ зи олам баргир.

Аз дарси улум ҷумла бигрезӣ, беҳ,
В-андар сари зулфи дилбар овезӣ, беҳ.
З-он пеш, ки рӯзгор хунат резад,
Ту хуни суроҳӣ ба қадаҳ резӣ, беҳ.

Аз дафтари ишқ мекушудам фоле,
Ногоҳ зи сӯзи сина соҳибҳоле
Мегуфт: «Хушо касе, ки дар хонаи ӯ
Ёрест чу моҳе ба шабе чун соле».

Аз ман бари Мустафо расонед салом,
В-он гоҳ бигӯед ба эъзози тамом,
К-: «Эй Сайиди Ҳошимӣ, чаро дӯғи туруш,
Дар шаръ ҳалол асту майи ноб ҳаром?»

Аз ман бари Хайём расонед салом,
В-он гоҳ бигӯед, ки : «Хомӣ, Хайём,
Ман кай гуфтам, ки май ҳаром аст?
Вале Бар пухта ҳалол асту бар хом ҳаром».

Аз манзили куфр то ба дин як нафас аст,
В-аз олами шак то ба яқин як нафас аст.
Ин як нафаси азизро хуш медор,
К-аз ҳосили умри мо ҳамин як нафас аст.

Аз матбахи дунё ту ҳама дуд хӯрӣ,
То чанд ғамони буду нобуд хӯрӣ?
Дунё, ки бар аҳди ӯ зиёнест азим,
Гар тарки зиён кунӣ, ҳама суд хӯрӣ.

Аз оби адам тухми маро коштаанд,
Аз оташи ғам рӯҳи ман афроштаанд.
Саргашта чу бод дам ба дам гирди ҷаҳон,
То хоки маро зи ҷой бардоштаанд.

Аз омаданам набуд гардунро суд
В-аз рафтани ман ҷалолу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд.

Аз омадани баҳору аз рафтани дай,
Авроқи вуҷуди мо ҳамегардад тай.
Май хӯр, махӯр андӯҳ, ки гуфтаст ҳаким:
«Ғамҳои ҷаҳон чу заҳру тарёкаш май».

Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку?
Чандин сару пойи нозанинони ҷаҳон,
Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?

Аз оташи охират намедорӣ бок,
Дар оби надомат нашудӣ ҳаргиз пок.
Чун боди аҷал чароғи умрат бикушад,
Тарсам, ки туро зи нанг напзирад хок.

Аз ранҷ кашидан одамӣ ҳур гардад,
Қатра чу кашад ҳабси садаф, дур гардад.
Гар мол намонд, сар бимонд ба ҷой,
Паймона чу шуд тиҳӣ, дигар пур гардад.

Аз рафта қалам ҳеҷ дигаргун нашавад
В-аз хӯрдани ғам ба ҷуз ҷигар хун нашавад.
Гар дар ҳама умри хеш хуноба хӯрӣ,
Як қатра аз он, ки ҳаст, афзун нашавад.

Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту.
В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.

Аз Холиқи кирдгору аз Рабби раҳим,
Навмед машав ба ҷурми исёни азим.
Гар масту хароб мурда бошӣ имрӯз,
Фардо бахшад ба устухонҳои рамим.

Аз ҳарза ба ҳар даре намебояд тохт,
Бо неку бади замона мебояд сохт.
Аз тосаки чарху каъбатайни тақдир
Ҳар нақш, ки пайдо шавад, он бояд бохт.

Аз ҳар чӣ ба ҷуз май аст, кӯтоҳӣ беҳ,
Май ҳам зи кафи бутони хиргоҳӣ беҳ.
Мастиву қаландариву гумроҳӣ беҳ,
Як ҷуръаи май зи моҳ то моҳӣ беҳ.

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс,
В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс.
Ин як дами нақдро ғанимат медон,
В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки ба мо гӯяд роз?
Зинҳор, дар ин сарочаи озу ниёз,
Чизе нагузорӣ, ки намеойӣ боз.

Акнун, ки гули саодатат пурбор аст,
Дасти ту зи ҷоми май чаро бекор аст?
Май хӯр, ки замона душмане ғаддор аст,
Дарёфтани рӯзи чунин душвор аст.

Акнун, ки зи хушдилӣ ба ҷуз ном намонд,
Як ҳамдами пухта ҷуз майи хом намонд.
Дасти тараб аз соғари май бозмагир,
Имрӯз, ки дар даст ба ҷуз ҷом намонд.

Акнун, ки ҷаҳонро ба хушӣ дастрасест,
Ҳар зиндадилеро сӯйи саҳро ҳавасест.
Бар ҳар шохе тулӯи мӯсодастест,
Дар ҳар нафасе хурӯши исонафасест.

Алминнатулиллаҳ, ки маҳи рӯза бирафт,
Ҷӯъулбақару азоби сирӯза бирафт.
Қандил шикасту оби ибриқ бирехт,
Ҷуз оби рухи пиёлаву кӯза бирафт.

Андозаи умр беш аз шаст манеҳ,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳӣ, ба ҷуз маст манеҳ.
З-он пеш, ки косаи сарат кӯза кунанд,
Рав, кӯза зи дӯшу коса аз даст манеҳ.

Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

Асрори ҷаҳон чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он ваболи сари мост.
Чун нест дар ин мардуми нодон аҳле,
Натвон гуфтан, чунон ки дар хотири мост.

Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Нанҳанд ба ҷо, то нарабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.

Афсӯс, ки бефоида фарсуда шудем,
В-аз доси сипеҳри сарнагун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем,
Нобуда ба коми хеш нобуда шудем.

Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Фарёд, надонам, ки кай омад, кай шуд.

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки пурсем аз ӯ,
К-аҳволи мусофирони дунё чун шуд?

Афтод маро бо маю мастӣ коре,
Харқам ба чӣ мекунад маломат боре?
Э кош, ки ҳар ҳаром мастӣ кардӣ,
То ман ба ҷаҳон надидаме ҳушёре.

Аҷром, ки сокинони ин айвонанд,
Асбоби тараддуди хирадмандонанд.
Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ,
К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.